Мақолаҳо

Симои аслии М.Садриддин ошкор гардид

Рӯзҳои охир дар сомонаҳои иҷтимоӣ оиди амалҳои қаллоби роҳбари сомонаи «Ислоҳ.нет» Муҳаммадиқболи Садриддин навиштаҷотҳое паҳн гардидааст, ки ба андешаи банда ин аз дарё қатрае аст.

Ин чоплус, чӣ тавре дар сомонаи расмии Прокуратураи генералии Тоҷикистон мутолиа намудам, соли 2010 дар шаҳри Дубайи АМА қарор дошта, ба боварии 3 нафар ҳамватанони худ даромада, дар маҷмӯъ 430.000 доллари ИМА қарз гирифта, то ҳол барнагардонидааст.

Чунончӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин аз Кабутов Н.Б.-130.000 доллари ИМА, Холов С.И.-120.000 доллари ИМА ва Қаюмов Н.Ш.-180.000 доллари ИМА барои пешбурди фаъолияти соҳибкориаш гирифта, соли 2010 аз ш.Дубайи АМА ба ш.Бишкеки ҶҚ фирор менамояд ва бо ин роҳ маблағҳои ҳамватанони худро дар мусофират бо роҳи фиреб азхуд намудааст.

Аз тарафи Прокуратураи генералии кишвар барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти қаллоби дошта, Муҳаммадиқболи Садриддин бо моддаи 247 қ.4 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Ростӣ пас аз мутолиаи ин сатрҳо, ҳар як инсони солим ба фикр меравад, ки дар мусофират ва муҳоҷират, дур аз зану фарзанд ва оила 3 нафар ҳамватани мо бо арақаи ҷабин маблағ ҷамъ намудаанд, вале як даюс ва хоини ватанфуруш бо роҳи қаллоби маблағи онҳоро азхуд намуд.

Муҳаммадиқболи Садриддин зимни суҳбату баромадҳо дар сомонаи «Ислоҳ.нет» худро шахси диндони боиффат ва ғамхору мардуми кишвар вонамуд менамояд. Дар асл имруз симои аслии М.Садриддин ошкор гардид ва ман ҳамчун як шаҳрванди ватандуст ба ин аблаҳ гуфтаниям, ки «Садриддин ту як рубоҳи маккорӣ ва мисли роҳбари худ Кабирӣ бо маблағҳои муфт дар Аврупо айшу ишрат намудаатон бо роҳи ҳаром ва фиреби мардуми оддӣ ба даст омадааст».

Пас аз ин Муҳаммадиқболи Садриддин дигар умуман ҳуқуқи  дар сомонаҳои иҷтимоӣ гуфтугуҳои пучу бемазмунро нисбати кишвари азизи мо, надорад.

Сомонаи «Ислоҳ.нет» мақсади асосиаш ин мафкураи ҷавонони гумроҳ ва шахсони ноогоҳро ба пуррагӣ ба манфиати ҳизби эктсремистӣ-террористӣ, аз ҷумла «ҲНИ» истифода бурдан аст. Сенарияҳои М.Садриддин ба ҳамагон маълум буд ва пас аз ин амалҳои қаллобона ва маккорона боз аёнтар гардида, парда аз руи ин шахс бардошта шуд.

Дигар мардуми таммадунофари тоҷик ба ҳилаву найрангҳои М.Садриддини қаллоб бовар надоранд.

П. Саодатқамов, нафақахур, сокини н.Шуғнон

Log in

create an account