Хабарҳо

Ҷаласаи навбатии ректорат ва Шурои олимон

ХОРУҒ, 15. 09. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/ Бо иштироки раёсат, олимону омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳ ҷаласаи навбатии ректорат ва Шурои олимон баргузор гардид.

Дар ҷаласа асосан масоили супоридани имтиҳоноти такрорӣ, аз курс ба курс гузаронидани муҳассилини факултетҳо, вазъи иҷрои фармоиши мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15. 07. 2016, № 2122, Низомномаи хориҷу барқарор дар факултетҳо, муҳокимаву таҳсил, давомот ва имтиҳонсупорӣ дар шуъбаи фосилавии донишгоҳ ва пешгирии паҳншавии COVID мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.

Баъдан дар Шурои олимон масъалаҳои натиҷаи имтиҳоноти қабули донишҷӯён ба шуъбаҳои рӯзонаи буҷавӣ, шартномавӣ ва ғоибонаи буҷавию шартномавӣ барои соли хониши 2020 – 2021, бо тағйироту иловаҳо тасдиқ намудани сарбории таълимии ҳайати профессорону омӯзгорон барои солҳои 2020 – 2021 ва тасдиқи ҳайати аъзоёни шуро муҳокима шуданд.

Сипас, масоили ҷорӣ ва қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

“Фурӯғи Маърифат”

Log in

create an account