Хабарҳо

«РЕЗАБОРОНИ БАҲОРӢ» БА НАШР РАСИД

ХОРУҒ, 23. 09. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/Дар нашриёти «ЛогосПлюс»-и шаҳри Хоруғ китоби нави маҷмӯаи ашъори омӯзгори Донишгоҳи давлтии Хоруғ Нурбибӣ Ғарибмамадова бо номи «Резаборони баҳорӣ» ба забони тоҷикӣ чоп шуд.

“Резаборони баҳорӣ” бо теъдоди 100 нусха таълиф ёфта,  он асосан аз  шеърҳои“Ваҳдат баҳори мост”, “Ватанам, баҳор омада боз”,“Тоҷикистон, Наврӯз шуд”,“Бадахшон биё, Истиқлоли мо”, “Куҷо рафтӣ, аё устод” (Ба хотираи неки устод Ширин Бунёд), “Дорам умед” ва дигар ашъори дилнишину пурмуҳтафо иборат мебошад.

Тавре муҳаррири китоб, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Кӯйбек Шарифзода дар охирсухани “Резаборони баҳорӣ” дар бораи муаллиф зикр менамояд: «Нурбибиро кайҳо боз мешиносаму бо эҷодиёташ ошно ҳастам. Номбурда дар майдони адабиёт кайҳо боз қадам монда истодааст...Шеърҳояш дар матбуоти даврӣ аз солҳои 80 – уми асри гузашта нашр мешаванд. Инак, Нурбибӣ Ғарибмамадова шеърҳояшро дар маҷмӯаи “Резаборони баҳорӣ” гирд оварда, ҳаволаи хонандагон мекунад. Мо ба ӯ фотиҳаи хайр дода, барори кор хоҳонем».

Н. Ғарибмамадова соли 1961 дар деҳаи Вужи ноҳияи Шуғнон ба дунё омада, мактаби миёнаи ҳамин деҳаро бо баҳои хубу аъло хатм намудааст. Ӯ ба адабиёт, хосса шеъру шоирӣ аз овони мактабхониаш майлу рағбат доштааст. Соли 1984 Донишгоҳи омӯзгории ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ба номи С. Айнӣ) хатм намуда, то соли 1992 дар МТМУ № 49 – и шаҳри Душанбе ба сифати омӯзгор кору фаъолият мекард. Аз соли 1992 то инҷониб мавсуф саромӯзгори факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев мебошад.

“Фурӯғи Маърифат”

Log in

create an account