Мақолаҳо

Қаллобиҳои «кабутари сафед» ошкор шуд

Муҳаммадиқболи Садриддин ё худ «кабутари сафед» пас аз он, ки ҷинояти қаллобиаш ошкор гардида, аз тарафи Прокуратураи генералии ҶТ бо моддаи моддаи 247 қ.4 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард вай ба туҳмат кардани раҳбарону шахсиятҳои шинохтаи Тоҷикистон ва бадномсозии мақомоти давлатӣ боз пардохт.

Вақте, ки шахс ба мазмуну муҳтавоӣ навиштаҳои ин хоини ватанфурушро дуруст дарк мекунад, маълум мегардад, ки ӯ аз тарафи давлатҳои хориҷӣ бо як миқдор маблағи ночиз харидорӣ шудааст ва имрӯз ин давлатҳо «кабутари сафед»-ро мисли занҳои сабукпо истифода бурда истодаанд.

Имрӯз мо Муҳаммадиқболи Садриддинро «қаллоби №1» ё «муллои ҳиллагар» гуем, хато нахоҳем кард. Зеро ӯ номардона рафтор карда, соли 2010 дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ба боварии 3 нафар соҳибкорони тоҷик даромада, 430.000 доллари ИМА аз онҳо қарз гирифта, оиди баргардонидани қарзи худ фаромӯш кардааст.

Лозим ба ёдоварист, ки оромию суббот ва пешрафти имрӯзаи давлати тоҷикон маҳз натиҷаи хизматҳои ҳазорон кормандон, сарбозону афсарони мақомоти амният ва сохторҳои дигари қудратии Тоҷикистон аст. Садҳо нафар кормандони ин ниҳодҳо ҷони худро барои сохти конститутсионӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар фидо намудаанд.

Кабутари сафед бошад дар оғуши хоҷагони хориҷиаш дар давлатҳои Аврупо зиндагонӣ карда, Ватану миллат имруз барои ӯ ягон арзише надорад. Ба Муҳаммадиқболи Садриддин танҳо манфиати шахсиаш муҳим аст. Барои ба дастовардани даромади муфти моддӣ ӯ ба ҳама кор қодир аст.  

Дар миёни наҳзатиёни ҷинояткор, ки аз адои ҷавобгарии ҷиноӣ фирор карда, дар давлатҳои Аврупоӣ умр ба сар мебаранд, динситезтарину ҳиллагарашон Муҳаиммадиқболи Садриддин мебошад, зеро имрӯз қаллобиаш ошкор гардида, боз худро мисли «мусичаи бегуноҳ» вонамуд карда, дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба туҳмату таҳқири Ҳукуматии кунунии кишвар машғул аст.

Андешаронӣ, фикри баёни афкори ин палиди одамсират аз мубаллиғони ТБТ «ДИ» ягон фарқе надорад.

Банда пас аз мутолиаи мақолаҳои интишор намудаи ӯ, ба худ суоле медиҳам, ки чаро М.Садриддин чунин андеша ва афкор нисбати гузаштагони меҳани худ, диёри зебоманзари худ дорад?

Пас аз ин суолҳо боз ба хотир меорем, ки падараш марҳум Садриддинов Қаландар, таъсисдиҳанда ва яке аз аъзоёни фаъоли ТЭТ «ҲНИ» буда, давраи кудакиву навраси ва ҷавонии М.Садриддин пурра зери нуфузи дин ва ақидаҳои ифротиву террористӣ гузаштааст. Барои ҳамин то имрӯз ҷаҳонбинии ин даюс танг буда, сиёсати созандаву ободкоронаи Ҳукумати кишвар, меҳнатҳои шабонарузии Сарвари давлати тоҷикон ва кормандони сохторҳои давлатиро дар ягон баромади худ қайд наменамояд. Танҳо тибқи супориши аз хоҷагонаш гирифта амал карда, ба туҳмату буҳтон машғул аст.

Яқин ман боварӣ  дорам, ки Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз наҳзатиҳои ифротӣ, қаллобу даюс, боз ноҷавонмардона дар сомонаҳои хабарии ифротӣ бар зидди давлату миллати худ туҳматҳои навбатиро фикр карда, паҳн мекунад.

Бояд Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳаммаслакони наҳзатиаш бидонанд, ки рӯзе барои амалҳову рафторҳои хиёнаткоронаи худ бар зидди Ватан, дар назди қонун ҷавоб хоҳанд дод.

П. Саодатқадамов

нафақахур, сокини н.Шуғнон

Log in

create an account