Мақолаҳо

Чашми танги дунёдорро ё қаноат пур кунад ё хоки гӯр

Аз замони пайдоиш иинсоният то ба имрӯз вазифаи аввалиндараҷа ё ин, ки вазифаи ҷонию имонии ҳар як инсон ин хидмат ба якдигар, дастгирӣ дар рӯзҳои сахту мушкил, фароҳам овардани шароити муносиб барои инсон, ҳидоят кардани мардум ба роҳи ростиву накӯкорӣ ва ҳоказҳо мебошад. Вале муаассифона бархе аз мардумон ин рисолати бузурги инсонро зери по мекунанд в барои мардум мушкилоти зиёдеро ба бор меоранд.

Дар расонаҳои иттилоотӣ имрӯзҳо сухан аз бобати нафаре меравад, ки ҳаққу меҳнати ҳалоли мардумро бо роҳи фиребкориву қаллобӣ аз худ кард истодааст. Ин нафар ба ном Муҳамадиқболи Садриддин мебошад, ки айни ҳол дар дар расонаҳои хабарӣ  аз хусусӣ сохти конститутсионии кишвари Тоҷикистон сӯҳбат карда истодааст. Нафаре, ки ҳазорҳо маблағи мардумони кишварро дар тасарруф худ даровардааст боз дар хусуси адолати иҷтимоӣ сухан меронад. Аллакай илмҳои ҷомеашиносӣ собит намудааст, ки чашми дунёдор ҳеҷ гоҳ пур нахоҳад гашт ва вай метавонад рисолати инсониро аз даст диҳад. Ин мард имрӯз аз бобати ҳар гуна масъалаҳои иҷтимоӣ сухан меронад ва боре барои худ суоле намондааст, ки барои мардумаш ягон хидмати инсонӣ кардааст ё не? Шояд фикр мекунем, ки ҷавоб як аст. На. Баръакс  моли мардумро аз худ кардааст ва ҳаққи мардумро хӯрдаасту халос.

Нафаре, ки тамоми пешрафту тараққиёти ҷомеаро нодида мегирад, нафаре, ки мулки орому осуда ва муносибати хуби мардумонро чашми дидан надорад ва иловатан нафаре, ки дар ниҳоди инсонӣ тухми кинаву адоватро мепошад. Аҷиб аст, ки дар расонаҳо одатан аз бобати диндориву имондорӣ, маҳкам кардани масҷидҳо, мондани риш ва ҳоказҳо сухан меронад. Аммо ба қавли бузурге:

Ҳазор бор тавофи Каъба кунӣ,

Қабули ҳақ нашавад,гар диле биозорӣ.

Ё ин ки:

Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи Акбар аст,

Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтараст.

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки диншиносон чунин ақида доранд, ки вазифаи аввалиндараҷаи дин ин ҳидояти инсноият ба роҳи росту ҳақ мебошад. Вале   ҳазорҳо бор афсус мехӯрем, ки чаро чунин мардон, ки худро ходимони дину пайрави Пайғамбар шуморида, ягон маротиба қавоиди диниро иҷро накардаанд. Баръакс, тамоми фаъолияту амали эшон муқобили дин ҷараён мегирад.

Log in

create an account