Мақолаҳо

Ҷавонони Бадахшон ҳушёр бошед!

Имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ боз ҳамон сару садоҳои пешин, ки мо бадахшониёнро фирефта намуда, ба коми наҳанги сиёсат ворид намуданд, баланд гардида истодаанд. Ҷавонони Бадахшон бояд огоҳ бошанд,ки кашидани маҷрои сиёсат ба Бадахшон  ва Бадахшонро ҳамчун манбаи ангезаи сиёсӣ истифода кардан , мактаби пешвоёни собиқ ҲНИ мебошад.

Онҳо дар давоми фаъолияти сиёҳи худ тавонистанд ин мактабро равнақ бахшида ба он ҷомаи сиёсӣ пӯшонанд. Истифодаи идеологияи зидди давлатӣ ва ба он муаззаф кардани бархе дар шабакаҳои иҳтимоӣ  маъмул аст. Фазои иттилоияи эшон бештар ба Ислом нигаронида шудааст.  Истифодаи ислом ,дину мазҳаб ва расму оини мусалмонон шаҷараи паёми онҳост ,ки ҷавононро фирефта карда, ҳамчун васоити мубориза ба муқобили идеологияи давлатӣ истифода мебаранд.

Ба хотир биоред,дар майдонҳо муллоҳо ҷор мезаданд” Шерони  Бадахшон ба пеш, ба майдон шерони Бадахшон ворид мешаванд,мо бо шумоем бадахшониён”. Ана ҳамин вожаҳо имрӯз боз дар шабакаҳои иқтимоӣ  пайдо шуда истодаанд. Бояд огоҳ буд ,ки дар паси ин парда боз асрори сиёҳашон панаҳ дорад.

Як мисоли оддӣ меорам. Алоқаманд ба паҳн гардидани бебории сироятии “Корнавирус”,ки имрӯз тамоми ҷаҳон мубталои ин беморист ,бо дастур ва қарордоди Шӯрои уламои Тоҷикистон тамоми масоҷиди ҷумҳурӣ баста шуд.  Ба ин бемории хатарзо.ки ба миллат ва давлат таҳдид меорад, нигоҳ накарда, ҷавнон талош бар он доранд ,ки масоҷид боз кушода шавад то онҳо намози худро тавонанд дар масоҷид адо намоянд.

Бубинед ин қазия аз як тараф агар содда намояд аз ҷониби дигар назари таҳдид ва дархост дорад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бошад ин амал ,ки баҳри солимияти ҷомеа нигаронида шудааст аз ҷониби кабириҳо ҳамчун таҳдид ба дину мазҳаб маънидод мешавад. Ин суханони пуч ҷавонони аз сиёсати фиребои эшон бехабарро ба доми худ кашида, рӯ ба бероҳагӣ мениҳанд.

Дар урфият мегӯянд,ки “садои пой ланг аз дур меояд”  . Барои мардуми  иғвогар ҳарзагӯӣ ва сухансозӣ шуғли пайвастагӣ маҳсуб мешавад.

Истифодаи ҷавонон дар ҳама кор ва қазияҳои сиёсӣ одати ин зумраи сияҳкор ва авомфиреб аст. Дар ин роҳ онҳо бештар ба дину мазҳаб ва маҳалгароӣ такя намуда, садо баланд месозанд. Нишон додани фарзияҳои маҳалчигӣ бештар имрӯз ҷавононро ба шӯр меорад ва ба бероагӣ ҳидоят месозад.

Таъсиси ин моҷарои нав боз ҳам аробаи валангори ин гурӯҳро кашидан аст. Бо ҳар роҳе ,ки набошад мардумро фиребидан ва дар шуури мардум ҷой додани ақоиди зиди давлатӣ ва ҳамчунон ақоиди зиддӣ  роҳбари давлат яке аз вазоифи авалияи ин ҳангмаҷӯён аст

Падид овардани ангезаи нави сиёсӣ байни мардум,шикасти мафҳуми иттиҳоду ягонагӣ,сулҳу ваҳдат ва ҳамбастаги имиллӣ мақсади аслии онҳост. Чеҳраи аслии эшон дар сухани онҳо ҳувайдо мегардад. Ҳама вақт айбҷӯи мекунанд, ҳама чизри майда чударо ба гардани роҳбари давлат бор меандозанд. Дар як мақолааш Додоҷон Атовулоев ин гурӯҳро гурӯҳи авбошон номидааст,ки ҳақ ба ҷониби ин рӯзноманигор аст.

Кори онҳо бадтар аз авбошист.Бо рафтору кирдор ва амали худ онҳо собит намуда истодаанд,ки ақоиди зидди давлату миллат дошта ,душмани сулҳу ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти Тоҷикистонанд. Онҳо падидаҳои навини давлату миллатро ,ки имрӯз таҳти ҳидояти Президенти кишвар амалӣ мегарданд .нодида мегиранд.  Онҳо пуштибони миллат не, душмани миллатанд. Инро бояд ҷавонони мо хуб дарк карда тавонанд.

                                                                   ШАҲРИЁР

Log in

create an account