Мақолаҳо

ТТЭ ҲНИ як нерўи зиддибашарӣ аст

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи байни тоҷикон барқарор ва устувор гардид ва давлати мо аз хатари даҳшатбори нобудӣ раҳоӣ ёфт. Вале дар замони мо шахсоне, созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд афкор ва мақсадҳои худро бо ҳар роҳу васила ва амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ифротгароӣ ва терроризм - яке аз чунин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Терроризму экстремизм ва ифротгароӣ ҳамчун вабои аср ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам мезанад. Ҳол он ки, ҳеҷ ҷомеае бидуни таъмини амнияти иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард. Ҷуғрофияи нооромиҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра торафт доман паҳн намуда, имрӯзҳо миллионҳо нафар гирифтори хавфу таҳдид ва оташи хонумонсӯзи ҷангу низоъҳо гардидаанд. Зуҳуроти номатлуби терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору харобиовари ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор овардааст.

Ба ҳама маълум аст, ки ҷанги дохилиро дар Тоҷикистон маҳз ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ роҳандозӣ карда буд ва бо ин амали нангинаш боиси куштори бештар аз 150 ҳазор шаҳрвандон ва бехонумон шудани садҳо ҳазор нафар гардида буд. Аммо намоиши бахшҳои нави филмномаи мустанади “Хиёнат” тавассути шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон, ки аслан дар бораи гаравгонгириҳои саркардаҳо ва аъзои ҷинояткори ТТЭ ҲНИ маълумот медиҳад, дар воқеъ барои мардум як абзори муҳими дастрасӣ ба таърихи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва хиёнатҳои муздурони хориҷӣ аст.

Насли калонсоли ҷомеаи мо ҷанги шаҳрвандӣ ва замони фаъолияти ташкилоти террористии ба ном ҳизби наҳзатӣ бо хиёнат ва фаъолияти тахрибкоронаи собиқ роҳбари ташкилоти террористии наҳзатиён ва ҳаммаслаконаш аз наздик шинос мебошанд ва аксарият аз разолату ваҳшонияти онҳо дарду доғе дар дил доранд ва онро ҳаргиз фаромӯш карда наметавонанд, аммо насли ҷавон шояд ба ҷуз маълумоти умумӣ ва парешон дар бораи ин ҷанги бунёдсӯз чизе намедонанд. Маҳз аз ин сабаб намоиш додани ин филмнома, ки моломол аз далелҳои муътамад дар бораи ваҳшонияти тарроҳону татбиқкунандагони ин ҷанги хонумонсӯз аст, аҳамияти зиёде дар ташаккули зеҳни ҷавонони кишвар ва ҷилавгирии гироиши онҳо ба гуруҳҳои террористиву экстремистӣ дорад.

Бо фирорӣ гардидани саркардаи ҷинояткори ТТЭ ҲНИ ва мамнуъ эълон гардидани фаъолияти ин ташкилоти террористию экстремистӣ мардум гумон доштанд, ки нафаси орому осуда мекашанд ва ба зиндагии орому осоиштаи худ идома медиҳанд. Сокинони кишвар мутмаин буданд, ки саркардаи наҳзат ва ҳаммаслаконаш пас аз фирор намудан ба хориҷи кишвар, дигар ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонанд ба онҳо осеб расонанд, аммо афсӯс, ки ин баддилону бадхоҳон аз хориҷи кишвар низ ба сӯи Тоҷикистон ва миллати тоҷик санг меандозанд.

Саркардаи ҷинояткору террористи наҳзат ҳамчун каждуми таги бурё ҳамвора сар бароварда, нисбати фаъолияти созанда ва ободгаронаи ҳукумату маъмурияти кишвар мавқеъгирии муғризона доштани худро ба намоиш мегузорад. Дар ин замина вай мудом кӯшиш мекунад, ки ҳар гуна суханони иғвоангезро расонаӣ кунад ва ба ин васила фазои афкори оммаро дар Тоҷикистон бӯғранг созад, ба вижа дар ҳамин марҳилаи ҳассосе, ки қарор аст интихоботи президентӣ баргузор шавад.

Бояд таъкид дошт, ки алалхусус бахши панҷуми филмномаи мустанади “Хиёнат” барои мардуми тоҷику тоҷикистониён бештар ҷанбаи омӯзишӣ дорад. Дар ин бахш филми мустанад дар боби чеҳраи воқеии саркардагони хоину пайравони худбохтаи онҳо, ки нисбат ба мардуми бегуноҳи кишвар, яъне ҳаммиллатону ҳаммеҳанони худ амалҳои ваҳшиёнаву ғайриинсониро ба анҷом мерасонанд, маълумоти воқеӣ медиҳад.

Мардум бо тамошои ин филм пай мебаранд, ки солҳои 90-уми асри гузашта наҳзатиён бо иғвоангезӣ дар миёни ду майдон мардумро даргири ҷангу мубориза намуданд ва сабабгори марги зиёда аз 200 ҳазор нафари бегуноҳ гардиданд. Онҳо ба хотири пулу мол ва сарват раҳму шафқат ба ҳаммеҳанони хеш накарданд. Имрӯз низ дар чеҳраи онҳо осори пушаймонӣ аз кирдори ноҷавонмардона ба мушоҳида намерасад.

Ҳар касе филмномаи “Хиёнат”-ро тамошо мекунад, ба осонӣ дармеёбад, ки наҳзатиёни хоину худбохта бо фаъолияти тахрибкорона ва дасисабозиҳои ошкорову пасипардагии худ теъдоде аз сокинони кишварро гумроҳ карда буданд. Ин филмнома ба сокинони кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ симои воқеии наҳзатиёни террористро кушода, мақсаду мароми миллатситезонаи онҳоро дигарбора бармало кард.

Акнун тамоми мардуми кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ то кадом дараҷа бадхоҳу зиддимардумӣ будани наҳзатиёни террористу хоинро медонанд ва аз мақсадҳои касифи онҳо огоҳ ҳастанд. Албатта мардуми Тоҷикистон, ки имрӯз бо дастгирии сиёсати созандаи Сарвари давлат барои пешрафту тараққии кишвар талош менамоянд, ҳар як амали зишти ин тудаи душманро маҳкум менамоянд. Созмонҳои байналхалқӣ ва кишварҳои хориҷӣ, бахусус давлатҳои аврупоӣ низ бо тамошои филми мазкур чеҳраи аслии ТТЭ ҲНИ-ро мешиносанд ва дарк мекунанд, ки он як нерўи зиддибашарӣ аст.

Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 29 соли соҳибистиқлолии кишвар ҷанги бародаркуширо хотима бахшида, кишвари ба пораҳо тақсимгардидаро ба як кишвари воҳид табдил доданд ва имрўз насли ҷавони кишвар дар фазои оромиву осудагӣ, тинҷию фазои комили ваҳдати миллӣ умр ба сар бурда истодаанд. Вале хоинони миллати тоҷик, ки ин ҳама пешравию созандагиро бо чашми хеш дидаанд, дар фазои оромиву осудагии он зиндагӣ кардаанд, ин ҳамаро нодида мегиранд, нону намаки ин миллатро хўрда, дар намакдонаш хок пошиданд. Амали хоинонаи онҳо аз ҷониби ҳар як ҷавони ватандўстдор беҷавоб нахоҳад монд.

Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯстро лозим аст, ки даст ба дасти ҳам шаванд ва дар ҳамбастагӣ ҷавонони гумроҳро аз ин зулмот раҳо дода, то шоҳроҳи Истиқлолияту Ваҳдат раҳнамоӣ кунем. Ҳамаи мо вазифадорем, ки худ намунаи ибрати дигарон бошем. Нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, ҷавонони кишварро баҳри ободу зебо гардонидани ватани маҳбубамон ҳидоят созем. Пеши роҳи шомилшавии ҷавононро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегонапараст ва хиёнаткор бигирем. Пос доштани арзишҳои миллиро ба онҳо фаҳмонем, то воло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту меҳанпарвар бошанд.

Бо итминони комил гуфта метавонем, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони шарафманди тоҷик дар ободӣ ва шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузошта, баҳри таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти миллӣ хидматҳои шоиста хоҳанд кард.

Меҳровар ҚАЛАНДАРЗОДА,

таҳлилгар

Log in

create an account