Хабарҳо

РАФТИ БАРГУЗОРИИ КУРСҲОИ ОМӮЗИШИИ МАКТАБИ ТОБИСТОНА:I.Тозакунии ҳавзу ҷӯйборҳо ва поку озода нигоҳ доштани табиати Ҷелондӣ

ХОРУҒ, 23. 07. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/ Тавре зикр намудем, шурӯъ аз 20 июл то моҳи августи соли равон дар мавзеи Ҷелондеҳи ноҳияи Шуғнон бо иштироки омӯзгорону профессорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев Мактаби тобистона кушода шуд.

Ҳоло дар ҷараёни курсҳои омӯзишии мактаб, ки дар доираи Барномаи грантии «Рушди маълумоти олӣ дар Тоҷикистон» ва Лоиҳаи «Ҷорӣ намудани инноватсия дар системаи хизматрасонии таълимии Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар асоси талаботҳои муосири бозори меҳнат» амалӣ мешавад, омӯзгорону профессорони факултети биологияи Донишгоҳ ба маъракаи тозакунии ҳавзу ҷӯйборҳо, поку озода нигоҳ доштани табиати Ҷелондӣ аз ҳар гуна ахлотҳо иқдом намуданд.

Ҳамзамон, ба масъулину сокинони деҳаи болозикр аз тарафи устодони ДДХ оид ба тозаю озода нигоҳ доштани ин макони курортӣ, зарурати ташкил намудани патовгоҳҳои махсус маслиҳатҳои муфид пешниҳод гардид.

Log in

create an account