Мақолаҳо

Эмомалӣ Раҳмон - меъмори давлати Тоҷикистон

Аз аввали солҳои соҳибистиқлолии мамлакат роҳбарияти Олии кишвар бахусус Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  энергетикакунонии мамлакатро яке аз ҳадафҳои муҳими давлату ҳукумат унвон намуда, бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли энергияи сабзро барои пешрафти иқтисодиёти мамлакат асос номид, зеро энергетикакунонии мамлакат ба ҷорӣ гардидани саноатикунонӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд ва ин омил яке аз ҳадафҳои стратегии истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.

 Афзоиш додани истеҳсоли қувваи барқ аз ҳисоби гидроэнергетика боиси он гардид, ки Тоҷикистон аллакай ба қатори сегонаи кишварҳои истеҳсолкунандаи энергияи сабз дар ҷаҳон ворид гардид.

Яке аз шаклҳои дигари муосири дастгирӣ намудани қишри ниёзманди аҳолӣ ҷорӣ намудани низоми навитаъйин ва пардохти кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат мебошад.

  Дар иин раванд ҷиҳати таҳмин намудани кафолатҳои давлатии иҷтимоӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат,маъюбон, кӯдакони ятим,оилаҳои ниёзманди бесаробонмонда ва дигар қишри осебпазири аҳолӣ Ҳукумати  Ҷумҳурӣ ва бахусус Сарвари он,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷкмҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда истоддаст.

 Бо дастгири  бевоситаи Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмини рушди босуботи ноҳияҳои вилоятамон барои панҷ соли оянда “Барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳо”  қабул гардид, барои амалӣ шудани онҳо маблағҳои зарурӣ ҷудо гардида истодаанд...

Log in

create an account