Мақолаҳо

Кабири кист, миллатфурӯш ё мазҳабфурӯш?

Яке аз сабабу омилҳое, ки боиси ба хурофотзадагию хурофотпарасти гирифтор шудани миллати тоҷик гардид, ин ҷанги шаҳрванди мебошад. Ин ҷанги хонумонсуз зиёда аз 1 миллион шаҳрвандони моро водор намуд, ки рӯ ба гурез ниҳода ба давлатҳои хориҷа ҳиҷрат намоянд…

Банда шоҳиди ҳаводиси солҳои ҷанги шахрванди дар қаламрави кишвар мебошам. Ташкил шудани гурӯҳои яроқнок, бенизоми, беамни, кушта шудани наврасу ҷавон, пиру барно падидае буд мудҳиш ва ногуфтани. Пеш аз оне, ки дар бораи ҷиноятҳои роҳбари ТЭТ ҲНИ М.Кабири сухан гӯям, бояд омилу сабабҳое, ки миллати тоҷикро рӯ ба хурофот овард, гуфта гузарам. Баъди сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки он ҳам қаблан аз ҷониби давлатҳои ба мо маълум тарҳрезӣ ва бо дасти ТЭТ ҲНИ амали гардида буд, аъзоёни ин ташкилоти террористӣ дар ин ҷанг мақсад ва манфиатҳои худро пиёда намуданд. Аз ҷумлаи онҳо дар давоми солҳои ҷанги хонумонсуз тахминан то солҳои 2015 наврасону ҷавононро аввал ба ҶИА ва баъдан ба марказҳои динии давлатҳои хориҷа аз ҷумлаи онҳо, Эрон, Сурия, Ироқ, Турция, Ливия, АМА ва дигар давлатҳои мусалмони ҷиҳати омӯзиш ва гирифтани таълимоти динӣ равон менамуданд. Хонандаи азиз худ қазоват кунед, ки дар ин давлатҳо таълимоти динӣ якранг ва аз рӯйи як мазҳаб гузаронида намешуд. Албатта ҳар як давлат аз рӯйи хусусият ва манфитаҳои динӣ, мазҳаб ва нигоҳи худро ба шариат ба мағзи ин ҷавонони ноогоҳ ва аз дин бехабар меомузонид ва баъди чанде онҳоро бозпас ба қаламрави ҶТ равон менамуданд. Дар он солҳо дақиқ намудани он, ки ин ҷавонон кадом равияро омухтаанду ба кадом мазҳаб шомиланд ва онҳо таълимоти ҳарби террористӣ гирифтаанд ё не ғайриимкон буд зеро вазъият дар ҷумҳури ноором буд. Бади оне, ки ин ҷавонон ба Тоҷикистон баргаштанд М.Кабири ва ҳизби ташкил намудани онҳо ин ҷавононро ба манфитаи шахсии худ истифода намуда онҳоро вазифагузори менамуданд, ки миёни сокинони маҳалли илме, ки дар хориҷа омӯхтаанд таълимот диҳанд. Дар натиҷа аксари толибилмони марказҳои исломии давлатҳои хориҷа ба фаҳмиш ва ақидаҳои қабулнамудаи худ дар хориҷа ба  додани таълимоти динӣ ба фарзандони мо машғул гардиданд. Ин омил боиси он гашт, ки миёни ҷомеаи шаҳрванди назарҳо ба дини мубини Ислом гуногун гардид. Ҳар кас ақида ва фаҳмиши худро дуруст ва онро яқин ном мебурд. Равияҳои гуногуни динӣ пайдо шуда, шаҳрвандон рӯй ба хурофтот оварданд.

Дар ин миён нақши Кабири он буд, ки ҷомеаи шаҳрвандиро ба гӯрӯҳҳо аз нигоҳашон ба дин ва сохти давлатдори ҷудо намуда, миёни онҳо ихтилоф оварда боз як ҷанги шаҳрвандиро дар Тоҷикистон тарҳрези намояд. Баъди оне, ки бо ташаббуси Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои-миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарори Ҳукумати ҶТ оиди баргардонидани толибилмони марказҳои динии давлатҳои ҳориҷӣ баромад аксари ҷавонон ба қаламрави ҶТ баргаштанд ва ин иқдом каме бошад ҳам пеши роҳи хурофотро гирифт.

Яке аз далелҳое, ки аз миллатфуруш ва мазҳабфуруш будани ҷаноби Кабири гӯвоҳи медиҳад ин сабти овозии гуфтугӯйи ӯ бо ҳамсараш, ки дар шабакаҳои иҷтимои интернетӣ пахш гардида буд, мебошад. Баъди хуб гӯш кардани ин сабт ба ман маълум гардид, ки   М.Кабири читавре, ки дар боло қайд намудам барои пиёда кардани манфиати давлатҳои хориҷи дар Тоҷикистон аз онҳо маблағхои калони пули мегирифтааст. Худ қазоват кунед, ки як давлати бегона бо кадом мақсад ба сардори як ташкилоти террористӣ маблағи пули медодааст. Албатта саволест, ки ҷавоби онро кӯчактарин нафар медонад.  

Баъди ин гуфтаҳо бар меояд, ки шахсе, ки мардуми худро террор кардааст на мазҳаб дораду на миллату давлат

Мирзошоева А. омӯзгори МТМУ № 2

Log in

create an account