Хабарҳо

Устодону кормандони Донишгоҳ қадрдонӣ шуданд

ХОРУҒ, 15. 09. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/ Дирӯз, 14 сентябр ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ, профессор Шермамад Ҷонмамадов як қатор омӯзгорону кормандони донишгоҳро бо ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ намуд.

Азҷумла, Гулмоҳ Сафдарқулова, мудири кафедраи таърихи умумӣ, Маҳбуб Раҷаббеков, мудири кафедраи филологияи англис, Далер Раҳматшоев, мудири Маркази тести ва дигар омӯзгорон барои хизмати бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи илму маорифи кишвар, саҳми арзанда гузоштан дар тарбияи насли наврас, фаъолияти шоиста дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо чунин ифтихорномаҳо мушарраф шуданд.

Инчунин, ректори ДДХ устоди донишгоҳ Саидик Нозимовро ба муносибати 70 - солагиаш табрику таҳният намуда қайд кард, ки номбурда аз ҷумлаи омӯзгоронест, ки тамоми умри пурбаракаташро ба таълиму тадрис ва тарбияи наврасону ҷавонон бахшидааст.

Феълан муассисаи таълимӣ пеш аз ҳама ба чунин омӯзгорони ҳалиму пуртаҷриба ва намунаи ибрат барои муаллимони ҷавон ниёз дошта, таҷрибаи онҳо минбаъд ҳам барои донишгоҳ чун обу ҳаво зарур аст.

«Фурӯғи Маърифат»

Log in

create an account