Мақолаҳо

Тўҳмату бўҳтон бас аст!

Пайравони Ҳизби наҳзати исломи  дар Тоҷикистон  мамнуъ ҳанўз ҳам орому осуда нанишиста, ба тўҳмату буҳтони давлату намояндагони Ҳукумати кишвар машғул мебошанд. Аъзои ҳизби террористӣ Муҳаммадиқболи Садриддин ҳатто ба роҳбарони сохторҳои қудратӣ дарафтода, онҳоро зери танқиду тўҳмати беасос қарор додааст. Ба гуфти ў гўё  Сардори Раёсати кумитаи амнияти миллии кишвар Саймуъмин Ятимов аз мансаби худ суйистифода бурда, қитъаи заминеро, ки дар тавозуни Сарраёсати Қушунҳои сарҳадӣ буд, аз худ карда, дар он ба воситаи соҳибкор Муродов Маҳмуд барои худ бинои баланд ошёна сохтааст.

     Дар паймони миллӣ боз Муҳамадиқболи Садриддин гуфтааст, ки гўё  Саймумин Ятимов бо  суйистифода аз вазифаи ишғолнамудааш заминҳои шўъбаи КДАМ-и дар ноҳияи Варзоб бударо хусусӣ гардонда, бо ҷалби соҳибкорон барои духтараш Ятимова С  истироҳатгоҳи боаҳшамат бунёд намудааст, ки арзиши бозории он зиёда аз 500 ҳазор доллари амеркоӣ мебошад.

     Садриддини ҳангомаҷўю дуруғгў  боз чанд далелҳои  қалбакиро пешкаш намуда, бо ин  восита Сардори Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистонро бо «амалҳои ғайриқонунии коррупсионӣ», азхуд намудани моликияти давлатӣ айбдор кардааст. 

    Аммо ҳамагон хуб медонанд, ки Саймуъмин Ятимов чун шахси мўътабар ва роҳбари поквиҷдону донишманд ба ҳеҷ ваҷҳ ба амалҳои ғайрқонунӣ даст намезанад.

     Пайравони ҳизби наҳзати исломӣ ба мисли Садриддин бо ташвиқоту тарғиботи беасоси худ бори дигар чеҳраи  манфури худро  нишон доданд. Онҳо ба ин амалҳои  ноҷавонмардонаи худ кўшиш доранд, ки тухми  низоъро боз дар Тоҷикистон ороми мо коранд. Аммо  ин кўшишҳои  душманони миллатро касе дастгирӣ  нахоҳад кард.

    Чунки алҳол дониши сиёсӣ ва маърифати динии мардум боло рафта,ягон қувва наметавонад, ки сиёсати  пешгирифтаи давлатро дигаргун ва аҳли ҷомеаро раҳгум созад. Ҷавонони  имрўза даҳшати ҷанги  шаҳрвандиро нодида бошанд  ҳам, аз он солҳои фоҷиабор тавассути матбуот, филмҳои мустанад бохабаранд. Ягон ҷангу ҷидол  ба ягон мамлакат то ҳанўз фоидае наовардааст. Баръакс ҷангу хунрезӣ иқтисодиёти мамлакатро  хароб ва мардуми онро муфлис мегардонад. Мо набояд ба зархаридон, яъне душманони миллат боварию эътимод дошта бошем. Мардуми Тоҷикистон аллакай сиёҳро аз сафед фарқ карда дигарбора намехоҳанд, ки тавассути муноқишаҳо боз ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шавад.

Log in

create an account