Мақолаҳо

Коронавирус вабои аср

Дар ин рӯзҳои ҳассос, ки бемории «Коронавирус» дар тамоми сайёра паҳн шудааст, давлатҳои абарқудрат аз ҷумла Амрикову Руссия Чину Эрон барои пешгирии мардуми худ аз ин вабо ноилоҷ мондаанд.

Барои давлати кучаки мо пешгирӣ аз ин вабои аср кори осон нест. Новобаста, аз ин имрӯз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Э.Раҳмон ва Ҳукумати кишвар дар фикри халқи тоҷик буда, шабонаруз  тамоми  чораҳоро  дида  истодааст.  

Мардуми бофарҳангу тамаддунофари тоҷик аз азал ботаҳаммул буданд. Дар ин рузҳои ба халқи тоҷик ва умуман тамоми дунё мушкил аз мардуми кишвар хоҳиш менамоем, ки тавсияҳои аз ҷониби мутахассисони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ тавассути ВАО ва сомонаҳои интернетӣ пахш гардидаро, бо тамоми ҷиддият қабул намуда, онро қатъиян риоя намоянд. Танҳо бо ин роҳ мо метавонем, ба «Коронавирус» ғолиб омада, аз ин вабо эмин бимонем.

Дар ин рузҳои барои мо душвор давлатҳои дусти мо, кӯмакҳои беғаразонаи худро расонида истодаанд. То ин ки кишвари кучаки мо тавонад марудмашро аз ин вабо раҳо намояд.

Мардуми шарафманди кишвари азизи мо ба суханони иғвоангезонаи душманони миллат, ки дар давлатҳои Аврупо истода, нисбати халқу диёри худ носипоси намуда, доимо як камбудиву норасоии кучаки ҷумҳурии азизи моро гирифта, аз «пашша фил месозанд» бовар накунанд.

П.Саодатқамов нафақахур, сокини н.Шуғнон

Муфаcсал...

Қирғизҳо ба амалҳои ғайриқонунии худ бояд ҷавоб гӯянд

Имрӯз ҷумҳурии ҳамсояи мо Қирғизистон яке аз он давлатҳое, мебошад, ки ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии ӯ «дасти сеюм» дахолат намуда, сиёсати онҳоро ба пеш бурда истодааст. Вақте мо ба таърих менигарем, маълум мешавад, ки дар даҳаи аввали асри 21 дар ин кишвар табаддулоти давлат ба миён омада, собиқ Президент ва аъзоёни Ҳукумати кишвар истеъфо дода, аз қаламрави Ватани худ берун шуданд.

Албатта, дар ин табаддулоти давлат дасти «давлати сеюм» буд ва мардуми ноогоҳи қирғизро абарқудратҳо тавонистанд бо баҳонаи ба даст овардани «демократия ва озодии сухан» барои даст задан ба табаддулоти давлат ва истеъфои Роҳбарони аввали давлат водор сохтанд. 

Пас аз ин ҳолат муносибати Ҷумҳурии Қирғизистони ҳамсоя бо кишварҳои сарҳади худ, алалхусус кишвари мо сард гардида, баҳс ва ҷангҳои марз  ба амал омад.

Сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон соли гузашта ва соли ҷорӣ низ ҳамчун минтақаи даргир буда, беш аз понздаҳ маротиба муноқишаҳое ба вуҷӯъ пайвастанд, ки дар ҳамаи он паёмадҳои номатлуб мавҷуд буда, дар ҳамаи ин ҳаводис моҷароҷӯёни қирғизӣ ҳангомасозӣ мекарданд.

Рузи 8-уми майи 2020 тақрибан соати 18:00 дар мавзеи сарҳадии Кумазори ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ноҳияи Исфара муноқишаи сарҳад ба амал омад. Сабаби муноқиша аз ҷониби шаҳрвандони ҶҚ ба тарзи худсарона аз худ кардани 4 га замини тибқи санадҳои ҳуқуқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқдошта мебошад.

Сарҳадчиёни қирғиз ба ҷои он, ки аз муноқиша пешгир намоянд, нақши иғвогаронаро бозида, ба суи шаҳрвандони бесилоҳи Тоҷикистон тир холл карданд. Дар натиҷа 2 нафар сокинони деҳаи наздимарзии Тоҷикистон Фозилов Фазлиддин, с.т. 1983 ва Шарипов Айёмиддин, с.т. 1971 ҷароҳат бардошта, бистар гардиданд.

Ин бори аввал нест, ки қирғизҳо дар минтақаҳои баҳснок ва мавзеъҳое, ки аслан ба қаламрави кишвари мо тааллуқ дорад, иншоотҳои гуногун бунёд карда истодаанд ва ё ба аҳолии осоиштаи тоҷикони назди хати сарҳадӣ ба монанди саги гурусна дар афтида истодаанд.

Ҳукумати Қирғизистон ва мақомотҳои қудратии давлати ҳамсоя бояд ҷилави моҷароҷӯёну авбошон ва одамкушҳои худро бигирад ва ҳатман қирғизҳо ба ин амалҳои ғайриқонунии худ бояд ҷавоб гуянд.

П.Саодатқамов нафақахур, сокини ноҳияи Шуғнон

Муфаcсал...

Миллат аз афрод меёбад низом…

Мақолаи «ТОҶИК, ТИҶИКИЯТ, КОРОНОВИРУС ВА НАНГУ НОМУС», ки муаллифонаш Азимҷон Раҳмонзода –муовини директори Институти Осиё ва Аврупои АМИТ, Зиёев Субҳиддин ходими пешбари Институти Осиё ва Аврупои АМИТ, Фирдавс Мирзоёров устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки санаи 16-05-2020 дар сомонаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр гардид, ҷавоби дандоншикан аст ба он «ҳаммиллатон»-и мо ,ки бо ҳар гуна  баҳона мехоҳанд давлату миллати моро бадном созанд ва ба ин васила ба мақсадҳои нопоки худ ноил гарданд.

Ҳақиқатан мо имрӯз шоҳиди онем, ки ин вабои аср давлатҳои абадқудрати дунёро ба таҳлука андохт ва онҳо сари калобаи худро гум карданд. Имрӯз дар ИМА мамлакатҳои Аврупо ва Чин ин беморӣ ҷони ҳазорон нафарро гирифт ва садҳо ҳазор нафарон ба ин беморӣ гирифторанд.

Албата  Ҷумҳурии мо, ки бо 4 давлати дигар бевосита сарҳад дорад ва ба аксарияти мамлакатҳои дунё равобти иқтисодӣ ва равуо доранд, наметавонист  ин бемориро ба кишвар роҳ надиҳад. Хушбахтона  аз рӯзи пайдошавии нишонаҳои ин касалӣ дар Чин роҳбарияти давлати мо худро бепарво нагирифт ва оиди чораҳои пешгирии он ва шаклҳои мубориза бар он чораҳои заруриро андешид. Мардум ба воситаи рӯзномаҳо ва воситаҳои ахбори омма  аз ин вабо огоҳ шуданд, доир ба пешгирии он корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тавсиядиҳӣ-ро ба роҳ монданд.Аз ҳамаи муассисаҳо ва корхонаҳои давлатӣ талаб карда шуд,ки барои хариди ниқоб ,дастпушак маводҳои антисептикӣ ва гипохлорид аз ҳисоби буҷҷа маблац ҷудо кунанд ва кормандонашонро бо ниқоб ва дигар лавозимотҳо таъмин намоянд.

Барои ба мақсадҳои нопоки худ расидан  ТТЭ ҲНИ, дигар гурӯҳои террористию ифротгаро ва шахсони манфиатҷӯ ,ки аз ободию оромии Тоҷикистони азиз  ба талука афтодаанд бо ҳар роҳу усулҳои нопоки худ мехоҳанд ба ҷомеаи кишвар таъсири манфӣ расонда, онро ба ҳар тарзу усул ба вартаи ҳалокат кашиданианд.

Террористону ифротгароон ва онҳое,ки ин гуруҳоро роҳбарӣ мекунанд дар баробари таъмилу ҳамлаҳои психологӣ аз туҳмату буҳтон ва бадномкунии ҷомеа истифода мебаранд. Онҳо умед доштанд,ки ин вабои аср давлату миллати тоҷикро хароб карда ба по мефтонад ва барои амалӣ кардани мақсадҳои нопоки худ замина фароҳам меоваранд. Ин бори чандум аст, ки ин «миллатдӯстон» дар лаҳзаҳои мушкил ба ҷойи ёрии амалӣ расонидан баръакс туҳмат, ицво ва бадномкуниро пешаи кори худ кардаанд.Онҳо дар пайти онанд,ки кадом камбудиро ёбанд,ки байни давлату миллат ва табақаҳои ҷомеа низоъ андозанд, ваҳдат ва якдилии миллиро ,ки бо ҷоннисории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат ,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад халалдор созанд.

Имрӯз мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон худ дида истодаанд,ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирии ин вабои аср чи чора андешидаистодааст. Ёрии башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми манотиқи Тоҷикистон, дастгирии ин ташаббуси бузург аз ҷониби соҳибкорони мамлакат, дастгирии ташаббуси Президенти мамлакат оиди гузаронидани маоши якмоҳа ба суратҳисоби махсуси мубориза ба касалии сироятии коронавирус КОВИД -19 ва дастгирии он аз тарафи кормандони мақомотҳои давлатӣ ва дигар шаҳрвандон бори дигар ваҳдату ҳамбастагии миллату давлатро нишон дод.

Ба ҳамагон маълум аст,ки солҳои ахир кишварамон ба яке аз давлатҳои ру ба тарақӣ табдил ёфтааст.Дар мамлакат Ваҳдати миллии комил, бунёдкорӣ ва созандагӣ дар авҷ аст. Халқи кишвар аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонанд.

Мо бояд ҳолатҳои пешомадаро воқебинона хуб мушоҳида ва таҳлил намуда мавқеи созандаи шаҳрвандии худро тақвият бахшем. Ҳар як фарди бо нангу номуси кишварро зарур аст, ки ба хотири ободонию пешрафти ватанамон, ҳаёти осоишта, таҳкиму сулҳу суббот талош варзем ва ҳама гунна ҷиноятҳоро дар кадом шакле, ки бошанд, маҳкум намоем.

Назаров Душанбӣ,

Директори МТМУ №32-и н.Ишкошим

Муфаcсал...

«Коронавирус» ва хоҳиши ба Тоҷикистон омадани он аз ҷониби хоинони миллат

        Ин чӣ дардест Худоё, ки ҷаҳон бемор аст,

        чӣ бало омада, ки пиру ҷавон бемор аст…

         Имруз ба сари аҳли башар балои пур аз хатар вируси «Тоҷдор» омада, ҳамаро ба чанголи марг ё хонанишин кард. Дар ҳақикат даҳшати ин «Вабо» аҳолии дунёро ба таҳлука андохта, барои чун солҳои «қаҳтӣ» захира намудани ғизо водор намуд. Халқ барои захираи ғизоии худ ба бозору мағозаҳо давидаву баъзе аз савдогарон бошанд, бо мақсади ба даст овардани ғанимат аз фоҷиаи мазкур нархҳоро то ба осмон бардоштанд. Ба замми  ин ҳама намояндагони ТТЭ ҲНИ, ПМТ, гурӯҳи – 24, ки худро «дусти халқ» муаррифӣ мекунанду, аммо заррае ба мардум дилсӯзӣ надоранд, тавассути сомонаҳои иғвогару дасисабоз миёни аҳолии кишварамон маълумотҳои бардурӯғ паҳн намуда, мардуми тоҷикро ба воҳима оварданд.

 Тибқи татқиқотҳои илми равоншиносӣ яке аз душманони асосии одам ин тарс, воҳима ё ба таҳлука афтодан аст, ки ҷисми инсонро заиф мегардонад. Ин кирдорҳои нохалафонаи Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Саидюнус, Варқӣ, Муҳаммадиқбол ва ғайра, ки сабабгори ба ташвиш овардани аҳолӣ буданд, дар саҳифаҳои таърих сабт хоҳад шуд. Чунки ин амали ноҷавонмардонаи онҳо боиси марги якчанд нафар ашхоси сустирода низ, гардид.

         «Мо милати тоҷик дар солҳои 90 бадбахттарин, сангинтарин рӯзҳоро паси  сар кардем, иншооллоҳ ин мушкилиҳои пеш омадаро паси сар мекунем». (Эмомалӣ Раҳмон)

Бале, мо миллати тоҷик шукронаи Худованд мекунем, ки ба мо шахсияти нобаға, ғамхори халқу миллат, силакунандаи сари ятимон,  Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Э.Раҳмонро додаст ва мо бо ғамхориҳои шабонарӯзии ин шахси бузург ва қавииродагии миллати бо нангу номуси тоҷик ин «бало» - ро дар рӯзҳои наздик ва бо камтарин талафотҳои ҷонӣ паси сар хоҳем мекунем.

Сокинони мамлакат дар ин вазъияти пурҳассос ба Ҳукумати кишвар барои дастгирии ҳамаҷонибаи аҳолӣ ва пизишкони Ҷумҳуриамон, ки ҷони худро дареғ надошта, шабу рӯз бо «Вабо» - и мазкур даст ба гиребон ҳастанд изҳори сипос мекунанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар ин вазъият ҳамаи мардуми руи олам бо ҳам муттаҳид гардида, зидди вируси «беномус» ё «хордор»  муқобилият нишон дода истодаанд, ба ғайр аз як гурӯҳ хоинони миллати тоҷик, ки аз хориҷи кишвар истода ба захми миллат «намак» мепошанд ё ба сӯги халқ «доиранавозӣ» мекунанд.  

           Ватан бар ман азизи ҳамчуноне бар танам ҷонам,

           ба ҷуз нафъи Ватан чизи дигарро ман намедонам..

Оре, барои ҳар як ҷавонмард ё ашхоси ҳисси баланди миллӣ дошта, Ватан аз ҳама мӯқаддастарин мӯъҷиза ба ҳисоб рафта, манфиатҳои  миллӣ боло аз ҳама манфиатҳои дигар  мебошад.

Вале, ин суханон ва мисаръҳои зикршуда ба Кабирӣ, Салимпур, Аюбзод, Саидюнус, Варқӣ, Муҳаммадиқбол ва дигар «хоинон», ки ба неъматҳои парвардигор ношукрӣ карда, барои ба даст овардани «ду тангаи ночиз» ва «зиндагии даб – дабанок» манфиати шахсиашонро боло аз манфиатҳои миллӣ гузошта, тарки Ватан намуданд, ҳайф аст. Онҳо бо ин мақсадҳои «зидди миллӣ» назди душмани тоҷик сари таъзим фуруд оварда, бо дастуру супоришҳои охирин обруву нуфузи тоҷику тоҷикистониён ва билохира Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ коҳиш доданиянд. Чихеле дар урфият гуфтаанд:

«Виҷдон – судияи ботинии ҳар як инсон аст»

Ин афроди хоин ё ба ибораи дигар душманони миллати тоҷикро то ҳол виҷдонашон дар азият намондааст ё монда бошад ҳам, аз ноилоҷӣ коре карда наметавонанд, чунки барои он «карру фарр», ки дар аврупо мекунанд пеши хоҷагонашон ҳисобот хоҳанд дод….

                                                         Суруши Абрӯй, сокини ш.Хоруғ

Муфаcсал...

Кабирӣ ва «Коронавирус» душмани №1-и Тоҷикистон

Имрӯз вақте тавассути сомонаҳои интернетӣ ва ВАО ба ҳаводис ва руйдодҳои олам менигарем. Мавзӯи асосӣ ин бадбахтии саросарии олам- вабои аср, бемории коронавирус аст.

 Дар ин рузҳои мушкил абарқудратҳо ҳатто аз ин вабои аср наметавонанд раҳоӣ ёбанд. Дар паи гирифторшавии ба «КОВИД-19» садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон  фавтида истодаанд.

Ҳамаи кишварҳо муборизаи дастаҷамъона баҳри пешгирӣ ва нобудсозии вабои аср «Коронавирус» ё худ “Ковид-19” бурда истодаанд, як гурӯҳ, зодагони кишвари Тоҷикистон дар давлатҳои аврупо афкоре, ки рӯйи коғаз меоваранд, албатта ин супориши аҷнабиҳост. Инҳо Муҳиддин Кабирӣ, Мирзои Салимпур, Саидюнуси  Истаравшанӣ, Темур Варқӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар нохалафони амсоли инҳо, ки ҳатто бо зикри номи манҳусашон даҳон олуда мешавад, аз мусибати ба сари мардуми худ омада, суд меҷӯянд ва суиистифода кардан мехоҳанд.

Мо фарз кардем, ки инҳо тоҷик нестанд, ғалат мешавад. Агар гуем, ки падарони аслиашон тоҷик нестанд, модарашон онҳоро аз кадом аҷнабие бе никоҳ «ҳаромзода» ба дунё овардааст, эҳтимол иштибоҳ бошад.

Аммо чунин тоҷик будан мисли ин номардон аслан набояд ҷойи тааҷҷуби зиёд ҳам бошад. Ин ҷараёни таърихӣ аст. Охир мо тоҷикон ҳазор сол давлат надоштем-ку! Дар давраи бедавлатӣ ҳар касе чизе дар  ниҳодаш буд, барои зинда мондан, ҳадди ақал рифоҳу раҳоӣ  ёфтан,   зери ҳар  ниқобе рӯйи саҳна меомад. Рӯз мегузаронд.

Ин тоифа дастпарварони аҷнабиён, ки хоини миллати тоҷик мебошанд «аз паша фил» сохта бо гапҳои пучу бемаънӣ мардуми тоҷикро мехоҳанд ба таҳлука афтонанда, ба мусибати халқи худ биханданд.  

Аз таърихи инсоният ба мо маълум аст, аз соли 1817 то соли 1925 дар қитъаи Аврупо шаш пандемияи «вабо» ба амал омада, аз соли 1961 то 1963 бошад пандемияи ҳафтуми чунин бемориҳо ба вуқӯъ пайваст, ки аз шиддати онҳо одамони зиёде ҷони худро аз даст доданд.

Солҳои 1918-1919 сокинони як қисми кишварҳои дунё ба пандемияи бузурги зуком, ки бо номи "испанка" маъруф гардида буд, мубтало шуданд. Зимни ба вуҷуд омадани чунин бемориҳо, ё худ пандемияҳо зиёда аз 500 млн. одамон дар курраи замин зуком шуданд ва 20 млн. нафар аз ин беморӣ ҷони худро аз даст доданд. Ҳамчунин, ин намуди пандемия соли 1957 арзи вуҷуд кард, ки хисороти зиёди ҷонӣ ва иқтисодиро ба амал овард.

Аз шиддати «Коронавирус» дар дунё, зиёда аз 4 млн. нафар сироят ёфта, ҳарруз даҳҳо ҳазор одамон ҷонӣ худро аз даст дода истодаанд.

Ба ин тоифа гуфтаниям, ки ҳар рӯз аз ин ноҳияву аз он ноҳия, аз ин шаҳр ё аз он шаҳр хабари фоҷеае ба гуш мерасад. Гоҳо ин бадбахтӣ дар пеши чашмони мо сурат мегирад. Одамҳо дар беморхонаҳо, дар хонаҳои худашон бо кумаки духтурон табобат мегиранд. Шукр, аксарашон шифо меёбанд. Давлате, ки дар қаламрави он захираҳои нафту газу дигар сарватҳои пурдаромади табиӣ мавҷуд нест, бо тамоми кушиш ҷон меканад. Барои наҷоти ҳаёти шаҳрвандони худ мубориза мебарад.

Табибони миллати тоҷикро имруз қаҳрамони халқи худ гуем, хато намекунем. Чунки ин пайравони Сино ҷонӣ худро дар кафи даст гирифта, 24 соат бо ин вабои аср мушт ба гиребонанд ва баъзеяшон дар ин роҳ қурбон мешаванд. Душманони миллати тоҷик инро нодида гирифта, иброз медоранд, ки гӯё ин як чизи оддӣ аст.

Имрӯз барои миллати тамаддунофари мо ҷои нангу номус аст ва Пешвои миллати тоҷик барои пешгирӣ ва баромадан аз ин вабо тамоми чораҳоро андешида истодааст.  

Аз диди ҳар як инсон ва сокини Тољикистони азизамон маълум аст, ки Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар дар солҳои охир корҳои хеле назаррасро ба охир расонидааст. Сохтмони иншоотњои азими аср аз қабили нерўгоҳи барқии обии Сангтўда, Роцун, инчунин силсиланерўгоҳҳои хурде дар маҳалҷойҳо, нақбҳо, пулҳои хурду бузург аз болои рўди Панҷ,сохтани мактабу синфхона, кўдакистону бунгоҳҳои тиббӣ, таъмири роҳҳо, мадад ба ятимону хонаи пиронсолон, бунёди корхонаву марказҳои ҳунарӣ ба роҳ монда шудаанд, ҳамаи ин шаҳодати ободкории миллати тоҷик аст.

         Албатта, дар рӯзи мурда на ҳама барои сугворӣ меоянд. Баъзеҳо бо интизорӣ, хурсандии ниҳонӣ ва заҳрханда изҳори тасалият мекунанд, то соҳиби майитро низ  бикушанд. Инҳо аз ҷумлаи пасттарин инсонҳои дунё ҳастанд. Фаромуш мекунанд, ки агар на дар ин сурат, агар на имрӯз, на фардо, пасфардо ҳатман дасти тавонои марг дари онҳоро низ мекубад. Интизор бояд бошанд. Аз ин роҳ касеро халосӣ нест.

Одамон, махсусан ҷавонон шоҳид ҳастанд, айнан ҳамин хислатро дар ин рӯзҳои фоҷеабор ифротгароёни палиди наҳзатӣ бо роҳбарии Кабирӣ дар намоиш гузоштаанд.  Дар ҳар як мурдаи тоҷик  онҳо рақсу бозӣ, хушҳолӣ ва якдигарро табрик мекунанд. Барои худ маъракаи хурсандӣ меороянд. Дастони касифи худро сӯйи компютер бурда ниҳоят бесаводона, бо лаҳҷаву ифода, калимаҳову ҷумлаҳои пучу бемазмун ва бемавқеъ дар бораи мусибати мардуми тоҷик бо навишта, таронасароӣ мекунанд ва ба ин васила фазои афкори умумро тағйир доданӣ мешаванд.

Инсони ҳақиқӣ аслан розӣ худро ба шахси қадрдон мегӯяд, на ба раҳгузари ватанфуруши қалтабон. Инро низ набояд фаромуш сохт.  

Дар давлатҳои Аврупо аз нафаскашӣ то оби ошомиданӣ, пул меистад. Албатта, хоинӣ ҳам қимат дорад ва ба ин тоифа ватанфурушон пул медиҳанд. Маблацро хоҷагони хориҷиашон ба онҳо мақсаднок медиҳанд. Онҳо дар ин маврид, аз ҳисоби мусибати ба сари мардуми худ омада, «дегро ҷушонида» пул мегиранд. Дар охир ба хоинони миллат, ки номашонро ба забон орӣ, даҳонат олуда мегардад, гуфтаниям, ки ин рузҳои вазнини ба сари миллат омада низ мегузарад, вале ин хоинии шумо бар зидди халқи худ дар таърих мемонад ва рузе барои он ҷавоб хоҳед дод.

Директори китобхонаи вилоятӣ

ба номи А.Рўдакӣ Г.Орумбекзода

Муфаcсал...

Мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ ба доми наҳзатиҳо ва дигар хоинони беномус намеафтад

Дар саросари ҷаҳон паҳн шудани бемории «Коронавирус» имрӯзҳо тамоми ҷаҳонро ба ҷунбиш овардааст. Мутаасифона дар ҷумҳурии мо низ ин бемории вабо ба қайд гирифта шудааст. Мо набояд дилшикаста шавем баръакс муборизаи ҷиддӣ барем. Он қоидаҳое, ки ба мо духтурон тавсия медиҳанд, онҳоро хуб риоя намоем ва бо ҳар гуна расонаҳо ва иттилоотҳои ташкилоти терористии ҳизби наҳзати Ислом ва дигар хоинони гурӯҳи-24 бовар накунем. Мо тоҷикони қавиирода ҳастем ва ҳар мушкилиҳоро аз сар гузаронидем. Ва ин касалиро ҳам бо муттаҳидӣ, якдилӣ паси сар мекунем. Мо дида истодаем ва шоҳиди он ҳастем, ки Ҳукумати ҶТ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон чи гуна ғамхориҳо ва саъю талош мекунад нисбати халқ тадбирҳо андешида истодааст.

Аз рӯзҳои аввали пайдо шудани коронавирус дар тамоми манотиқи кишвар чораҳои пешгирӣ аз онро роҳандозӣ намуд. Аз ҷумла ҳануз дар даврае, ки дар ҷумҳуриамон ин вирус ба қайд гирифта нашуда буд, Пешвои миллат дар маҷлисҳо ҷиҳати пешгирии ин вабои ар супоришҳои махсус дод.

Ҳамин чораҳо ва роҳҳои андешида шуда буд, ки Тоҷикистон дар қатори ангуштшумор давлатҳое боқи монд, ки дар давраи хеш дар дучори ин вирус гардид. Ин бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки Пешвои миллат исбот намуд, ки чи хел дар як давраи муайян халқро аз газанд дур нигоҳ кард. Ва ин ҳама дилсӯзӣ ва ғамхории Пешвои мо аст. Сарвари давлати мо ҳатто дар он рӯзҳои аз ин ҳам душвортару сангинтар, чи дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва сиёсӣ баланд он дафтари кории худро тарк накарда ҳамроҳи мардуми худ буданд. Ва имрӯз он овозаҳое, ки дар расонаҳо аз ҷониби роҳбари ташкилоти террористии ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ, аъзоёни он Шарофиддин Гадоев, Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар ҳамақидаҳои курнамакаш, ки дар расонаҳо паҳн шудаанд, ҳама дуруғ аст. Зеро ин кору овозаҳои душманони мо аст, ки нисбати миллати худ ва Ватани худ мекунанд. Ва бар хилофи Ватани азизамон ҳар гуна дуруғу иғвогариҳоро бор мекунанд. Мехоҳанд боз мисли солҳои пештара шавад, чи тавре наҳзатиҳо ҷанги шаҳрвандиро ташкил карда мардуми зиёдеро ба қатл расонида буданд. Аммо бадхоҳон ҳеҷ вақт ба мақсаду мароми худ намерасанд. Мардуми мо ҳеҷ гоҳ ба доми чунин наҳзатиҳо ва дигар хоинони беномус намеафтанд. Зеро халқи тоҷик ба ирода, ҷасорат, тавоноӣ ва меҳру муҳаббати беандоза ва эҳтироми бештаре нисбати Пешвои миллат доранд. Дар ин рӯзҳои мушкил мо бояд дар атрофии Ҳукумати худ мутаҳҳид бошем, то сарҷамъона дар мубориза бо Вабои аср пирӯз гардем.

Мухбири рӯзномаи оинаи зиндагӣ Чоршанбиева Гулҷамол

Муфаcсал...

ИЗҲОРОТИ МАТБУОТӢ

 Вазъи ҷаҳонии имрӯза вобаста ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус тамоми мардуми сайёраро ба ташвиш оварда, ба сатҳу сифати зиндагонии аҳолӣ ва хизматрасонӣ дар аксарияти соҳаҳо таъсири манфӣ расонида истодааст.

  Бо мақсади таъмини дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии “Коронавирус”, таъсири манфии он ба саломатии аҳолӣ, ба маълумоти шаҳрвандон ба сифати истеъмолкунандагон расонида мешавад, ки вобаста ба нарасонидани кумакҳои аввалияи тиббӣ, таъмин накардан ва ё надодани доруворӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо, дучор шудан ба ҳодисаҳои ба тариқи сунъӣ камчин кардани маҳсулоти доруворӣ, метавонанд ба тедефони Прокуратураи генералӣ, ба рақами 235-11-11 муроҷиат намоянд.

  Дар баробари ин, аз аҳолии кишвар хоҳиш ба амал оварда мешавад, ки ба овозаҳои беасоси зиёд шудани ҳодисаҳои фавт, болоравии нархҳо, камчин шудани маҳсулоти аввалия, баста шудани роҳҳои байни минтақаҳои ҷумҳурӣ дода нашаванд.

  Ҳамзамон таъкид мегардад, ки дар сурати паҳн кардани овозаҳои бардурӯғ дар ин бора, ба хотири ба таҳлука овардани аҳолӣ нисбати нафарони паҳнкунанда чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ

Муфаcсал...

Инсоф бояд дошт

Аз мутолиаи маводҳои шабакаҳои интернетӣ, бахусус «Ахбор.ком» бармеояд, ки онҳо ба мисли ВАО-и ба истилоҳ зард (жёлтая пресса) кор мегиранд, то ки муштариёни худро зиёд кунанд. Масъулони сомона як маротиба фикр намекунанд, ки дар вазъияти бе ин ҳам ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ки бемории коронавирус паҳн шудааст, маълумоту ахбори бардурӯғ, иғвоангез, бе факту далелро дар саҳифаҳои худ ҷой медиҳанд. Барои ҳар як мақолаву маълумоти нашршуда, онҳо бояд масъул бошанд. Бо чунин хабарҳои насанҷида ва бе бурҳон онҳо охир ба вазъи саломатии мардум таъсири манфӣ мерасонанд. Имрӯз дар сомонаи «Ахбор.ком» мақолаи бо аломатҳои пневмания бистарӣ шудани як гуруҳи сарбозони «Алфа»-ро дар шаҳри Хоруғ хонда, бори дигар ба иғвогарию ҳангомаҷӯӣ машғул будани масъулон ин сомона боварӣ ҳосил кардем. Ба беинсофии шумоён дигар ҳадду канор нест.

Раёсати тандурустии ВМКБ изҳор медорад, ки маълумоти дар мақола дарҷшуда дурӯғ буда, хизматчиёни ҳарбӣ дар сурати бемор шуданашон, дар госпитали ҳарбӣ бистарӣ карда мешаванд. Дуюм, дар беморхонаи шаҳри Хоруғ умуман гурӯҳи сарбозон бмстарӣ карда нашудаанд, ки ин боз як дурӯғи маҳзи «Ахбор.ком» аст.

Тибқи изҳороти Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳншавии бемории сироятии коронавирус тамоми мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Бо мақсади таъмини дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пешгирии паҳншавии ин бемории сироятӣ дар Прокуратураи генералӣ телефони боварии 235-11-11 фаъол аст, ки шаҳрвандон метавонанд оид ба ҳолатҳои нарасонидани кумакҳои аввалияи тиббӣ, таъмин накардан ва ё надодани доруворӣ аз ҷониби муассисаҳои тиббӣ ва дорухонаҳо, дучор шудан ба ҳодисаҳои ба тариқи сунъӣ камчин кардани маҳсулоти доруворӣ ва дигар масъалаҳо муроҷиат намоянд.

 Ҳамзамон, аз аҳолии кишвар хоҳиш карда шудааст, ки ба овозаҳои беасоси зиёд шудани ҳодисаҳои фавт, болоравии нархҳо, камчин шудани маҳсулоти аввалия, баста шудани роҳҳои байни минтақаҳои ҷумҳурӣ бовар накунанд. Таъкид гардидааст, ки дар сурати паҳн кардани овозаҳои бардурӯғ ба хотири ба таҳлука овардани аҳолӣ нисбати нафарони паҳнкунанда чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

Раёсати тандурустии ВМКБ

Муфаcсал...

Иғвоҳои навбатии сомонаи «Ахбор.ком»

Сомонаи ифротии «Ахбор. ком» магар дигар ахбороти дохил ва хориҷӣ кишвар ғайр аз он, ки маълумотҳои бардуруғро дар сомонаи худ ҷой медиҳад, надорад. Мақолаи дуруғини навбатии Мирзои Салимпур имруз таҳти унвони «Як гуруҳи сарбозони гуруҳи махсуси «Алфа» дар Хоруғ бо аломати пневмония бистарӣ карда шудаанд» ба нашр расид.

 Якчанд суол ба ҷаноби Салимпур дорем, ки сарбозони «Алфа» бояд бемор нашаванд? Ё шумо аз онҳоро одам намеҳисобед?   

Як рафиқи наздики ман дар «Алфа»-и ВМКБ хизмат карда истодааст. Пас аз мутолиаи ин дуруғини Салимпур ба ӯ занг зада, ҳолу аҳволашро пурсон шудам. Ҳамсуҳбати ман ин дуруғи маҳзи Салимпурро қотеона рад намуда, иброз дошт, ки дар байни хизматчиёни «Алфа» ягон нафар бемории «илтиҳоби шуш» ё «пневмония» нест. Танҳо як ё ду нафар мубталои бемории миёндард гардидаанду, халос. Имрӯз дар саросари кишварҳо баҳри пешгири ва нобудсозии вабои аср «Коронавирус» муборизаи дастаҷамъона бурда истодаанд. Мирзои Салимпури мо бо хоинони дигари «ҲНИ»-ти «аз паша фил» сохта бо гапҳои пучу бемаънӣ мардуми тоҷикро мехоҳанд ба таҳлука афтонанд.  

Аз таърихи инсоният ба мо маълум аст, аз соли 1817 то соли 1925 дар қитъаи Аврупо шаш пандемияи «вабо» ба амал омада, аз соли 1961 то 1963 бошад пандемияи ҳафтуми чунин бемориҳо ба вуқӯъ пайваст, ки аз шиддати онҳо одамони зиёде ҷони худро аз даст доданд.

Солҳои 1918-1919 сокинони як қисми кишварҳои дунё ба пандемияи бузурги зуком, ки бо номи "испанка" маъруф гардида буд, мубтало шуданд. Зимни ба вуҷуд омадани чунин бемориҳо, ё худ пандемияҳо зиёда аз 500 млн. одамон дар курраи замин зуком шуданд ва 20 млн. нафар аз ин беморӣ ҷони худро аз даст доданд. Ҳамчунин, ин намуди пандемия соли 1957 арзи вуҷуд кард, ки хисороти зиёди ҷонӣ ва иқтисодиро ба амал овард.

Шиддати «коронавирус» дар рӯзҳои охир дар аксарияти давлатҳои дунё паҳн гардида, зиёда аз 3,5 млн. нафар сироят ёфта, ҳарруз даҳҳо ҳазор одамон ҷонӣ худро аз даст дода истодаанд.

Ба Салимпур гуфтаниям, ки «Ахбор.ком»-ро маҳз барои минбари террористону ифротгароён гардонидан ҳамчун «сомонаи террористӣ» фаъолияташро дар ҳудуди ҶТ мамнуъ эълон карданд. Аз ин ифлоскориву иғвогариатон кай даст мекашед, Мирзои Салимпур? 

Б.Муборакқадамов

сокини ш.Хоруғ

Муфаcсал...

Пешвои миллати тоҷикон ғамхори халқи худ аст

Мақолаи Зеварбону Рауфӣ таҳти унвони «Нома ба Пешвои миллат» -ро дар сомонаҳои иҷтимоӣ хонда, лозим донистам ба муаллиф оиди ҳама пешравиҳои тули 28 сол ба даст овардаи Ҳукуматии конститутсионии кишвар якчанд нуқтаро дарҷ намоям.

Солҳои ҷанги шаҳрвандии 1992-97-уми қарни гузашта кишвари мо ғарқи хуни мардуми бегуноҳ гардида буд. Ягон нафар даъвои роҳбари надошт.

 Ҳатто чандин нафар аз таиноти худ ба вазифаҳои «вазир»-и розӣ набуданд. Мамлакати тоҷикон дар марҳилаи парокандагӣ қарор дошт. Маҳз дар ин айёми вазнину душвор Сарвари ҷавону қудратманд барои миллати тоҷик бо мақсади баромадан аз ин фоҷиа, лозим буд.

 Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олӣ дар қасри «Арбоб»-и ш.Хуҷанд  Президенти кишвар Э.Раҳмонро рӯи сиёсат овард. Ин марди хирад дар муҳлати кутоҳ Сулҳ ва Ваҳдати миллиро ба халқи худ овард ва имрӯз яке аз чеҳраҳои шинохта дар сиёсати ҷаҳонӣ аст.  

Пас аз соли 2000 иқтисодиёти кишвар марҳила ба марҳила боло рафта сатҳи некуаҳолии мардуми тоҷик боло рафт.

Аввали моҳи соли ҷорӣ дар тамоми дунё бемории сироятии «коронавирус» паҳн гардида, аҳолии ҷаҳон ва сарварони мамлакатҳои хурду бузургро ба ташвиш овард.  

 Мутаассифона санаи 30.04.2020 ин вабои аср дари миллати тоҷикро низ куфт ва аз худ дарак дода, ҷонӣ чандин нафарро гирифт.

Ба Зеварбону Рауфӣ гуфтаниям, ки Пешвои миллати тоҷикон Э.Раҳмон дар ин шабу руз ғамшарики мардум буда, аз паси пешгирии сироятёбии «коронавирус» дар ҶТ аст.

Инчунин, Зеварбону хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро қадр бояд кард. Ин вабои аср ба як Ватани азизи мо не, балки ба тамоми ҷаҳон омадааст.

Дар оянда Зеварбону Рауфӣ кушигш намоед, ки зимни омода намудани мақола ё вокунише фирефтаи гуруҳҳои манфиатхоҳу ифротгаро нагардед. Дар ҳама ҳолат шукронаи сулҳу осоиш, шукронаи Сарвари давлат ва ободии диёри худ намоед.

П.Саодатқадамов

нафақахур, сокини н.Шуғнон

Муфаcсал...
Subscribe to this RSS feed

Log in

create an account