Мақолаҳо

Интихобот охирин умеди кабириҳоро шикаст

Пӯшида нест, ки баъди пошхурии Иттиҳоди Шуравӣ дар кулли давлатҳои Осиёи Миёна ҳам дар бахши сиёсат ва ҳам дар иҷтимоиёт дигаргуниҳои кулӣ ба амал омаданд, ки ин боиси фароҳам омадани  ангезаҳои  сиёсӣ дар бахши миллӣ гардид.Ба зами ин воридоти ақоиди мухталиф аз қабили  ақоиди мазҳабӣ ин равандро бештар носозгор намуд.Фазои мусоид фароҳам омадан баҳри пайдо гардидани  ангезаҳои сиёсӣ дар давлатҳои Осиёи Миёна боиси рӯи кор омадани  идеологҳои нав гардид. Онҳо дар ҳамаи деҳот макотиби худро таъсис дода,заминаҳои равияҳои навинро ба  табақаҳои ҷомеа мавриди омӯзиш қарор доданд.

 Дар мадии аввал инро ҷомеа ҳамчун амали хайр ва муфид қабул кард.Зеро умед ба он буд.ки ин таълимот дар роҳи ҳидоят ба суи ростӣ ва росткорӣ хоҳад буд.

 Баъдан тавре маълум гардид ин таълимоти тафриқаандозӣ байни ҷомеаи шаҳрванди буд,ки заминаҳои воқеии он ҳоло ҳам ҷой дорад.

Маҳз аз ҳамон замон,ки назари ҷомеа бештар ба демокраияи ваҳшӣ,ки байни мардум падидаи нав маҳсуб меёфт,нигаронидашуда буд. Онҳо умед ба ба пешвоёни нав доштанд,ки пайваста дар майдонҳо байни ҷавонон баромад карда, онҳоро фирефтаву мубталои худ месохтанд.

Ба ҳеҷ кас пӯшида нест,ки аз солҳои 80-ум сар карда озодфикрӣ дар ҳама  ҷабҳаҳо вусъати тоза касб намуд.Дар баъзе аз Васоити Ахбори Омма назарандозиҳо ба масъалаҳои миллӣ шурӯ  гардид.Оқибат ин назарандозиҳо  ба маҳалбозиҳо табдил гардида,лаҷоми он ба дасти манфиатҷӯён расид. Дар ин замина тафаккури диннии ҷомеа таҳким  ёфта,барои  амалисозии ҳама гуна ақоиди дини заминаи устувори идеологӣ падид омад.

Нақшаи таъсиси ҲНИТ аз ҷониби идеологҳои беруна маҳз аз ҳамон солҳо рӯи кор омад.Мардуми гумроҳу ошуфта ба онҳо эътимод бастанд.Дар ин роҳ онҳо аз сухангӯён, нотиқони оташинсухан дастпарварони макотиби динии мамлакатҳои исломӣ истифода намуда,мардуми аз сиёсат бегонаро  ба дом афтонданд.

Пас аз даргириҳои сиёсӣ ва гумроҳкуниҳо дар давроне,ки фарзандони ҷонсупори миллат дар талоши сулҳу ваҳдат ҷон ба каф гирифта, миллати овораву сарсонро ба  ватан оварда, иқтисодиёти фурӯрафтаро  пойдор кардву халқро соҳиби нон карданд,ҲНИТ  таъсис ёфт.

Пайдоиши ин ҳизби иғвогар занҷире гардид дар пои ҷомеаи Тоҷикистони навин. Фиребу дасисаҳои ин ҳизб аз рӯзҳои аввал падид омад. Нахустин коре,ки ин ҳизб рӯи кор овард,  ин таъсиси ҷамияти муллоҳо буд. Ана ҳамин муллоҳои бесаводи аз сиёсат холиро ҲНИТ истифода бурда, исломикунонии миллатро оғоз бахшид ва то ба дараҷае муваффақ ҳам шуданд.

 Разолату хиёнати ин зумра дар катибаи миллат абадӣ сабт аст  ва касе инро инкор нахоҳад кард.

Имрӯз ҷомеаи навин бо заҳмату ранҷи Пешвои миллат таъсис ёфт, миллат осудаву бахтиёр ва давлат таҳкиму мустаҳкам гардид, ҲНИ-и пошхурда дар хориҷи кишвар боз дасисабозиро иқдом кард. Дасисаҳои ин душманони миллат махсусан дар даврони интихобот пурзӯр гардид. Ба умеди боз дар ин марҳилаи муҳим рахна ворид намудан аз тамоми васитаҳои иттилоотӣ истифода карданд.

Аммо ба ҳадаф нарасиданд. Имрӯз шармандавор пайи дасисаҳои навинанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ назарбандиҳои аблаҳона доранд.Аммо ин ҳама кори эшон беҳадаф аст .

 Кабириҳоро дигар коре намонда, ба ҷуз он ,ки дар дари хоҷаҳо худро фармонбардор ва дастнигар собит созанд.

Шаҳриёр

Log in

create an account