Хабарҳо

МАКТАБИ ТОБИСТОНАИ ДДХ БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД

ХОРУҒ, 22. 07. 2020 /ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХОРУҒ/ Аз 20 июл то 2 августи соли 2020 дар деҳаи Ҷелондии ноҳияи Шуғнон дар базаи санаторияи Сарез барои устодони факултети биологияи Донишгоҳи давлатии Хоруғ (ДДХ) ба номи Моёншо Назаршоев Мактаби тобистона кушода гардид. Он бо ташаббуси роҳбарияти ДДХ дар доираи барномаи грантии “Рушди маълумоти олӣ дар Тоҷикистон”, ки аз тарафи Бонки умумиҷаҳониву Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад, ташкил гашт.

Мавриди зикр аст, ки соли гузашта ДДХ дар доираи барномаи болозикр лоиҳаи «Ҷорӣ намудани инноватсия дар системаи хизматрасонии таълимии Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар асоси талаботҳои муосири бозори меҳнат»-ро дарёфт намуд.

Лоиҳаи пешниҳодшуда бевосита бо Барномаи рушди стратегии донишгоҳ, аз чумла: Банди II-8 ( Ташкил ва ҷиҳозонидани лабораторияҳои илмӣ ва таълимӣ);  II-9 ( Такмил додани барномаҳои таълимӣ дар асоси Стандартҳои давлатии таълимӣ); IV- 12 (Ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии байналхалқӣ ва лоиҳаҳои байналхалқӣ бо мақсади баланд бардоштани сифати маълумот); V- 5 (Равнақ додани ҳамкори бо донишгоҳҳои боэътибори ватанӣ ва хориҷӣ); VI- 7 (Такмил додани базаи моддию техникии донишгоҳ).

Нақши махсусро дар амалигардонии самтҳои стратегии ДДХ иҷро мекунад: рушди инфросохтор ва базаи моддию техникии донишгоҳ; муайянкунии системаи идоракунӣ ва баланд бардоштани сифати раванди таълим дар донишгоҳ. Лоиҳаи пешниҳодгардида маҳз барои амалигардонӣ ва ҳалли самараноки мушкилоти дар боло қайдгардида равон карда шудааст.

Сатҳи муосири рушди илм, техника, технология, муносибатҳои ҷамъиятӣ ба таври назаррас аз сатҳи омода намудани мутахассисон дар мактаби олӣ пеш гузаштаанд, ки ин вобастагии суръати инкишофи ҷамъиятро аз сатҳу фарогирии маълумоти олии касбӣ зиёд менамояд ва ҷустуҷўи шакл, усулҳои нави ҷорӣ намудани равандҳои таълимро талаб мкунад.  

Аммо раванди таълим аз руи хусусиятҳои хоси худ, аз ҷумла инерсионӣ, вақт ва хароҷоти зиёдро барои коркарди маводҳои таълимӣ, илмӣ, методӣ, дидактикӣ талаб менамояд ва омодасозии муосир, такмили ихтисоси мутахассисони баландихтисос дар айни ҳол ба талаботи замон рост намеояд.

Муҳиммияти махсуси масъалаи мазкур асосан ба фанҳои экологӣ рабт дорад. Самаранокӣ ва устувории идоракунии сарватҳои табиии минтақаҳои кўҳӣ муҳиммияти худро барои ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва инчунин ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зисти ин субминтақа ва берун аз  он нигоҳ медорад. Механизмҳои институсионалӣ ва ҳуқуқии идоракунии захираҳои табиӣ, ки дар аввалҳои солҳо навадум пешбинӣ шудаанд, бо душвориҳо дар танзими мухолифатҳои сарзада дучор мешаванд.

Ҳамаи ин дар манзари ташкили нокифояи идоракунии самараноки захираҳои обӣ, замин, назорати суст аз болои истифодабариву ҳифзи онҳо, равандҳои биёбоншавӣ, хушкшавии кулҳои кўҳӣ, таназзули ареалҳои набототу ҳайвонот ва тамоми экосистемаи кўҳро дар маҷмўъ хеле метезонад, ки ин дар навбати худ вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ - сиёсиро дар минтақа тезу тунд менамояд. Ҳамаи ин мушкилот бевосита ба аҳолии маҳаллӣ таъсири манфӣ мерасонанд ва муҳимтар аз ҳама онҳо аз нуқтаи назари стратегӣ дар барномаҳои таълимӣ-методӣ пешбинӣ нашудаанд.

Дар алоқамандӣ бо ин зарурати қатъии навкунии барномаҳо, омодасозӣ, такмили дониши ҳайати профессорону омўзгорон дар асоси мушкилоти экологии маҳал ва талаботи бозори меҳнат ба миён меояд.

Дар асоси натиҷаҳои тадқиқот гурўҳи омўзгорон ва донишҷўёни факултети биология, инчунин ташкилотҳои ҳифзи муҳити зисти ВМКБ (ҳамагӣ 480 донишҷўён ва хатмкунандагони факултет ва 26 нафар кормандони ҳифзи муҳити зисти ВМКБ) маълум гардид, ки 95 фисади пурсидашудагон ба азнавкунии системаи таълимӣ ниёз доранд. 66  фоизи онҳо пешниҳод намуданд, ки дар назди донишгоҳ бояд парки технологӣ ташкил гардаду фаъолияти он босамар роҳандозӣ шавад. Инчунин 83 дарсади пурсидашудагон ниёз ба он доранд, ки дар назди донишгоҳ озмоишгоҳҳои махсус барои назорати доимии камбудиҳои экологӣ таъсис дода шаванду дар якҷоягӣ бо мақомотҳои дахлдор барои барҳам додани камбудиҳо чораҷўӣ намоянд; 72 фисади пурсидашудагон бошад масъалаи тайёр кардан  технологияи самараноки устувори истифодабарии захираҳои табиӣ, аз ҷумла чашмаҳои геотермалии Помирро пешниҳод намуданд.

Бо назардошти таҳлили вазият дар ВМКБ ва тадқиқотҳои гузаронидашуда компанентҳои калидии амаликунии лоиҳа нишон дода шуданд.

Ҳадафи асосии лоиҳа -  мусоидат барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, ноил шудан ба сатҳи баланди омодасозии донишҷўён ва баланд бардоштани муҳимияти он барои бозори меҳнат тариқи ҷорӣ намудани инноватсия дар раванди таълими Донишгоҳи давлатии Хоруғ аз рўи фанни «экологияи минтақавӣ (барои минтақаҳои кўҳии Осиёи марказӣ)»; Ҷузъҳои асосии лоиҳа, ки ҳадафи ҳар як ҷузъиёт, фаъолияти пешбинигардида ва буҷетҳои арзёбишударо тасвир менамояд. Ин фасли мазкур инчунин метавонад гуруҳҳои мақсаднокро ба тариқи зайл пешниҳод кунад:

  1. Барпо намудани шароити муносиби таълими назариявӣ ва амалӣ (озмоишгоҳҳои муосир, таҷҳизот, майдончаҳои таълимии таҷрибавӣ, бошишгоҳи таълимӣ ва дар раванди таълим ҷорӣ намудани технологияи системаи геоинформатсионӣ барои гузаронидани дарсҳои назариявӣ ва амалӣ аз рўи фанни экологияи минтақавӣ;
  2. Кор карда баромадани барномаи таълимӣ, модулҳои таълимӣ, брошюраҳо ва тавсияҳо аз рўи фанни экологияи минтақавӣ (барои минтақаҳои кўҳии Осиёи Марказӣ)» мутобиқи стандартҳо ва талаботҳои бозори меҳнат;
  3. Кор карда баромадани механизми самараноки дар раванди таълим ҷорӣ намудани методология ва технологияи таълими фанни экологияи минтақавӣ бо истифода аз технологияи системаи геоинформатсионӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии батартибдарорӣ, нигоҳдорӣ, таҳлил, тағйир додан, инъикос ва паҳнкунии нишондиҳандаҳои экологии фазоию мутобиқатӣ;
  4. Презентатсия ва муҳокимаи барномаи фаъолият оид ба амалигардонии лоиҳа, механизми ба роҳ мондани кори бошишгоҳҳои таълимӣ - саҳроӣ, кори гармхонҳо бо истифода аз чашмаҳои геотермалӣ, шиносоӣ бо методология ва технологияи кори системаи геоинформатсионӣ, инчунин иваз намудани таҷриба, ғоя ва усули кор карда баромадани нақшаҳои таълимӣ;
  5. Ташкил намудани сафарии хизматии ду нафар кормандон ба Донишгоҳи Залсбурги (Австрия), Институти химия ва технологияи химиявии АИМ Ҷумҳурии Қирғизистон ва Донишгоҳи агротехникии Қазоқистон ба номи Сакен Сайфулин;
  6. Ташкил ва ҷиҳозонидани бошишгоҳи навтарини таҷрибавӣ дар ҳудуди мавзеи Ҷелондеҳ ҳамчун база барои гузаронидани таҷрибаомўзиҳои таълимӣ - саҳроӣ ва тадқиқоти таҷрибавии саҳроии ҳайати омўзгорон ва донишҷўёни зинаҳои бакалавр ва магистри факултети биология;

7.Ҷиҳозонидани озмоишгоҳи махсусгардонидашудаи экологияи таҷрибавӣ барои гузаронидани корҳои амалӣ, тадқиқоти таҷрибавии ҳайати омўзгорон ва донишҷўёни факултети биология;

  1. Ҷиҳозонидани гармхонаҳо дар бошишгоҳи таълимӣ дар заминаи обҳои геотермалӣ (дар баландии 3600 метр аз сатҳи баҳр) бо мақсади ташкил намудани парки технологии Донишгоҳи давлатии Хоруғ;
  2. Ҷалб намудани мутахассисон ва экспертҳо аз ташкилотҳои ҳамроҳ: аврупоӣ (2 нафар) ва аз донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ (3 нафар аз Институти химия ва технологияи химиявии АИМ Ҷумҳурии Қирғизистон ва 3 нафар аз Донишгоҳи агротехникии Қазоқистон ба номи Сакен Сайфулин) барои гузаронидани курсҳо, семинарҳо ва тренингҳо бо омўзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ, бакалаврҳо ва магистранҳои факултети биологияи донишгоҳ:
  3. Омода намудани ҳуҷҷатҳо барои гузаштани аккредитатсияи байналхалқии барномаи ихтисоси додашуда;
  4. Гузаронидани конференсияи байналхалқӣ дар мавзўъи «Нақши системаи маълумот дар ҳалли самараноки мушкилотҳои ҳифз ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиии Помир» дар ДДХ бо ҷалби мутахассисон ва эксперҳои ташкилотҳои ҳамкор: аврупоӣ (2 нафар) ва аз донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ (3 нафар аз Институти химия ва технологияи химиявии АИМ Ҷумҳурии Қирғизистон ва 3 нафар аз Донишгоҳи агротехникии Қазоқистон ба номи Сакен Сайфулин) (дар охири барнома, 28 - 30 августи соли 2021 дар шаҳри Хоруғ)

Барои амалигардонии лоиҳа ҳайати омўзгорон ва донишҷўёни факултети биология ва факултети илмҳои табиӣ, инчунин экспертҳою мутахассисони  донишгоҳҳо ва муассисаҳо дар асоси ҳамкорӣ ва шартномаҳо ҷалб карда мешаванд. Давоми фаъолияти Мактаби тобистона, ки барои 20 нафар устодони факултети биология пешбинӣ шудааст, курсҳои махсуси омузишӣ бо ҷалби олимони соҳа аз донишгоҳҳои шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд. Баъди гузаронидани курсҳои устодон соҳиби шаҳодатномаи касбӣ мегарданд.

Log in

create an account