Мақолаҳо

Конститутсия- шоҳсутуни давлат ва бахтномаи миллат

Ҳамасола халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни фархундаи қабул гардидани Қонуни Асосӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсози худ–Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо як ҷаҳон фараҳу шодӣ таҷлил мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикиашон ба муносибати Рўзи Конститутсия қабули ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти миллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд додаанд:

«Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рўйдодҳои муҳиҳтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештар мегардад».

Қабули Конститутсия агар аз як тараф, дастоварди таърихӣ бошад, аз ҷониби дигар, татбиқи меъёрҳои он, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад.

Арзишҳои ин ҳуҷҷати муҳим инъикосгари сиёсати инсондўстонаю инсонпарварона ва эътирофу эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд будани он маҳсуб гардида, шаҳодати ин нуқта озодии баён, матбуот, виҷдон ва дин дар Тоҷикистон аст.
Конститутсия тартиботи асосии ҳуқуқии ҳаёти ҷомеа буда, аз ҷиҳати мазмуни худ қонуни асосии мамлакат мебошад. Вай поягузори давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии Тоҷикистон буда, системаи принсипҳои асосии бунёди давлат дар боби аввали Конститутсия асосҳои сохтории он муқаррар шудааст. Он тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву идеологӣ ва соҳаи байналхалқиро дар бар мегирад.

Шоистаи тазаккур аст, ки дар ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар соҳаи байналхалқӣ принсипҳои ошкоро будани системаи ҳуқуқии Тоҷикистон нисбат ба принсип ва меъёрҳои байналхалқӣ муайян мешаванд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳоеро ба давлату миллати тоҷик дод, ки онҳо баҳри ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона арзиши хосаеро доро мебошанд. Дар қатори онҳо ин дастовардҳоро дар кишвари азиз ном бурдан мумкин аст:

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳдати миллиро эҳё намуда, ба волоияти ҳокимияти давлатӣ замина гузошт.

- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти конститутсиониро эҳё намуд.

Ин аст, ки дар заминаи муқаррароти Конститутсия халқи кишвар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, парлумони касбиро таъсис дод. Вобаста ба талаботи ҷомеаи имрўза дар асоси Конститутсия сохторҳои нави идоракунӣ ташкил ва сохторҳои пешина тағйиру такмил дода шуданд. Ба ҷои Шўрои Олӣ ташкили Маҷлиси Олӣ ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҷои Президиуми Шўрои Олӣ Раёсати Маҷлиси Олӣ, ба ҷои Раиси Шўрои Олӣ Раиси Маҷлиси Олиро муқаррар кард.

Дар асоси муқаррароти Конститутсияи соҳибистиқлол дар Тоҷикистон бисёр ҳизбӣ–рукни муҳимтарини сохти мардум солорӣ бунёд ёфт. Дар соҳаи иҷтимоӣ – иқтисодӣ низ дигаргуниҳои бузурге ба амал омаданд. Гуногуншаклии моликият ва рушди озоди соҳибкорӣ аз ҷониби давлат ва ҷамъият пуштибонӣ меёбад. Дар асоси он системаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мегардад. Аз ҷумла, гузаштан ба низоми бисёрзинагии таҳсилот дар соҳаи маориф, ба системаи пешқадами тандурустӣ маҳз ба шарофати муқаррароти Конститусияи давлати соҳибистиқлоламон даст дод.

Тамоми корҳое, ки дар партави Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон анҷом дода шудаанд, танҳо ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва фаъолият барои шаҳрвандон ва мустаҳкам намудани Ваҳдати миллии тамоми сокинони Тоҷикистон анҷом дода шудаанд.

Имрӯз баъди сипарӣ гардидани 26 сол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимодамон қавӣ мегардад, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари тоҷикон, кафолатбахши амнияту осоиши кулли халқу миллатҳои сокини сарзамини тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳроҳи эътимоду боварӣ, раҳнамунсози миллати соҳибтамаддуни тоҷик ҷониби қуллаҳои баланди Истиқлолияти давлатӣ, пешрафту созандагӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва худшиносию ҳуввияти миллӣ мебошад.  

Конститутсия шоҳсутун, бахтномаи миллат ва тақдирсози имрӯзу фардои давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Ҳифз ва риоя кардани он барои ҳар як фард қарзи шаҳрвандӣ аст. Ин санади тақдирсоз ҳамчун шаҳодатномаи адолатхоҳи бунёдкорӣ, ваҳдат талаби Тоҷикистон аст.

Директори китобхонаи вилоятии

ба номи А.Рӯдакӣ Г.Орумбекзода

Log in

create an account