Хабарҳо

Нишасти матбуотӣ бо ректори ДДХ

Мувофиқи нақшаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.07.2020  ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ оид ба ташкил ва гузаронидани нишасти матбуотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар масъалаи ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2020 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП-1729, таърихи 21.07.2020 дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо иштироки намояндагони воситаи ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҷонмамадов Шермамад ҳисобот дода, қайд намуд, ки Донишгоҳ фаъолияти худро дар асоси  дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлисӣ Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовара ва фармонҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша чорабиниҳои ММҲД-и ВМКБ ба роҳ монда, корҳои зиёдеро амалӣ намуд.

Ҳоло Донишгоҳ дорои ҳашт факултет: математика, биология, забонҳои хориҷӣ, илмҳои табиӣ, таърих ва ҳуқуқ,  филологияи тоҷик, иқтисод,  педагогӣ ва 20 кафедра  буда, дар шуъбаи  рӯзона аз руи 58 ихтисос – 34  ихтисоси омӯзгори ва 24 ихтисос соҳавӣ донишҷўёнро ба таҳсил фаро гирифтааст. Дар шуъбаи ғоибона аз руйи 17  ихтисос, 8  ихтисос омӯзгорӣ  ва 9 ихтисос мутахассисони дорои маълумоти олии зинаи бакалавр, мутахассис ва магистр тайёр карда истодааст.  

Дар 20 кафедраи донишгоҳ  337 нафар устодон ба фаъолияти  омўзгорӣ ва илмӣ  машғул мебошанд, ки аз онҳо 12  нафар доктори илм, 53 нафар номзади илм, 120 нафар муаллимони калон ва 152 нафар ассистент  мебошанд.   Аз ин шумора  1 нафар Узви вобастаи Академияи  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дорандаи медали ба номи Академик Н.И.Вавилови Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Россия дар соҳаи генетика ва селексияи растаниҳо,  2 нафар дорандагони Ҷоизаи Президентӣ дар соҳаи маориф, 2 нафар барандаи Ҷоизаи ҷавонон ба номи Исмоили Сомонӣ,  53 нафар Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  7 нафар Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,  2 нафар узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон кору фаъолият  намуда, 13 нафар устодони донишгоҳ бо мукофотҳои гуногуни давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Дар донишгоҳ инчунин аз рӯи зинаи таҳсилоти магистратура 117 нафар, зинаи аспрантура се нафар ва доктор РhD 8- нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Қабули довталабон ба донишгоҳ тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон сурат гирифта имсол донишгоҳро 4654 нафар интихоб намудаанд.

Хушбахтона, имсол 4 ихтисои нав аз қабили Таърих,(ихтисоси иловагӣ таърихи дин), География (ихтисоси иловагӣ асосҳои иқтисодиёт), Технология (меҳнати техникӣ ва нақшакашӣ), Забон ва адабиёти тоҷик (ихтисоси иловагӣ маърифати оиладорӣ) кушода шуданд, ки довталабони зиёд инҳоро интихоб намуданд. 

Донишгоҳро дар соли таҳсили 2019-2020 1000  нафар хатм намуданд, ки аз онҳо 676 нафар шўъбаи рўзона,  аз ҷумла 96 нафар тариқи Квотаи Президентӣ, 271 нафар шўъбаи ғоибона ва 53 нафар   магистр  мебошанд.

Фаъолияти илмии олимону устодони донишгоҳ дар шаш моҳи соли 2020 низ пурсамар буда  1 нафар омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷик Мирзоашрафов Пайрав рисолаи номзадиро аз рўи ихтисоси таърихи Ватанӣ дар ш. Душанбе  бо муваффақият дифоъ намуданд. 4 нафар рисолаҳои худро барои дифоъ намудан  ба Шўроҳои диссертатсионии кишвар пешниҳод карданд. Нишондодҳои натиҷаи корҳои илмӣ- тадқиқотӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар шаш моҳи аввали соли 2020  246  маърузаи илмӣ  дар конференсия апрелии донишгоҳ, 36 мақолаи илмӣ, ки дар маҷаллаҳои илмии кишвар  ва берун аз он нашр гардидаанд, ташкил  медиҳад.

Дар шаш моҳи соли 2020 дар донишгоҳ   21 - сӯҳбату   вохуриҳо, 7- чорабинии фарҳангӣ- маърифатӣ, 30 - барномаи телевизионӣ ва 6- мизи мудаввар ташкил ва баргузор  гардиданд.

Бо эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи  омӯзиш ва рушди  фанҳои  табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раёсати донишгоҳ нақша чорабиниҳоро оиди боз ҳам  беҳтар ба роҳ мондани  омузиши  илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ  таҳия намуда пойгоҳи моддӣ-техникии донишгоҳро таҳким мебахшад.  Айни ҳол дар донишгоҳ 4 синфхонаи компютерӣ, 2 маркази иноватсионӣ, 1 маркази Ҳиндустон ва як кабинети лингофонӣ, 4 лабораторияҳои таълимӣ,  бо 381 адад компютер, 106 адад принтер, 13 адад тахтаи электронӣ, 3 адад нусхабардор, 12 адад сканер, 26 проектор ва барномаи MyTest X-pro барои тақсимбандии саволномаҳои тестӣ бо ҳамаи таҷҳизоти корӣ дар хизмати устодону донишҷӯён қарор доранд.  Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев бо Институти  геологии ш. Москва дар доираи лоҳияи «Баланд бардоштани  сифати таълим дар соҳаи геология» созишномаро ба имзо расонид, ки  мувофиқи он 4 лаболаторияи дигари  инноватсионӣ дар факултети илмҳои табиӣ  бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳаз гардонида шуданд.          

Вобаста ба ин барои донишомӯзии муҳасилин дар донишгоҳ айни ҳол китобхонаи илмӣ ва китобхонаи электронӣ фаъолият менамоянд, ки дар  тарбияи мутахассисони соҳибунвон нақши ҳалкунанда мебозанд. Фонди умумии китобхонаи донишгоҳро зиёда аз 93156 нусха адабиёт ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 21022 нусха китобҳои методӣ, 52190  нусха китобҳои тахассусӣ, 19944 нусха китобҳои бадеӣ иборат мебошад. Дар китобхонаи электронии донишгоҳ бошад зиёда аз 130 ҳазор нусха китобҳо ҷамъ оварда шудааст, ки  барои хизмат расонидан  ба хонандагон 10 ҷои нишаст муайё шудааст.  Айни ҳол барои хизматрасонӣ ба хонандагон 10 адад компютер насб карда шудааст, ки 8 тои онҳо ба шабакаи интернет пайваст карда шуда, омодаи кор ва хизматрасонӣ мебошанд.

Донишгоҳ дорои ду бинои хобгоҳи замонавӣ буда дар соли таҳсили  2019-2020 403 нафар донишҷў дар он истиқомат мекарданд, ки аз ин шумора 154 нафар духтар, 249 нафар писар ва 100 нафар тариқи Квотаи Президентӣ  мебошанд.

 Донишҷўёни фаъол пайваста дастгирӣ ёфта  бо стипендия таъмин карда мешаванд. Аз ҷумла гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли  таҳсили 2019-2020 се нафар, стипендияи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ  як нафар, стипендияи «Дўстӣ» аз ҳисоби фонди «Ман Тоҷикистонро дўст медорам»-и ҶДММ «Хуаксин-Ғаюр-семент» ду нафар, стипендия аз ҳисоби фонди Оғохон панҷ нафарро ташкил медиҳанд.

Бо мақсади тайёр намудани мутахассисони касбӣ, илмӣ мутобиқи   талаботи муосири ҷаҳонӣ Донишгоҳ бо муассисаҳои таълимӣ илмии ватанӣ ва байналмилалӣ робитаи зич дорад. Донишгоҳ аз рўи барномаи Эрасмус плюс бо 5 лоиҳа: «MIND - Рушди навовариҳои идоракунии донишҷўён бо роҳи омўзиши онҳо дар марказҳои махсус ташкилкардашуда, тавассути гузаронидани тренингҳо ва курсҳои омўзишӣ» ва «TACES – Гузаронидани тадқиқотҳои байнифаннии (трансдисциплинарные) аврупоӣ дар Тоҷикистон», барномаи Эрасмус Мундус лоиҳаи gSmart “Геоинформатика и пространственные науки”, Лоиҳаи  (HiEdTec)  “Модернизатсиякунонии системаи мактабҳои олӣ дар Осиёи Миёна бо истифодаи техника ва технологияи муосир. ва Лоиҳаи (UNICAC) “University Cooperation for Knowledge Transfer in Central Asia and China”  кор карда истодааст.

Баъди баромади ректори донишгоҳ намояндагони ВАО саволҳои худро пешниҳод намуданд.

  1. Имомназаров Машҳур- хабарнигори минтақавии рўзномаи “Садои мардум” оиди таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзгорони фанҳои дақиқ аз ҳисоби хатмкунандагони донишгоҳ дар кадом сатҳ қарор дорад, савол пешниҳод намуданд.
  2. Ҷанобилшоев Саъдоншо – рўзноманигори рўзномаи “Бадахшон” дар хусуси теъдоди хатмкунандагони донишгоҳ дар соли таҳсили 2019-2020 ва бо ҷои кор таъмин намудани онҳо пурсиш карданд. 
  3. Мародасенова Маърифат рўзноманигори рўзномаи “Оинаи зиндагӣ” саволҳои худро ба тариқи зайл пешниҳод намуд:

а)Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев  оиди пешгирии паҳншавии бемории сироятии Короновирус (COVID-19) кадом  чорабиниҳо гузаронида шуда, нисбати  гирифторони ин беморӣ кадом имтиёзҳо муқаррар гардида буданд.

б) Кадом дастовардҳо дар ҷодаи илмҳои дақиқ имрӯз дар донишгоҳ ба даст оварда шуданд.

  1. Хуҷаназарова Маҳина – рўзноманигори радиои Бадахшон дар хусуси ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев бо дигар муассисаҳои олии кишвар ва муносибатҳои байналмилалии он савол карданд.
  2. Ғолиб Ниятбеков – корманди бахши иттилоотӣ таҳлилии дастгоҳи раиси ВМКБ оиди қабули довталабон ба донишгоҳ ва омадагӣ ба соли нави хониш саволҳои худро пешниҳод намуданд.
  3. Давлатназарова Шоира – рўзноманигори телевизиони Бадахшон аз натиҷаи гузаронидани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ...” ва “Тоҷикистон Ватани азизи ман”  дар донишгоҳ савол намуданд. 

Аз тарафи Раёсати донишгоҳ масъалаҳои мазкур мавриди андешаронӣ қарор гирифта, ба пурсишҳои намояндагони ВАО ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуданд.

Насим Саидраҳмонов, ёвари ректори ДДХ

Log in

create an account