Мақолаҳо

Дар ҳалқаи рашку ҳасад

Дар бораи ин, ки чаро аъзову роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ба Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукуматаш бо рашку ҳасад менигаранд...

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар итихоботи рӯзи 11 октябр ғолиби мутлақ гардид, савганди президентӣ ёд кард ва ба иҷрои вазифаҳо барои давраи нави роҳбарӣ шурӯъ намуд. Ин ки аз қабл ба ғалабаи ӯ аксарият шубҳа надоштанд, мавзӯъи дигар аст, аммо ҳамин ғалаба ва ҳамчунин, пирӯзиҳо дар интихоботҳои гузашта ҳамеша боиси рашку ҳасади аъзову роҳбарияти Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзат будааст. Ва натанҳо рашку ҳасад, балки кинаву ғаразҳои аъзову роҳбарияти ин ташкилот ҳамеша боиси ин буда, ки баъди интихоботҳо аз зӯроварӣ кор гиранд ва ба сари мардум - интихобкунандагон силоҳ кашанд.

Гап сари он меравад, ки ҳар вақте Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот пирӯз мегардад, баробари ба иҷрои вазифаҳо шурӯъ намуданаш неруҳои ба ном мухолиф, аммо террористӣ, бахусус, роҳбарони ташкилоти террористии мазкур қаламу қоғаз гирифтаву ба бадгӯиву сиёҳкунӣ ва таҳқиру таҳриф мепардозанд. Вақте ба ин ҳам муваффақ намегарданд, чун мардум ба онҳо бовар надорад ва аз ғаразҳои онҳо огоҳ аст, ба даст силоҳ гирифтаву ба зидди давлат ва мардум тир мекушояд. Намунаи охираш сентябри соли 2015, дақиқан баъд аз интихоботи парламентии ҳамон сол буд, ки он вақт ҳеч кадоме аз номзадҳои ин ташкилоти террористӣ ҳатто 1 дарсад овоз нагирифтанд. Яъне, агар ман ба наҳзат овоз надиҳам, ба сарам бо силоҳ меоянд. Ин намунаи барҷастаи ҷоҳилият аст.

Рашку ҳасади наҳзатиён аз ин ҷост, ки чаро мардум Эмомалӣ Раҳмонро дӯст медоранду ба ӯ эътимод доранд, бо ӯ фахр мекунанд, аммо ба наҳзатиён ҳамеша лаънат мефиристанд, ба онҳо нафрат доранд?

Барои посух ёфтан ба ин суол пажуҳиши илмӣ ё кофтуковҳои таърихнигорӣ шарт нест. Пеши назар овардани воқеияти даврони истиқлолият кофист, ки чеҳраи хашини ин ташкилотро бишносем. Баръакси ин ташкилоти террористӣ, ки гуфтем, талош дорад, аз роҳи зӯроварӣ ва зӯри силоҳ ҳукуматро ғасб кунад, Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бо эътимоду бовари мардум – раъйдиҳандагон кор гирифтааст. Ҳамин аст, ки мардум ба Президент ва ҳукуматаш муҳаббат дорад ва Ҳизби наҳзатро бо лаънату нафрат садо мекунад.

Инро бояд дар ёд дошт, ки ба шикастҳои шармандавори Ҳизби наҳзат дар интихоботҳои Тоҷикистон маҳз худи аъзову роҳбарияти ин ҳизб айбдоранд. Онҳо ҳеч вақт натавонистанд, ки боиси эътимод бошанд. Ҳар як интихобкунанда дар Тоҷикистон хуб дар ёд дорад, ки чӣ гуна наздиконашон бо дасти силоҳдорони наҳзатӣ кушта шуданд, чӣ гуна мавриди қатлу ғорат ва таҷовуз қарор гирифтанд. Ҳамин аст, ки ҳоло ва садсолаҳои дигар ҳеч кас дар кишвар аз ин ҳизб пуштибонӣ намекунад.

Аз ҳамин ҷост, ки аъзову роҳбарони ин ташкилоти террористӣ талош мекунанд, бо кишварҳои алоҳидаи манфиатдор ва созмонҳои дигари ифротгаро забон як карда, алайҳи Тоҷикистон ва мардумаш барномаҳои сӯзанда ва сиёҳкориҳоеро амалӣ намоянд. Масалан, маълум гардид, ки ҳамон кушиши табаддулоти давлатӣ дар сентябри соли 2015 ҳам бо хадамоти махсуси бархе кишварҳо ҳамоҳанг шуда, ҳадафаш бори дигар ба хоку хун кашидани Тоҷикистон будааст.

Ба бахти мо, ба истиснои солҳои 90-уми асри гузашта, ки то андозае ба ғафлат монданамон боиси рехтани хуни ноҳақ шуд, солҳои минбаъда ҳукумат ва давлати Тоҷикистон ҳамеша барои баргардонидани зарбаҳои ин ташкилоти террористӣ сипари боэтимод гардид. Ҳамин тавр, минбаъд ТТЭ ҲНИ ҳеч вақт натавонист чи аз роҳи фиребу тақаллуб ва чи тавассути зӯроварӣ ба ҳукумат роҳ ёфтаву кишварро ба майдони тохтутози худ табдил диҳад.

Дар баробари ин, агар мушоҳида карда бошем, ду интихоботи охир (интихоботи парламентии моҳи март ва интихоботии президентии моҳи октябр) дар Тоҷикистон, ки бидуни ҳузури наҳзат баргузор шуданд, намунаи беҳтарини интихобот эътироф гардиданд. Масалан, баҳогузории нозирони ИДМ, ки “таҷрибаи Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани интихобот дар дигар давлатҳои Иттиҳод муфид хоҳад буд”, ё хушҳолӣ ва тавсифи Департаменти давлатии ИМА аз “интихоботи орому осуда ва ботартиб дар Тоҷикистон” намунаи олии эътироф аст. Ё шодбошиҳоеро, ки ба унвони Сарвари давлат ҳатто аз номи роҳбарони ҳамон кишварҳои аврупоӣ меоянд, бубинем, то чӣ андоза ба эътимоду муҳаббати мардум ба Эмомалӣ Раҳмон таъкид шудаанд. Яъне, ҷаҳон ин интихоби мардуми Тоҷикистонро эътироф мекунад, ба раъйи мо арҷ мегузорад. Ва ин ҳама бидуни ҳузури ТТЭ ҲНИ аст. Дар ҷаҳон кишварҳои зиёд ҳастанд, ки орзу доранд, аз таҷрибаи Тоҷикистон кор гиранд.

Ҳамакнун, Эмомалӣ Раҳмон савганди садоқат ёд карду мардуми Тоҷикистон, ҳадди ақал, барои ҳафт соли дигар болои сар роҳбари боэътимод дорад. Бовар дорам, дар ин муддат ҳам ҳасрат ва рашку ҳасади наҳзатиён хотима намеёбад, чун кайҳо ба хунашон роҳ ёфтааст. Ин ки дар Аврупо – маркази тамаддуни башарият истода, алайҳи давлату миллати худ нақшаҳои шум мекашанд, ҳарфи нав нест, аммо ин ки ҳамеша некӣ бар бадӣ ва адолат бар зулм ғолиб омадааст, моро ба ояндаи дурахшони бидуни наҳзат хушбин месозад.

Log in

create an account