Мақолаҳо

Ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом сабабгори фоҷиаи миллати тоҷик аст

Соҳибихтиёрии давлат дар баробари бунёди давлати миллӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ, сулҳу суббот ва Ваҳдати миллӣ бо тамоми арзишҳои дигар ва ормонҳои таърихи миллат мусоидат кард.

Ваҳдати миллӣ, сулҳу субботи поянда ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ иқдоми ояндабинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ояндаи неки пиру ҷавони миллати тоҷик мебошад.

Филми мустанади «Хиёнат» имрӯз, ки дар тамоми телевизионҳои маҳалливу ҷумҳуриявӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ нишон дода шуд. Пас аз тамошои филми «Хиёнат» тоҷики соҳибмаърифат имрӯз пурра эсос менамояд: «Касе, ки иштибоҳ мекунад, бахшидан мумкин аст, вале касе, ки хиёнат мекунад, бахшида нахоҳад шуд». Ҳақиқат талх аст ва мо бояд иқрор шавем, ки қувваҳои муайян, бахусус ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом сабабгори фоҷиаи миллати тоҷик, ҷанги бародаркуш гардиданд. Равшанфикрони миллате, ки фикри солимро истифода мекарданд, гирифтори фишору таъқиби наҳзатиҳои аҳримансиришт шуданд. Чун аз ҳодисаҳое, ки дар филми мустанади «Хиёнат» воқиф шудем барои занони тоҷик ва тамоми қишрҳои гуногуни ҷомеъа як ҳодисаи фаромушнашуданист. Яке аз чунин ҳодисаҳо ин кӯдаки хурдсоле, ки аз мурдани модараш дарак надошта, ба ҷои шири пистони ҳалоли модар хуни бо шир олудагаштаро мемакид ва садҳо нафар кӯдакон аз гурӯснагӣ, ноумедӣ ва беморӣ ҷон медоданд. Ин ҳодисаҳои ба вуқуъ пайвастаро ягон зан модари тоҷик барои он шахсони хиёнаткор, хунхор ва бераҳм дар симои Муҳиддин Кабирӣ, Амриддин Табаров бо лақаби мулло Амриддин ва Носирхуҷа Убайдов бо лақаби «Қори Носир» ва бисёри дигарон бахшида наметавонанд.

Ифротгароӣ ва таасубу хурофот, коштани тухми кинаву адовати диниву мазҳабӣ, маргталабиҳои динӣ, сӯистифодаи Ислом бо ғаразҳои сиёсии гурӯҳиву шахсӣ ва дигар аъмоли номатлуби ин ташкилоти террористӣ шахсан дар симои Муҳиддин Кабирӣ, ки ба тамоюли хатарнок табдил ёфта истодаанд, ҳар яки моро новобаста аз ҷинсият водор месозад, ки дар ин самт тадбирҳои қатъи роҳандозӣ намоем.

Омӯзгори МТМУ №2-и ш.Хоруғ Риҷабекова К.

Log in

create an account