Мақолаҳо

НОВЫЕ БАСМАЧИ ВЫВЕЛИ ТОЛПУ НА УЛИЦЫ ХОРОГА Featured

Два дня подряд взвинченная толпа под стенами горсовета Хорога требует убрать милицейские посты и разблокировать Горный Бадахшан.

Накануне группа молодежи напала на милицейский пост в центре города. В ответ офицер открыл стрельбу из травматического оружия и ранил трех человек.  Инцидент послужил спусковым крючком для массового недовольства.

Муфаcсал...

ТАРБИЯИ ҶАВОНОН БЕҲБУДӢ МЕХОҲАД

Боиси ифтихор аст, ки вақтҳои охир масъалаи риояи қонуният ва таъмини тартиботи ҷамъятӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба чаҳорчӯбаи муайян даромада,  ба туфайли мақомоти дахлдор минбаъд ҳам беҳтар хоҳад гашт.

Лекин бояд гуфт, ки риояи қонунияту тартибот аз худи шаҳрвандон сарчашма гирифта, дар таҳкими он набояд нафаре бетараф бошад.

Имрӯзҳо ба мушоҳида мерасад, ки гарчанде кормандони БДА дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдор барои пешигирии ҳамагуна қонуншиканиҳо тадбирҳои заруриро ба кор мебаранд, аммо бархе аз ҷавонони дунёбехабар ин фаъолиятҳои муштаракро нодида гирифта, мехоҳанд мушкилоти сунъиро эҷод кунанд.

 Мисоли оне ки баъзе ҷавонон ҳатто тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ хешро бо номҳои маҳрамона муаррифӣ карда, ҳақро ботил нишон медиҳанд. Яъне онҳо ахбороту вокунишҳои бардӯрӯғро дар бораи ба кор андохтани артиши муназами мамлакат барои бартараф намудани адами қонуният ва поксозии саркардагони гӯрӯҳҳои мутташакили ҷиноятӣ ва аъзоёни онҳо дар ВМКБ, фавти сарбозони кишвар, бурдани саркардагони ГМҶ ба осоишгоҳи «Баҳористон» ва ғайра дар шабакаҳои «Фейсбук» - у «Одноклассники» нашр мекунанд.

Бо ҳарфи дигар гурӯҳе аз ҷавонони вилоят ҳатто худро шоҳу табашонро вазир номида, худихтиёрона ба аъмоли ношоиста даст зада, ҳатто ба гапи волидони хеш гӯш намедиҳанд.

Чанде қабл шоҳиди он гаштам, ки чанд тан аз ҷавонони Хоруғшаҳр тариқи мошинаи сабукрав дар хатсайри якуми шаҳр ҳаракат дошта, дар рӯзи равшан пеши ҳамагон зоҳирпарастӣ карда, аз даруни мошин дод мезаданду гӯё онҳо ҳам дар баробари дигарон «авторитет» ҳастанд. Шояд ин ҷавонони ногоҳ мехостанд худро «шербачаҳои шаҳр» ҷилвагар намоянд, аммо дар асл атрофиён онҳоро ҳамчун одамони ваҳшию дур аз фаросату заковат пазируфта, ба онҳо нафрат хонданд.

Бале, бояд иқрор шуд, ки ҳоло баъзе ҷавонони бешуғлу фаъолиятро «кӯча» тарбия карда, онҳо ҳатто намехоҳанд то тағйироти мақбуле дар зиндагии онҳо рӯи кор ояд. Бо гапи дигар баъзе машғулиятҳое ки барои ба фаъолият ҷалб шудани онҳо пешниҳод мешаванд, ҷавонони ногоҳ онҳоро писанд накарда, худашонро болотор аз ҳама медонанд.

Бинобари ин, лозим аст, ки баҳри бемаърифатии чунин ҷавонон аҳли маорифу волидон набояд як умр якдигарро айбдор карда, аз пашша фил созанд, балки зарур аст, то баҳри садди роҳ шудани ин тамоюл бо ҷомеа дар ҳамбастагӣ кор кунанд.

Сафаршо Бахталиев, омӯзгори Донишгоҳи

 давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев

Муфаcсал...

ФАВРӢ: Ахбор.ком дурӯғгӯ аст ва падари ҳамаи дурӯғгӯён аст

 (Ҷавоби дандоншикан бо такя ба иттилооти дақиқ ба падарсолори дурӯғпардозони дохилӣ ва Ҷумҳурии Чех- AKHBOR.COM-и Мирзои Салимпур)

 Соати 14:59-и дақиқаи санаи 27-уми октябри соли равон, дар саҳифаи ёвасарой, обишхӯри манфиати оппозитсияи абадӣ фирорӣ-Ахбор.ком, ки мутааллиқи фарди берешаву бун-Мирзодукаки Салимпур мебошад, дурӯғи навбатӣ бо истинод ба манбаъҳои шаккок ва шубҳаангез таҳти унвони «Чор лидери Бадахшон ба Душанбе ба мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон рафтанд) нашр шуд.

Ахбор.сом, ки рейтингаш дар чоплусиву, пулкоркуниву хиёнат ба касбу қалам дар ҷойи аввал меистад ва машҳури дунё шудааст,   ин гапи дурӯғро аз Кӣ? Кай? Аз куҷо? гирифта аст, номаълум аст. Яъне меъёри баҳогузории ин маълумоти М.Салимпур ба сирф баробар аст ва дурӯги маҳз аст. Журналисти каззоб ва беусул. 

Ботилии ин иттилооти Салимпурро, ки водии Ҳисорро се даҳсолаи охир ба гарави дурӯг гирфитаст, шармсор кардааст, як ба як қотеъона рад мекунем:

 

  1. Сараввал, ин чор нафарак ба ном «лидер» нею, саркардаи гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткори шаҳри Хоруғ мебошанд. Ана ҳамин, термини устувор нисбат ба онҳо, яъне ГМҶ-и шаҳри Хоурғ бар пешонии ҳар яки онҳо насб шудааст. Қонунгузор ҳам масъулияти ҷиноятии онҳоро таърихи 22.10.2018с. барои таърих сабт намудааст. Инхо лидер нестанд рохбарони ГМҶ мебошанд, ки дар таърихи зикршуда, ба онҳо ОГОҲИИ РАСМӢ дар маърази ом ва дар назди қонун дар бинои Прокуратураи вилоят эълон карда шуда буд;
  2. Дуюм каззобиву дурӯғгуӯйи ахбор.сом дар он ифода меёбад, ки манбаъҳои иттилоотии ҳилагари он, ёфтаву бофтаҳои худро ҳақикати мутлақ пиндошта, мардумро ба гумроҳӣ мебаранд, фиреб мекунанд.
  3. Ҳилаи шаръии ахбор.сом дар васвасаҳои шайтонӣ ва ҳангомапардозии давомдор баён шудааст. Сарвари муаззами давлат ба ҳеч сурат мунтазири ин гурӯҳаки бо тафакури олами ҷиноӣ олуда нест, ба шаъни мубораки худ раво намебинанд, ки бо ҷинояткорон мулоқот таъин кунанд.
  4. Ҷинояткор-ҷинояткор аст, вақте ки 22.10.2018с. ба гуноҳи кабираи худ иқрор шуданд, чор тарафашон қибла, куҷое раванд, «марҳабо». Дар кучое набошанд, Қонун пайгири онҳост.
  5. 7 саркардаи ГМҶ: – Толиб Аёмбеков, Ёдгор Мамадасламов, Мунаввар Шанбиев,Зоир Раҷабов, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Хурсанд Мазоров ва Амриддин Аловатшоев тавбаи мардона ва аҳёнан занона ҳам карданд, ки аз ҷиноят даст мекашанд ва худро дигар шарики бетартибиҳо намедонанд.

 

Аслам Мазабов, коршиноси масоили иҷтимоӣ,

зодаи ш.Хоруғ ва сокини ш.Бохтар   

Муфаcсал...

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ, ВОЛОИЯТИ ҚОНУН - АСОСИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА

Имрӯз фурсати он расидааст, ки мо бояд ҳама якҷоя зери шиори “Ваҳдати миллӣ - асоси зиндагии шоиста” кору фаъолият намуда, ба аъмоли созандагӣ машғул шавем.

Муфаcсал...

МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ МАЗОРИЕВ ХУРСАНД МИРЗОҲАЁТОВИЧ, САРКАРДАИ ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТИИ ШАҲРИ ХОРУҒ

ТВ«Бадахшон» ва шабакаи интернетии «Youtube» дар бораи  эълон намудани огоҳии расмӣ ба саркардаҳои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ, ки дар назди қонун сар фуруд оварда ва аз аъмоли ҷиноятии изҳори пушаймонӣ карда, аз худ даст кашидаанд, таърихи 22.10.2018с. барномаҳои махсус намоиш дода буданд.

Муфаcсал...

МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ АЛОВАТШОЕВ АМРИДДИН БОЗОРОВИЧ, САРКАРДАИ ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТИИ НОХИЯИ РОШТКАЛЪА Featured

ТВ«Бадахшон» ва шабакаи интернетии «Youtube» дар бораи  эълон намудани огоҳии расмӣ ба саркардаҳои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ, ки дар назди қонун сар фуруд оварда ва аз аъмоли ҷиноятии изҳори пушаймонӣ карда, аз худ даст кашидаанд, таърихи 22.10.2018с. барномаҳои махсус намоиш дода буданд.

Муфаcсал...

МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ МАМАДБОҚИРОВ МАМАДБОҚИР КАРАМАЛИШОЕВИЧ, САРКАРДАИ ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТИИ ШАҲРИ ХОРУҒ

ТВ«Бадахшон» ва шабакаи интернетии «Youtube» дар бораи  эълон намудани огоҳии расмӣ ба саркардаҳои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ, ки дар назди қонун сар фуруд оварда ва аз аъмоли ҷиноятии изҳори пушаймонӣ карда, аз худ даст кашидаанд, таърихи 22.10.2018с. барномаҳои махсус намоиш дода буданд.

Муфаcсал...

МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ МАМАДАСЛАМОВ ЁДГОР ШОМУСАЛАМОВИЧ, САРКАРДАИ ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТИИ НОҲИЯИ ШУҒНОН

ТВ«Бадахшон» ва шабакаи интернетии «Youtube» дар бораи  эълон намудани огоҳии расмӣ ба саркардаҳои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ, ки дар назди қонун сар фуруд оварда ва аз аъмоли ҷиноятии изҳори пушаймонӣ карда, аз худ даст кашидаанд, таърихи 22.10.2018с. барномаҳои махсус намоиш дода буданд.

Муфаcсал...

ТЕРРОРИСТУ ЭКСТРЕМИСТ ЯК СИМО ДОРАНД

Терроризм чист ва террорист кист? Истилоҳи терроризм (аз калимаи «terror») гирифта шуда маънояш тарс ва ваҳмро дорад. Террорист бошад нафарест, ки мақсаду мароми худро бо роҳи зуроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ месозад.

Чуноне, ки маълум аст тибқи таҳлил ва ақидаи сиёсатмадорон ва муҳаққиқон дар ҷаҳони муосир экстермист бештар дар соҳаи дин дучор меояд. Саволе ба миён меояд, ки барои чӣ маҳз дар ин соҳа? Муҳаққиқон доир ба ин суол чунин мешуморанд, ки инсон бештар ба дин эътиқод дорад ва дар замони глобализатсия мамолики ғарб ба ин таваҷҷўҳи хоса доранд. Мардуми шарқ чунин мепиндоранд, ки ин раванд ба дини онҳо таъсири манфӣ мерасонад ва онҳо ба ноумедӣ меафтанд ва халалпазирӣ дар эътиқодоти онҳо пайдо мегардад. Дар ин раванд тағйирпазирӣ дар тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои мардум албата хоҳ нохоҳ ба вуқўъ меоянд. Дар ин сурат эҳсоси нотавонӣ ва маъюсӣ дар мафкураи инсонҳо ба вуҷуд меояд. Аз ин ҳолат баъзе гурўҳҳои ифротӣ истифода бурда, онро ба манфиати соҳибони бозиҳои сиёсии геополетикӣ, ки имрўз мехоҳанд ҷаҳонро тақсим кунанд, роҳандозӣ мешаванд.

Мутассифона аксари онҳое, ки бо асли аркони ислом, таърих, фарҳанг, аҳком, фалсафа ва ахлоқи ислом ошно нестанд, чунин мешуморанд, ки ба ислом хислати ситезу тундравӣ таҷовузгароӣ, бадқасдӣ, ғайритаҳаммулпазирӣ хос аст. Ин андешаи онҳо нодуруст аст, зеро «Қуръон», ҳадис тамоми аҳкому аркони ислом ва фалсафаю ахлоқи он бар пояи адолат баробарӣ, озодӣ, амният бунёд ёфта, зарурати сулҳ, ризоият, тахаммул, амният, адолат бо тамоми зуҳуроти он ба куллӣ ҷабҳаҳои зиндагӣ таъкид намудааст. Ислом дини суҳу салоҳ ва бародарист, на бадқасдиву бетаҳаммулӣ.

Агар ба таърихи таммадуни инсоният назар афканем, мебинем ки аввалин баҳсу мунозираҳо дар давраҳои қадим дар байни диндорон ва бединон ба вуҷуд омадаанд. Баъдтар дар давраи пайдоиши ислом ва ба тафриқаҳо ҷудошавии он, ҷудошавии гўрўҳҳои мазҳабӣ ва ба ду равия тақсим шудани он ба амал омадааст. Баъдтар дар давраи пайдоиши сохти шуравӣ пайдоиши пояи атеизм ва ҷаҳонбинии атеистӣ, ки асоси сиёсати диниро идора мекард. Мақсади татбиқи ин сиёсат муборизаи густурдаву оштинопазир алайҳи дин ва ҳар гуна эътиқоди диниро тақозо мекарданд, ҷихати аз байн бурдани ба истилоҳ «боқимондаҳои динӣ, куҳнапарастӣ, хурофот» аз шуури мардум зудудани ҳар гуна андешаи динӣ, аз ҷомеъа решакан кардани дин тадбирҳои гуногун андешида амалӣ карда мешуд. Аммо мубориза алайҳи дин ва эътиқоди динӣ, динстезӣ дар аксари мавридҳо натиҷаи баръакс медод ва вокунишро бармеангехт. Мардум аз рўи фитрати азалии хеш то ҷое метавонист муқовимат мекард, пинҳони амал мекард ва ҳатто дар баъзе мавридҳо ба амалҳои ифротию тундравӣ даст мезад.

Бо мақсади решакан намудани терроризм соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм қабул карда шуд. Тибқи ин Қонун, терроризм – зуроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ ҳамчунин нобуд сохтан ё таҳдиди нобуд сохтани амвол ё ин ки дигар объектҳои моддии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро маҳкум месозад.

Мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм на танҳо вазифаи равшанфикрон, балки вазифаи ҳар фарди ватандўсту инсондўст, ҳар шахси комилҳуқуқи ҷомеа аст.

ЭЛНАЗАРОВА Ҳ.А, н.и.ф, мудири

шуъбаи илм ва инноватсияи ДДХ

Муфаcсал...

Тоғли Бадахшон мухтор вилоятида хавфсизликни таъминлаш идоралараро штаби изҳороти Featured

Сизга маълумки, Тинчлик ва миллий бирлик асосчиси – Миллат пешвоси, Тожикистон Республикаси Президенти муҳтарам Эмомали Раҳмон Жаноби олийларининг кўрсатма-ю топшириқлари ижроси мақсадида 2018 йилнинг 15 сентябридан Тоғли Бадахшон мухтор вилоятида қонун устуворлиги, жамият тартиботи, фуқаролар хавфсизлигини таъминлаш, ноқонуний қурол-яроқларни мусодара қилиш, қидирувда бўлган жиноятчиларни қўлга олиш ва органга олиб келиш, ўқотар қуроллар, наркотик моддаларни ноқонуний сақлаш ва фойдаланишга доир жиноятларни ошкор этиш ва олдини олиш йўлида идоралараро штаб амал қилмоқда.

Муфаcсал...
Subscribe to this RSS feed

Log in

create an account