Мақолаҳо

Инро бояд ҳар як кас донад

Дар оғози асри 21 ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хатари азимедучор омад,ки ба тамоми инсонияту олам таҳдид мекунад. Ин фаъолияти номатлуби ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротгароӣ буда, халқҳои оламро сахт ба ташвиш овардааст. Терроризм падидаи нав нест. Он инсониятро дар муддатҳои дарози таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намудаву то имрӯз омадааст. Террористон мақсадҳои нопоки худро мехоҳанд ба воситаи тарсу ваҳм ва куштору зӯроварӣ амалӣ намоянд.

Дар даҳсолаҳои охир мо гувоҳи он гардидем, ки падидаҳои манфии иҷтимоӣ ҳаёти ҷамъиятиву сиёсиро халалдор намуда, ба сулҳу ваҳдат ва амнияти давлат халал ворид месозанд. Масалан, амалиёти террористӣ, ки 11 уми сентябри соли 2001 дар ИМА ба амал омад, нафарони зиёде қурбон шуданд. Аз ин ҳодиса як сол нагузашта буд, ки  23ӣ26 октябри соли 2002 дар Масква террористон кӯшиши гузаронидани чунин амалиётро ба гаравгон гирифтани беш аз ҳазор нафар аз мардуми бегуноҳ  намуданд, ки дар натиҷаи амалиёти зиддитеррористӣ  даҳҳо  нафар  аз  шаҳрвандони  ин давлат ҷон бохтанд.

 Аз ин сабаб ҷавононро лозим аст,ки бо андешаи солим ва воқеъбинона ба ҳар рафтору гуфтор  муносибат намоянд, то ба доми  фиреби  гурӯҳҳои ифротгаро наафтанд.

Экстремистону террористон  шахсонеанд, ки барои онҳо арзишҳои миллӣ, муқаддасот, маданияту санъат ва ғайра арзише надоранд. Зӯроварии хусусиятҳои сиёсидошта хоси экстремизм мебошад. Ташкили бетартибиҳои оилавӣ, ҷудоиандозӣ ва ҳаракатҳои авбошӣ ба экстремизму  террористон хос аст.

Ифротгароӣ пайравӣ ба ақидаю амалҳои ҷангҷӯёна мебошад. Ифротгароён дар  зери пардаи ислом фаъолият карда, ба худ манфиат меҷӯянд. Ин гурӯҳҳо номи  Исломро пасту доғдор менамоянд. Гурӯҳи ифротгаро ба корҳои ношояму зишт даст мезананд.Аз ин лиҳоз, ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстию худогоҳӣ, ростӣ ва сулҳу вафо бояд тарбия намуд, то ба  Ватанихуд содиқ бошанду ҳимояи марзу буми онро яке аз қарзҳои фарзанди ва ҷавонмардонаи худ донанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки  ҲНИ  дар Тоҷикистони тозаистиқлол бо дастури бегонагон чи бетартибиҳои зиди давлату миллатро роҳандозӣ накард.Маҳз бо иғвои ин ҳизби моҷарғҷӯ Тоҷикистон ба вартаи ҳалокат расид. Миллат хору забун гашт. Дар лаҳзаҳои душвортарин ин душманони миллат дар паноҳи хоҷаҳо паноҳ бурданд ва имрӯз аз ҳамон лонаи пинҳоншуда ба сӯи Ватан санг меандозанд. Ин қотилон дар таърих номи худро чун қотили миллат абади сабт намудаанд ва инро ҳар як фарди бедордили миллат бояд бидонад ва огоҳ бошад.

Шаҳриёр

Log in

create an account