Хабарҳо

РӮЗИ ШАШУМ: Рафти курсҳои омӯзишӣ, кору фаъолият дар Мактаби тобистонаи омӯзгорону профессорон

ХОРУҒ, 25. 07. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/ Дар раванди курсҳои омӯзишӣ, кору фаъолият дар Мактаби тобистонаи омӯзгорону профессорони факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев дар деҳаи Ҷелондеҳ корҳои муайян роҳандозӣ гаштанд.

Барои дар сатҳи меъёрӣ ба фаъолият оғоз намудани гармхонаи Донишгоҳ, ки дар доираи Барномаи грантии “Рушди маълумоти олӣ дар Тоҷикистон” ва Лоиҳаи «Ҷорӣ намудани инноватсия дар системаи хизматрасонии таълимии Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар асоси талаботҳои муосири бозори меҳнат» рӯи кор омад, натанҳо ёрии илмӣ – методии устодон, балки кӯмаки амалии онҳо баҳри ҳар чӣ тезтар ба кор андохтани гармхона равона шудааст.

Гармхонаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва шиносоӣ бо кори он

Яке аз ҳадафҳои Барномаи грантии  “Рушди маълумоти олӣ дар Тоҷикстон» ва лоиҳаи болозикр, ин ташкил намудани бошишгоҳи экологӣ дар деҳаи Ҷелондӣ ва самаранок ба роҳ гузоштани фаъолияти он аст.

Дар бошишгоҳ мазкур дар оянда имконияти гузаштани таҷрибаомӯзии таълимӣ ва саҳроиро нафақат барои донишҷӯёну магистрантҳо, кормандони илмии ДДХ, балки дигар донишгоҳҳою пажӯҳишгоҳҳои ҷумҳурӣ ҳам имконият фароҳам оварда мешавад.

Бо мақсади аз худ намудани таҷрибаи корӣ иштирокдорони Мактаби тобистона аз раванди фаъолияти Маркази метеорологии Пажуҳишгоҳи биологии Помири Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Ҷелондӣ боздид ба амал оварда, бо фаъолияти он аз наздик шинос гардиданд. Инчунин иштирокдорон бо кори яке аз марказҳои метеорологии баландкӯҳи ҷаҳон дар деҳаи Булункули ноҳияи Мурғоб, ки нуқтаи аз ҳама хунуктарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ошно гаштанд.

Метеостансияҳои Ҷелондӣ ва Булункул

 Дар раванди гузаштани курсҳои омузишии Мактаби тобистонаи омӯзгорону профессорони факултети биология барои дар сатҳи меъёрӣ ба фаъолият оғоз намудани фаъолияти гармхона ва баланд бардоштани самаранокии он, ки дар доираи барнома таъсис дода шудааст, бо фаъолияти кории гармхонаи шодравон Саидмир Шомансуров шинос гардиданд.

Мавриди қайд аст, ки шодравон Саидмир Шомансуров яке аз олимони маъруфи соҳаи биология, доктори илмҳои биология, профессор буда,дар раванди гармхонасозӣ дар базаи обҳои геотермалӣ таҷрибаи бебаҳо дошт ва маҳз бо ташаббуси ин олим дар Бадахшон гармхонаҳо дар базаи обҳои геотермалӣ рушд намуданд.

Инчунин, устодон аз дигар гармхонаҳо, ки дар шароити қаҳратуни деҳаи Булункули Помири Шарқӣ бо ташаббуси директори Маркази байналмилалии технологияҳои инноватсионии устувор Артур Худоназаров сохта шуданд, дидан карда, бо кори он шиносоӣ пайдо намуданд.

Гармхонаи Булункул

 

Log in

create an account