Хабарҳо

ТАМОШОИ АҲЛОНАИ СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РӮЗИ ДОНИШ

ХОРУҒ, 17. 08. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/ Имрӯз, 17 август дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бо иштироки ректори Донишгоҳ, профессор Шермамад Ҷонмамадов, муовинони ректору деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраву устодон ва донишҷӯёни ДДХ тамошои аҳлонаи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш доир гашт.

Ба таъкиди Пешвои миллат Соли таҳсили имсола бо сабаби пандемияи коронавирус пештар оғоз гардид.

Бинобар хуруҷи бемории мазкур бо мақсади ҳимояи саломатии хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони соҳаи илму маориф бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ соли таҳсил барвақт қатъ гардид ва муҳлати таътил низ дароз карда шуд. Дар натиҷаи саъю талоши Ҳукумати мамлакат ва заҳмати фидокоронаи кормандони соҳаи тандурустӣ шиддати беморӣ хеле паст шуд ва имрӯз дари ҳамаи муассисаҳои таълимӣ барои таълимгирандагон боз гардид. Дар натиҷаи роҳандозӣ намудани чунин тадбир, яъне таътили тӯлонӣ мо тавонистем, ки саломатии наврасону ҷавонон ва устодони онҳоро аз ин беморӣ эмин дорем. Соли нави таҳсил тибқи анъана бо дарси сулҳ оғоз мегардад. Воқеан, сулҳ неъмати бебаҳо буда, хусусан, барои сокинони Тоҷикистон арзиши бузург дорад. Зеро мардуми мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва бо таҳаммул кардани машаққату маҳрумиятҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст овардан. Насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз сабақи гузашта омӯзанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар кишвар талош намуда, дар ҳифзу устувории давлатдории миллӣ саҳми бевоситаи хешро гузоранд. Яъне рисолати аслии устодону омӯзгорон ва падару модарон дар ин самт аз он иборат аст, ки ба насли наврас ва ҷавонони имрӯза таърихи фоҷиабор ва таҷрибаи талхи миллатро омӯзонанд ва онҳоро барои ҳифзу пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам мустаҳкам намудани давлати озоду соҳибистиқлоламон омода созанд. Зеро сулҳу оромӣ шарти муҳимтарини устуворӣ ва пойдории давлат, осоиши ҷомеа ва амалӣ шудани нияту орзуҳои ҳар як фард мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Пешвои миллат таъкид намуданд, ки мо бояд ба қадри сулҳу оромӣ расем ва аҳаммияти онро дар миёни аҳли ҷомеа, алалхусус, ба наврасону ҷавонон боз ҳам бештар тарғиб намоем.Зеро дар дунёи пурҳаводису ноороми имрӯза бар асари ҷангу низоъҳо, гуруснагиву фақр ва паҳншавии ҳар гуна бемориҳо садҳо ҳазор кӯдакон имкони ба мактаб рафтану савод омӯхтан надоранд ва ҳазорон нафари дигар ба ҳалокат мерасанд.

Баъди аҳлона тамошо кардани суханронӣ Ш. Ҷонмамадов аз устодону муҳассилини донишгоҳ даъват ба амал овард, ки ҳамаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиро сармашқи ҳаёти худ қарор дода, минбаъд бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсил, истифода аз илми муосир, донишандӯзӣ ва ба камол расонидани мутахассисони баландихтисос тамоми талошҳоро ба кор баранд.

www.khogu.tj

Log in

create an account