Мақолаҳо

Пешвои миллат – ифтихори мост!

Имрӯз вақте, ки шахс ба Ҷумҳурии Тоҷикистон назар мекунад бо чашми худ мебинад, ки чи тавр Ҷумҳурии Тоҷикистон ободу зебо, мардумаш дар амну суббот зиндагонӣ карда, рӯз аз рӯз пешравию дигаргунии кулли дар самти иқтисодиёти Тоҷикистон руй дода истодааст.

Халқи Тоҷикистон чунин Пешвои одилу тавоное дорад, ки хизматҳои ӯ  ҳазорсолаҳо фаромӯш намешавад ва дар таърихи навин бо ҳарфҳои зарин сабт мегардад. Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар солҳои 90-уми қарни гузашта аз ҷангу хунрезӣ раҳо намуда, мурдуми шарифи онро ба зиндагии орому осуда муваффақ гардонид.

Аммо мутаассифона  дар хориҷи кишвар то ҳол баъзе инсонҳои ношукри бадхоҳ вуҷуд доранд, ки ин ҳама амну субботу пешравию хушҳолии мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро нодида гирифта, боз мехоҳанд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноамнию бесуботи ҷорӣ шавад. Аммо ин бадбахтҳо бехабаранд, ки дар сурати ба вуҷуд омадани нооромию бесуботи мардум ба мушкилотҳои зиёд ва гуруснагию саргардони мувоҷеҳ мешаванд.

Дар тамоми минтақаи кишвар имрӯз сулҳу амонӣ, пойдор аст ва ин неъмати бебаҳост. Роҳҳо тамоми фасли сол кушода буда, корхонаҳою фабрикаҳои саноатӣ кор карда истодаанд.

Ин аст, ки бо Сарвари хирадманд ва дурандеш давлати тоҷикон  руз то руз ба пеш рафта, зиндагонии мардуми шарифи он рӯ ба беҳбуди ниҳода истодааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар баробари  истиқлолияти маънавӣ  ва ҳарбӣ, ки  ду шакли  муҳими муҳофизати  давлати  мустақил мебошанд, саъю  талош  намояд ва даствардҳои бузургро ба даст орад.

 Имрӯз метавон гуфт, ки тамоми дастовардҳо ва пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ба фаъолияти заҳмати шабонарӯзӣ, кӯшишу ибтикори ин фарзанди фарзонаи миллат алоқаманд мебошад.

Ин шахсияти барҷастаи таърихӣ тавонист, ки Тоҷикистон ва точикистониёнро ҳамчун миллати бофарҳанг ва дорои таърихи бузурги бесобиқа ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд. Дастовардҳои беназир ва бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон даст дод, ки  дар  атрофи худ халқи тоҷикро сарҷамъ намуда, ҳама аз як гиребон сар бароварда, баҳри ободии кишвар камари ҳиммат банданд ва Пешвои миллат тавонистанд ба ҳамаи ин мушарраф  гарданд.

Аз инҷост, ки имруз мардуми  тоҷик ӯро аз  хурд   то  бузург     ҳамчун  наҷотбахши  миллат, поягузори давлати  навин, ҳомии  бахту   саодат  мешиносанд.

Дар охир аз номи сокинони вилояти Бадахшон гуфтаниям, ки шахсе, ки баҳри мардум сулҳ овард, хизмати шабонарузи менамояд, яъне Пешвои миллат–ифтихори мост!

П. Саодатқадамов

нафақахур, сокини н. Шуғнон

Log in

create an account