Мақолаҳо

Аз терроризму экстремизм бояд ҳазар кард

Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯзабуда, махсусанҷавононробоҳаргунаваъдаҳоибардурӯғидиниюдунявӣҷалбнамуда, онҳоробаҷараёнҳоитеррористӣсафарбарменамоянд. Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғаӣра мавзӯи асосӣ ба пайвастани шарвандон ба гурӯҳҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.

Ба оташи андешаи ботили ин гуна шахсон аз «Давлати исломӣ» cap карда, то толибону ҳизбҳои дигари ба номи«исломӣ»равғани бештар мерезанд.

Дар замони муосир сафи низомиёну ҷангиёни гурӯҳҳои террорист аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони бадоми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии наҷавонон аст.

Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллатҳо нест. Барои он ки дини мубини ислом минбаъд ҳамчун манбаи зӯроварию фишор қаламдод карда нашавад, мо бояд ба ҷаҳолат маърифатро муқобил гузорем ва ба ҷои муқовимати тамаддунҳо гуфтугӯи тамаддунҳоро ба роҳ монем. То замоне, ки инсоният ба ҳамкорӣ ва гуфтугӯи судманд муваффақ нагардад, хатари терроризм ва ифротгароӣ боқӣ мемонад.

ИмрӯзТоҷикистон аз воқеаҳои ҷаҳони Ислом бетараф будан наметавонад, зеро даргириҳои Шарқи Наздик ба ватани мо низ таҳдид дорад. Душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазоӣ ороми кишвари моро халалдор намоянд, аз хориҷа истода тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи телевизонҳои моҳворавӣ ва шабакаҳои интернетӣ ба халқи азизи мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулху субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқом қарор медиҳанд ва мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои дохилӣ, азҷумла баъзе ҳизбу ҳаракатҳои“исломӣ”-и ватанӣ, инчунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд.

Террористону экстремистон, хоинону ватанфурӯшон ҷиҳод алайҳи кӣ эълон медоранд? Муқобили мусулмонон, муқобили калонсолону кӯдакон, ҳамдиёрону ҳамватанони худ. Вазифа меистад, ки шахсони масъул, шуъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, аминони маҳаллаҳо, зиёиён бояд ба мардум фаҳмонем, ки аз Худо битарсанд ва ба даъвати душманону хоинон боварнакунанд. Онҳое, ки аз хориҷи кишвар одамонро ба ҷиҳод ташвиқ мекунанд, дар асл хоинони миллат, ватанфурӯшони зархариданд, ки имрӯз аз Сурияву Ироқ фардо дар Амрикову Аврупо баромад мекунанд. Ҳамаи гуфторашон дурӯғ, кирдорашон фисқ ва замирашон пур аз нифоқ аст. Ба хотири пули ночиз ба Тоҷикистони азиз хиёнат карда, мехоҳанд одамонро ба вартаи ҳалокат афкананд.

Дар ин давраи ҳассос мо бояд бениҳоят ҳушёр ва эҳтиёткор бошем. Ба насли ҷавон ва наврас тарзи ҳаёти солим, бидуни ҳар гуна ҷангу ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки барои бекориву зоеъ рафтани вакти холӣ фурсат наёбанд.

Бештар ба забономӯзиву ҳунармандӣ ҷалб гарданд, то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд. Ҳаргиз ба даъватҳои бардурӯғи аҷнабиён бовар накунанд. Дар олами Ислом ҳеҷгуна ҷиҳод нест. Ҳама ишорҳое, ки аз номи Ислом,аз тарафи экстремистонутеррористон садо медиҳанд ва одамон, бахусус ҷавононро ба ҷиҳод ва барпо кардани хилофати исломӣ тарғиб менамоянд, дурӯғи маҳз аст.

Мо бояд ба наврасону ҷавонон фахмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯширо ба харҷ диҳем, то ин ки Ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигаҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу ҳимояи Ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон, тарғиби некиву накӯкорист.

Мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон посбони сулҳу суботи кишвар мебошем.

Дар ҳақиқат терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни накдиётӣ ба сифати гарав ва амсоли он дониста мешавад.

Экстремизм хислати чудоихохӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Бо ибораи дигар оқибати экстремизм терроризм аст. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем ин ҳар ду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар доранд.

Тоҷикистонро давлати ҷавонон ном бурдани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвоимиллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифодагари он аст, ки он кас ба кувваю иродаи ҷавонони кишвар итминони комил доранд ва хоҳони он ҳастанд, ки насли наврасу ҷавони кишвар ин рисолати худро сарбаландона иҷро намуда, аз пайи омӯзишу тадқиқ бошанд.

Яке аз масъалаҳое, ки боиси нигаронии ҷомеаи кишвар гаштааст, ин коста шудани маърифату худогоҳии ҷавонон оид ба пос доштани таъриху фарҳанг, арзишҳои ахлоқӣ ва маънавии миллӣ, ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифати ҷавонон мебошад, ки ин боиси гаравидани онҳо ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ, зиёд гаштани майли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона мегардад.

Дар замири ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу хунари муосир,меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонун ташаккул бояд дод, зеро онҳо дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намоянд, ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона созанд.

Муаллими калони кафедраи забонҳои шарқ Мирзошоев С.

Log in

create an account