Мақолаҳо

Дастовардҳои даврони Истиқлол

Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки бисту нуҳ сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омада ва 9-уми  сентябр расман Рўзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

           Ҳодисаву воқеаҳои пурошўби ибтидои солҳои навадум водор намуд, ки оид ба масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ, нигоҳ доштани оромии авзои ҷомеа, пойдории сулҳу субот ва таҳкими истиқлолияту  ҳифзи дастовардҳои он андеша кунем, ки ин ҳама як қисми таркибии сиёсати давлатии мо маҳсуб мешуд.

         Яке аз дастовардҳои бузургӣ даврони Истиқлоли Ҷумҳурии Точикистон-ин қабули Конститутсия мебошад, ки дар даврони сохибистиклолии мамлакат, яъне соли 1994 қабул шудааст.  Конститутсияро инчунин шиносномаи миллату давлат  меноманд, чунки дар он номи давлат, сохти давлатдори ва сохторхои он нишон дода шуда, низоми ҳукуқи давлат ва баробарии халқ дар назди қонун  муайян ва нишон дода шудааст.

         Пас аз гузаштани на чандон муддати тулонӣ мо шоҳиди  ба даст овардани  комёбиҳо гашем. Президенти Ҷумҳурии Точикистон Эмомали Раҳмон дар суханрониҳояшон ҳамеша иброз медоранд, ки «Мо таъмини истиқлолоияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барк аз бумбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари тарнзитӣ табдил додани Тоҷикистон, хифзи амнияти озкукавори ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат, инчунин вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсуро ҳамчун ҳадафҳои стратегии худ қарор доадем.

         Бо ин мақсад баъди ба низом даровардани сохторҳои ҳокимият Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон  ҳамарўза бо он машғул шуда, нахустин иқдомҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ оғоз бахшидан ба сохтмони нақби Анзоб буд. Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидои  бунёдкориҳои  роҳсозию  коммуникатсияро дида, чумҳуриро ба чор китъа пайваст.  Дар роҳи таъмини истиқлолияти энер­гетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқа­ворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони  нерўгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, туннелҳо, шоҳроҳҳову  пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд. Сиёсати созандаи Ҳукукмати ҶТ  дар доираи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нергоҳҳои хурди барқӣ ва даҳҳо неругоҳи обии хурд сохта ба истифода дода шуд.  Аз ҷумла, сохмони  нерўгоҳҳои барқи  обии «Сангтўда-1», «Сангтўда-2», ба охир расонда шуд ва он алҳол ба манфиати халқ хизмат мекунад. Хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқи Ҷануб – Шимол, Лолазор – Хатлон, Лолазор – Сангтўда-1, 2 ба  истифода  дода шуданд. Хусусан ба кор даромадани  хатти  500 киловаттаи Ҷануб–Шимол ва дар пойгоҳи асосии он насб гардидани трансформатори дуюм – ин ғамхории бузурги Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои сокинони вилояти Суғд дар мавсими тобистону зимистон маҳсуб мешавад.

         Аз ҳама муҳим он аст, ки 16-уми ноябри соли 2018 Пешвои Миллат, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати 1-уми НБО Роғунро ба кор дароварда, хатти баландшиддати 500 КВ Душане-Роғунро ба истифода дода, орзуву омоли деринаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пушонидаанд. Дар ин замина Сарвари давлат 09-уми сентябри соли 2019 агрегати 2-уми НБО Роғунро ба истифода дода, неруи аз он тавлидшаванда ба системаи умуми энергетики мамлакат интиқол дода шуд.  

         Вобаста ба баромадан аз бубасти коммуникатсионӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда, сохтмонҳои  роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб, Душанбе – Рашт – Саритош, нақбҳои автомобилгарди Истиқлол, Шаҳристон, Шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ,  нақби Шаршар  ва ғайра ба истифода дода шуданд. Баъди истифодаи роҳҳои бузурги байниминтақавӣ имкон фароҳам омад, ки рафту омад ва боркашонӣ ба манотиқи гуногуни кишвар беҳтар шавад.  

         Дар умум хизматҳои Пешвои Миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои Точикистони азиз басо беназир буда, номи ин шахси сиёсатмадор ва созанда дар дар таърихи давлатдорӣ бо харфҳои зарин сабт гардидааст.

Темури Сабзалӣ

сокини шаҳри Хоруғ

Log in

create an account