Мақолаҳо

Ваҳшиёнати муллоҳо

Ҳодисаҳои дар навоҳии  Ғарм  рух дода, бори дигар симои дурӯғини муллоҳо ва пайравони онҳоро ошкор намуд. Ин ваҳшиёнат дар таърихи миллат чун таҷассуми симои асили ин қабоили ҷоҳталаб ва мансабталоши хоҷаҳо боқи мемонад.

Бубинед онҳо дар симои Ризвони қотил , ки хуни садҳо бегуноҳонро рехтаву бедодиҳои зиёдеро аз худ  боқӣ гузошта, ҳомии исломро мебинанд ва шамшери ин қотилро шамшери ислом меноманд.

Маҳз бо фатвои ин муллоҳои аз ислом дур 18 феврали соли 1993  60 нафар аскарбачаҳои бегуноҳ ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шуданд. Маҳз ҳамин муллоҳои аъзои Шӯрои исломии Қаротегин аскаронро бовар кунониданд,ки онҳоро таҳти ҳимояи худ ҳарор дода, намегузоранд,ки як тори мӯ аз сари онҳо кам шавад.

Бо ҳамин минвол аскарбачаҳоро дар масҷиди Ғарм ҷой дода, ош доданд ва бо ҳам таом хурда, аҳд бастанд.  Нисфи шаб дастаи мусаллаҳи Ризвони қотил бо фатвои ҳамин муллоҳҳо- аъзои Шӯрои давлати исломии Қаротегин аскарбачаҳои хобрафтаро зери лату кӯб қарор дода, дасту по баста ваҳшиёна паронданд.

Ин даҳшати дар таърих набахшиданӣ чун доғе дар дили миллат боқи монда, то имрӯз ёдрас мегардад.

Ин ҳама бедодиҳо таҳти сарпарастии  Ҳизби Назҳати Ислом  ба вуқӯъ омаданд. Маҳз дар ин ҷо амали ин ҳизби мансабталош ,ки ҳувияти мардумро поймол карда, ба номусу шарафи исонҳо иснод овард зоҳир мегардад.

Ризвон Садиров ва даҳҳо қумандонҳо,ки саводи кофӣ надоштанд, таҳти сарпарасти ва таълимоти ин ҳизб ба қотилони миллат табдил гардида, таҳти фатвои муллоҳҳо амалҳои душманона ва мухолифи тамоми меъёрҳои инсониро дар навоҳиҳои куҳистон амалӣ менамуданд.

Хонандаи азиз бояд худ қазоват кунад,ки қумандонҳои бесавод аз куҷо Шӯрои исломиро таъсис додан метавонистанд,ки бештари онҳо ҳатто маълумоти синфи даҳ ҳатто надоштанд.  Аз ин амал бармеояд,ки шурӯ аз солҳои 80-ум онҳо бо нишондоди хоҷаҳо пойгоҳи терористии худро таҳти ҳимояи ислом таъсис дода , таълимоти онро пинҳонӣ мегузарониданд.

Дар ноҳияи Ғарм таъсис додани Шӯрои исломии давлати Қаротегин нишони он аст,ки дар ин минтақа пойгоҳи терористӣ таҳти сарпарастии хоҷаҳо ҳанӯз аз солҳои пеш амалиёти махфӣ мегузаронид. Маҳз аз ҳамин сабаб Ғармро пойгоҳи худ қарор дода, занҳоро ҳиҷобпӯш ва мардҳоро маҷбуран муҷоҳид карданд. Онҳо бо ин амали худ ҳастии худро собит намуда, барои амали кардани нақшаи хоҷаҳо  омодагӣ  медиданд.

Ҳанӯз дар даврони шӯравӣ муллоҳои Қаротегин шогирдонашонро барои таълимоти диннӣ гирифтан ба водии Фарғона мефиристонданд ва барои бунёди ин моҷароҳо замина бунёд мекарданд.

Маҳз аз ҳамин сабаб ҲНИ дар навоҳии Ғарм  мустақар гардида,исломикунонии Тоҷикистонро ҳадафи аслии худ қарор доданд. Шиканҷа ,зулму истибдод ва тарсу ваҳмро дар дили мардум ҷой дода, бо ҳамин васила фазои андеша ва афкори мардумро тағйир доданд,ки ин таъсурот имрӯз низ дар ин навоҳӣ ҷой дорад.

Ин ҳизб садҳо ризвонҳои бераҳмро парвариш дода чун қотили миллат  истифода карданд.

Имрӯз Кабирӣ ,ки думболагири эшон аст , шарм накарда, садо баланд дорад,ки ӯ ҳомии миллат аст ва ғами миллатро мехурад.

Аммо чаро ғами миллатро дар сахтиҳо ,ки миллат фирефтаи муллоҳо шуда,  дар роҳи худ чоҳ меканд, нахурд? Чаро дар Ғарм пеши роҳи қотилони аскарбачаҳоро нагирифт? Чаро пули ҳароми хоҷаҳоро гирифта , ба сӯи давлату миллат санг меандозад?

Ё ҳанӯз умед ба ризвонҳои нав ва муллоҳояш дорад?

Аҷиб аст рафтору кирдори ин зумра. Филми “Хиёнат” сангест бар даҳони ин хоинон ва қотилони миллати тоҷик.

                                                                                  Шаҳриёр

Log in

create an account