Хабарҳо

Тамошои аҳлонаи филми ҳуҷҷатии «Хиёнат»

ХОРУҒ, 23. 09. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/ Имрӯз, 23 сентябр бо иштироки раёсату устодон ва кормандони Донишгоҳ тамошои аҳлонаи филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» доир шуд.

Пеш оғоз, ҷонишини ректор оид ба тарбия Ниёзалӣ Қамбаров баромад намуда, оид ба вазъи имрӯзаи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои дигар, ки дар орзуи сулҳу амонии кишвар ҳастанд, ибрози андеша намуд.

Номбурда перомуни муҳиммияти филм, ифшо шудани дурӯғу найрангҳо, нақшаҳои тахрибкоронаи саркардагону роҳбарони ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ ва хоҷагони хориҷиашон маълумоти зарурӣ пешниҳод кард.

Зикр гардид, ки тамоми комёбиву дастовардҳои кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ натиҷаи заҳматҳои фидокоронаву ҷонфидоёна ва ташаббусҳои бемислу қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва феълан ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистон чун як давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, соҳибистиқлолу дунявӣ пазируфтааст.

Таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандии солҳои гузашта худ далели он аст, ки ягон давлат рақиби сиёсӣ ва ҳарифони қудратталабашро аз сангарҳои ҷанг берун оварда, зимоми давлатдориро ба онҳо насупоридааст.

Зимни тамошои филми “Хиёнат” ҳамаи устодон аз нобасомониҳои гузашта ва ҷанги таҳмилӣ, ки бар сар мардуми тоҷик аз тарафи хоҷагони манфиатҷӯ оварда шуда буд, бори дигар ба чашм худ диданд. Инчунин, фаъолияти ғарзноконаи ҲНИ, ки чандин нафарон аз фаъолияти он зиндонӣ, беватан ва ҳазорони дигар ҷон бохтанд  ва ба мардуми осоишта бадбахти оварданду ба доми фиреби онҳо гирифтор шуданд, аз наздик шинос шуданд. Аз тамошои филм устодон ба хулоса расиданд, ки минбаъд ҳам набояд зиракии сиёсиро аз даст дод ва саркардагоне, ки имрӯз дар хориҷӣ кишвар ба мисли М. Кабирӣ ва дигар ҳизбиён ҳастанд, фирефта нашаванд ва вокунишҳо алайҳи таблиғоти номуносиби онҳо ба роҳ монанд.

Дар фарҷом аз тарафи иштирокдорон пешниҳод гардид, ки филм бояд дар сатҳи факултетҳо барои донишҷӯён намоиш дода шавад ва фикру мулоизаҳои онҳо оид ба хиёнаткорону нафароне, ки дар хориҷи  кишвар ҳанӯз дар тинаташ нияти бад нисбати ин қавми тоҷик аст, иброз намоянд.

www.khogu.tj

Log in

create an account