Мақолаҳо

Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” – нидои миллат

 Филми мустанади “Хиёнат”, ки аз тарафи наворбардорони тоҷик таҳия гаштааст, бори дигари аъмоли ношоистаи бадхоҳону бадандешонро намоиш медиҳад. Филми мустанади “Хиёнат” оид ба ҳодиса ва воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта, ҷангҳо, нидоҳо, иттилоотии замони ҳозира буда, ба мардуми тоҷик симои хоинони миллат, хиёнатгарон, амалҳои пардапушона ва ношоистаро нишон медиҳад.

Дар филми мазкур далелҳои шайъӣ ва мусоҳибаҳои шоҳидони амалҳои зишту террористии афроди фурӯхташуда, аз ҷумла қатлу куштор ва ранҷу ситам додани мардуми бегуноҳ, ғорату гаравгонгирӣ ва аз байн бурдани равшанфикрони миллат нишон дода шудаанд, ки тамошои саҳнаҳои гуногуни он ҳар як инсони соҳибақлу бохирадро бетаъсир намегузорад ва водор менамояд, ки аз ин давраи нангини таърихӣ сабақ гирад ва саъю талош намояд, ки худ ва дигаронро боиси чунин бадбахтие нагардонад. Филми мазкур нишон медиҳад, ки он чӣ дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ба сари миллати тоҷик хоинони ин миллат овардаанд, ҳамчун як амали хоинона, зиддиинсонӣ ва нобахшиданӣ буда, бояд маҳкум карда шавад. Пас аз тамоиши ин филм ҳеҷ шахсе, ки дар замираш раҳму шафқат ва инсонияту имон аст, наметавонад нисбат ба нафарони ҷанги шаҳрвандию ҳазорҳо бадбахтии дигарро бар сари миллати тоҷик оварда нафрат надошта бошад.

Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ мо - хусусан кормандони ҷавони соҳаҳои мухталифи ҷомеаро месазад, ки дар пайравӣ аз ташаббусу иқдомҳои созандаи мардони хирад, баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ҳадафҳои рушди устувор камари ҳиммат баста, барои ояндаи ободу зебо, зиндагии орому осоишта, пойдории сулҳу субот, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва арзишҳои волои миллӣ саҳми арзишманд ва назаррасро дар хизмати содиқона ба давлату миллат ва Ватани азизамон Тоҷикистон анҷом диҳем, амалҳои хоинонаи хоинони миллатро қотеъона маҳкум намуда, бетарафӣ зоҳир накарда, барои решакан намудани амалҳои террористию ифаротгароёнаи онҳо мубориза барем.

Сулҳу суботи кишвари азизамон барои ҳамаи шаҳрвандони кишвар қиматтарин ва нодиртарин неъмат буда, моро мебояд ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар бандем, дар муқовимат ба афкори экстримистӣ ва террористӣ муташаккилона мубориза барем.

Ҷаҳди мо дасти ба дасту, қавли мо дасти ба даст,
Роҳи мо созандагиву руҳ бошад ношикаст.
Меҳри меҳанро ба дилҳо ганҷи Қорун мекунем,
Сад биёбонро ба ҷаҳди хеш гулгун мекунем.
Пайравӣ бинмуда сидқан ҳар каломи Пешво,
Сарнавишти Тоҷикистонро сипар моем, мо!

Муборакшоева Малика, ассистенти

кафедраи кафедраи забонҳои шарқ

Log in

create an account