Мақолаҳо

Мулло-дуздҳои наҳзат дар бораи ин ки чӣ гуна роҳбарони ТТЭ ҲНИ шаҳрвандонро дар ғурбат ғорату фиреб мекунанд

Қатлу кӯштори одамон, ба сари ҳамватанон силоҳ кашидан, кушиши ғасби мусаллаҳонаи қудрат ҳанӯз нисфе аз ҷиноятҳое будаанд, ки аъзову роҳбарияти Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ содир кардаанд. Ҳафтаи гузашта якбора ду хабари пурсарусадо нашр шуданд, ки аз ҷиноятҳои дигари онҳо – қаллобӣ ва фиребкории аъзову роҳбарияти наҳзат қисса мекарданд.

Нахуст журналист Додоҷон Атовуллоев матлаби “Секс дар болои ҷойнамоз”-ро ҳамроҳ бо як сабти аудиоии гуфтугӯи роҳбари фирории ин ҳизб нашр кард, ки муҳтавояш як бонуи журналисти тоҷикро фиреб кардани роҳбари наҳзатиҳо буд. Ба назарам, садҳо нафар ин сабтро гӯш кардаву аз аъмоли фасодзадаву ғайриинсонии наҳзатиёни “аврупоишуда” огоҳ шуданд.

Хабари дуввумро Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон нашр кард, ки аз қаллобии фаъоли дигари ин Ташкилот – Муҳаммадиқболи Садриддин маълумот медод. Муҳтавои хабар ин аст, ки чӣ гуна ин ба қавли як муҳаққиқ, “муллои ҳамадон” дар мулки ғурбат се шаҳрванди Тоҷикистонро фиреб кардаву садҳо ҳазор долларашонро гирифта, фирор намудаст.

Ба назарам, хеле бояд ҳаромзодаву ҳаромхӯр бошӣ, ки ҳамватанҳои худат дар мулки бегона боварат карда, маблағ медиҳанд, аммо рӯиросту бешармона онҳоро фиерб дода, маблағҳояшро гирифта, мегурезӣ. Ва баъдан ҳама ҷо овоза мекунӣ, ки “маблағҳои худам буданд”. “Дуздиву зӯрӣ” гуфта, ҳаминро дар назар доранд.

Дар умум, агар аз канор истода, ба ин ду матлаб баҳогузорӣ шавад, симои аслии наҳзатиён рӯшан мегардад. Ҳамон саҳнаҳое, ки чӣ гуна силоҳдорони ин Ташкилот дар солҳои 90-уми асри гузашта ба сари ҳамватанони худ силоҳ кашиданду қатл карданд ва то охирин тикаи нони мардумро ба ғорат бурданд, пеши назар меоянд.

Мегӯянд, “он чӣ ки бо шир омадааст, бо хун мебарояд”. Ҳоло мешавад гуфт, ки қатлу кӯштор ва ғорати инсонҳо дар хуни онҳо, дар вуҷуди онҳо, дар мағзи онҳо ҷо гирифтааст. Ҳам роҳбари фирории наҳзатиҳо ва ҳам “мулои ҳамадон” – Муҳаммадиқболи Садриддин дар ҳоле ба фиребу қаллобӣ даст задаанд, ки ба қавли худашон, дар Аврупои “мудерну демократӣ” қарор доранд. Шояд шакли “мудерн”-и дуздӣ ҳамин аст?

Аммо ин қаллобиҳои онҳо қаллобии муқаррарӣ нестанд. Яке аз заифии зан сӯистифода кардаву ба қавли худи ӯ, барои зишттарин корҳо истифодааш бурдааст ва дар кӯча партофтааст. Таҳқиру пастзаниҳое, ки дар ин сабт аз забони ин мулло-секспараст нисбат ба ин зан садо медиҳанд, ҳамзамон зиштиву пастфитратии худи роҳбари наҳзатиҳоро ба намоиш мегузоранд.

Муҳаммадиқбол бошад, барои нафси ҳароми худро қонеъ кардан аз муқаддасоти мусалмонон – Қуръону ҳадис сӯистифода кардааст. Мехоҳем ё не, як мусалмони воқеӣ ба арзишҳои қуръониву аҳодиси Паёмбар арҷ мегузорад. Ва ин шаҳрвандонамон, ки ба доми “муллои ҳамадон” афтодаанд, ҳамин тавр, нони даҳони худу фарзандонашонро бароварда додаанд.

Дар маҷмӯъ, ин ду ҳолати қаллобӣ буду набуди ТТЭ ҲНИ ва аъзову роҳбарони онро дар худ хулоса мекунад. Бовар дорам, ин ҳолатҳо, ки далеле аз пастфитратиҳоянд, далелҳои аввалу охир нестанд. Дер ё зуд қаллобон пешорӯи қонунҳои дунёву охират посух мегӯянд. Ва ин шармсориву шармандагии онҳо барои ҳамешагӣ боқӣ хоҳад монд ва гӯшрас хоҳанд кард, ки чеҳраҳои манфурро ба хубӣ бишносем.

Log in

create an account