Мақолаҳо

Интихобот - мазҳари якдилӣ, якпорчагӣ, ҳамбастагӣ ва ваҳдати мардуми Тоҷикистон

           Интихобот раванди демократии ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеаро танзим намуда, инъикоси иродаи мардум дар рушди мамлакат ва ояндаи он мебошад.

         Интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар муташаккилона гузошт. Комиссияҳои ҳавзавиву участкавӣ, ММХД ба интихобот омодагии ҳаматарафа диданд ва он дар сатҳи баланди ташкилӣ газашт. Аз тариқи телевизион роҳбарони мушоҳидони байналхалқӣ баромад карда, раванди интихоботро мусбӣ арзёбӣ намуданд ва қайд карданд, ки интихобот ба тариқи демократӣ сурат гирифт.

         Халқи Тоҷикистон барои ҳафт сол роҳбари давлат, сарвари мамлакатро интихоб намуд. Интихоб гардидани Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи Президенти кишвар бори дигар аз хизматҳои бузурги Ҷаноби Олӣ шаҳодат медиҳад, ки мардуми Тоҷикистон ба қадри хизматҳои бузурги эшон расида, тақдири худ ва ояндаи мамлакатро ба дасташон доданд. Зеро дар шароити имрӯзаи мураккаби авзои ҷаҳон танҳо Эмомалӣ Раҳмон метавонад Тоҷикистонро сарварӣ намуда, аз хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ наҷот диҳад.

         Вокуниш ва табрикҳои роҳбарони давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ нишон медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмон ходими намоёни давлатии сатҳи байналмилалӣ ба шумор рафта, соҳиби обрую эътибори ҷаҳонӣ мебошад. Эшон тавонистанд Тоҷикистонро дар шароити душвори дохилӣ ба шоҳроҳи тараққиёт равона сохта, нуфузи байналмилалии мамлакатро дар ҷаҳон баланд бардоранд.

         Ҷомеаи байналмилалӣ ба хизматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истиқрори сулҳу субот дар минтақа баҳои баланд медиҳад. Суботи Тоҷикистон, тараққиёти босуръати мамлакати мо ба нафи кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ мебошад. Аз ин рӯ, сарварони мамолики бузурги минтақа Федератсияи Руссия, Ҷумҳурии халқии Хитой аз аввалинҳо шуда муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро табрик намуданд. Роҳбарони давлатҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Узбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон интихоб гардидани Ҷаноби Олиро ҳамчун пешвои ҳақиқии халқи тоҷик будани эшонро таъкид намуданд.

         Интихобот бори дигар нишон дод, ки шахсияти Пешвои миллат мазҳари якпорчагӣ, якдилӣ, ҳамбастагӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад ва ба рушди ояндаи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон, тақвияти худшиносии миллӣ ва гулгулшукуфии миллати тоҷик дар арсаи ҷомеаи байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Доктори илми филология, профессор Офаридаев Назрӣ

Log in

create an account