Хабарҳо

Даври навбатии Озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ...” гузашт

ХОРУҒ, 23. 09. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/ Имрӯз, 23 сентябр дар толори хониши Донишгоҳ даври навбатии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.

Ин навбат ҳам аъзоёни комиссияи озмун доктори илмҳои филологӣ, профессор Назрӣ Офаридаев, ҷонишин ректор оид ба тарбия, н. и. ф. Ниёзалӣ Қамбаров, декани факултети филология, н.и.ф. Азатшо Насридиншоев ва мудири Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Дидоршоҳ Насриддинов истеъдоди иштирокдоронро ҳаматарафа мавриди омӯзиш қарор дода, хулосаҳои лозимиро пешниҳод намуданд.

Мавриди зикр аст, ки озмуни дар асоси низомнома ҷиҳати таъмини иҷрои мактуби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16. 03. 2020, №16/10-83 бо дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёну магистрантон, докторантони PhD ва омӯзгорони донишгоҳ, баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯёну магистрантон, докторантону омӯзгорони донишгоҳ, тарғиби китобдориву китобхонӣ ва дарёфти ғолибон барои даврҳои минбаъда гузашт.

Инчунин, озмун дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ аз рӯи номинатсияҳои аз ёд кардану хондани осори адибони классики тоҷик, осори адибони муосири тоҷик, ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик, осори адабиёти ҷаҳон ва истеъдоди шоирӣ гузаронида шуда, беҳтаринҳо ба даври вилоятӣ роҳхат меёбанд.

“Фурӯғи Маърифат”

Log in

create an account