Мақолаҳо

Муҳаммадиқболи Садриддин - қаллоби №1

Мо Муҳаммадиқболи Садриддинро қаллоби №1 гуем, хато нахоҳем кард. Зеро ин номард соли 2010 дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб ба боварии 3 нафар соҳибкорони тоҷик даромада, 430.000 доллари ИМА аз онҳо қарз гирифта, оиди баргардонидани қарзи худ фаромӯш кардааст. Ё дақиқтараш бо роҳи қаллоби то ҳол барнагардонидааст.

Қаллоби №1-и Муҳаммадиқболи Садриддин аз шаҳрвандони Тоҷикистон Кабутов Н.Б.-130.000 доллари ИМА, Холов С.И.-120.000 доллари ИМА ва Қаюмов Н.Ш.-180.000 доллари ИМА, 10 сол пеш дар ш.Дубайи АМА қарз гирифта баъдан ба ш.Бишкеки ҶҚ фирор намудааст.

Прокуратураи генералии ҶТ барои содир намудани ҷинояти хусусияти қаллобидошта, нисбати даюси иғвогар Муҳаммадиқболи Садриддин бо моддаи 247 қ.4 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар кофтуков эълон кардааст.

Умуман нисбати амалҳои қаллоби роҳбари сомонаи «Ислоҳ.нет» Муҳаммадиқболи Садриддин соатҳои дароз суҳбат намоем кам аст. Чун ки ин хиёнаткор бо як гурӯҳ гумроҳони дигар, дар сомонаҳои иҷтимоӣ видеороликҳои пуч ва суҳбатҳои бемазмунро паҳн карда, ватанфурушу хоин будани худро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозад.

Муҳаммадиқболи Садриддин шахсе мебошад, ки ӯро бо як миқдор маблағи ночиз дар давлатҳои Аврупо метавон харидорӣ кард ва мисли занҳои сабукпо истифода бурд.

Ӯ дар сомонаи «Ислоҳ.нет» бо суханҳои дуруғӯ бофтаи худ, худро шахси покиза вонамуд карда, дилсузӣ мардуми тоҷик мепиндорад. Дар асл бошад, М.Садриддин қаллоби №1 аст.

Сомонаи «Ислоҳ.нет»-и ӯ, ки мақсади асосиаш ҷавонону наврасони гумроҳ ва шахсони ноогоҳро ба худ ҷалб намуда, сафи хоинону ватанфурушонро зиёд кардан аст, ба мақсади нопоки худ ҳеҷгоҳ нахоҳад расид. Зеро ҷои қаллоб ва хиёнаткор паси панҷара аст.

Мардуми бонанагу ор ва бофарҳангу таммадунофари тоҷик ба ҳилаву найранг ва иғвоҳои қаллоби №1-Муҳаммадиқболи Садриддин дигар дода нашуда, аз паи зиндагии осоишта худ мебошанд.

П. Саодатқамов, нафақахур, сокини н. Шуғнон

Log in

create an account