Хабарҳо

Истиқлолият – муқаддастарин ва бузургтарин неъмати зиндагӣ

ХОРУҒ, 8. 09. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/ Имрӯз, 8 сентябр бахшида ба 29 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳ бо иштироки устодону донишҷӯёни факулта зери унвони “Истиқлолият – муқаддастарин ва бузургтарин неъмати зиндагӣ” конференсияи илмӣ – амалӣ баргузор гардид.

Нахуст, Лола Назархудоева, декани факултет ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Истиқлолият табрику шодбош намуда, барои фаъолияту таҳсил ва таҳкими донишандӯзӣ дар фазои соҳибистиқлолӣ ба ҳозирин барору комёбиҳои навро орзу кард.

Номбурда қайд намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ неъмати бебаҳо, волотарину пурарзиштарин ганҷи давлату миллати тоҷдори тоҷикон аст ва он бояд аз ҳар ҷиҳат гиромӣ дошта шавад.

Роҳбари маҳфили “Таърихчиёни ҷавон”, муаллими калони кафедраи таърихи умумӣ ва масъули чорабинӣ Гулшер Дилдоров гуфт, ки баъди солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои зиёди дунё муносибатҳои дипломатиро барқарор карда, вазъи иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва сиёсии кишвар давра ба давра беҳбуд ёфт.

Гулғунча Мирзоева, донишҷӯи курси 4 – и бахши таърих ва ҳуқуқи факулта дар мавзӯи “Истиқлолияти давлатӣ ва ташаккули институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мисоли ВМКБ” маърӯза намуда иброз дошт, ки Истиқлолияти давлатӣ омили рушду нумӯи ҳаматарафаи озодонаи инсон буда, тагягоҳу ҳастии миллат аст.

Имрўз Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати ҷаҳонӣ ҷойгоҳи мустақили худро пайдо намуда, доираи муносибату ҳамкориҳои тарафайни он сол то сол устувортар мегардад.

Алҳол бо шарофати  роҳандозии чунин сиёсат давлати мо дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвари сулҳдўсту инсонпарвар, пайрави арзишҳои демократӣ, тарафдори ҳамкориву рушд, ҳамкориҳои бисёрҷониба ва сиёсати “дарҳои кушод”шинохта шудааст.

Донишҷӯи курси 3 – и факулта Суханоро Мансурова дар маърӯзаи худ “Донишгоҳи давлатии Хоруғ зодаи Истиқлолият аст” қайд намуд, ки воқеан дар таърихи ҳар миллат шахсоне ҳастанд, ки аз аввал фаъолияту меҳнат, муносибат ва ҳастиву тақдири худро барои давлату миллат бахшида, ин гуна ашхос ҳамчун машъали фурӯзон барои халқаш раҳнамое мегарданд. Таърих  гувоҳӣ медиҳад, ки ашхоси зиёд буданд ва ҳастанд, ки дар пешбурди ҳаёти ҷамъиятӣ ҳиссаи муҳим гузоштаанду мегузоранд. Бузургии ин зумраи одамон дар он аст, ки онҳо  пеш аз ҳама  манфиати оммаро  дар мадди  назар мегиранд ва баҳри ҳимояи он кӯшишҳои зиёде ба харҷ медиҳанд. Аз ин хотир, ин гурӯҳи одамон бо мурури замон сазовори  эҳтироми омма гашта, номбардорони миллати хеш мешаванд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паваста таъкид мекунанд, ки «Зиёиён воқеан хазинаи  тиллоии  миллат, гули сари  сабади  ҷомеа ва чароғи  мардуми Тоҷикистон мебошанд». Омӯзиши  эҷодиёту фаъолияти  омӯзгорони  соҳибтаҷрибаву варзида, олимону аҳли эҷоду фарҳанг, таърихи гузашта  бо мақсади  рушду нумӯи  Ватан, пешрафт ва ташаккули худшиносӣ дар марҳилаи  ҳозира  амр зарурӣ ва воқеӣ мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки фарзандони кӯҳистони Бадахшон низ дар поягузории  кохи  мӯҳташами фарҳанги миллӣ, барафрохтани  чароғи донишу маърифат бо мақсади  рушду  нумӯи  кишвар  саҳми  арзандаи хешро  гузоштаанд. Яке аз чунин фарзандони  фарзонаи  миллат олим, ходими давлатию ҷамъиятӣ, доктори илмҳои таърих академик М. Назаршоев мебошад.

Донишҷӯёни курси 4 – и факута Паймора Муродбекова ва Сайраҳмонова Пареза дар мавзӯи “Сохтмони роҳҳои мошингарди аҳамияти байналмилаливу минтақавӣ ва ҷумҳуриявию маҳаллӣ” баромад карда, зикр доштанд, ки бунёди роҳу пулҳо ва дигар иншооти ҳаётан муҳим аз шаҳду баракати соҳибистиқлолӣ буда, ҳамаи мо масъулем, ки ин ганҷи бебаҳоро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Дар фарҷоми чорабинӣ миёни ҳозирин табодули афкор сурат гирифт.

“Фурӯғи Маърифат”

Log in

create an account