Мақолаҳо

МАРДУМ – ВАССОФИ ПЕШВО

Дар баробари кули дастовардҳое, ки Истиклолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарифи тоҷик додааст, беҳтаринашон озодиии нтихоб ва интихоби озод мебошад. Акида доштан, некбинона андеша иброз намудан ва лаҷомизиндагиро ба даст гирифтан аз меъёрҳои асосии зиндагии озодагон мебошад.

        Ривоёт ва афсонаҳои мардумии зиёдеро дар ёддорем, ки махсусан ба масъалаи интихоби Сарвар-Подшоҳ дар як каламраве бахшида шудаанд ва асоси мантики онҳоро ин мазмун шакл медиҳад, ки чӣ тавр мардум як ҷо аҳлона ба ҳам меоянд ва аз байни онҳо хирадманди солхӯрда бози давлатро ба ҳаво сар медиҳад. Дар ин кишвар подшоҳ ҳамон кас интихоб мешуд, ки агар бози давлат бар китфи ӯ менишаст.

        Баргузории интихобот дар давлати ҳукукбунёду демократии мо ҳам шабеҳи парвози озод дар осмони софу беғу бору офтобии ҳамон бози толеъ мебошад. Ҷойи тардид онест, ки имрўз бози давлати тоҷикон, аниктараш бори давлати тоҷикон бар китфи инсонест, ки тавонист аламбардори халки аламдидаи худ гардад. Интихоботе, ки 11-уми октябри соли ҷорӣ баргузор гардид, мутмаин будем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо хидмати шабонарўзиашон ва сўхтану сохтаниҳояшон дар дили мардуми кадршиноси тоҷик ҷогирифтаанд, пирўз хоҳанд шуд. Ин пирўзии навбатии Ҷаноби Олиро дар интихоботи охиран карибисӣ соли заҳматҳояшон ва рушди бемайлони кишвар ва зиндагии зери осмони софу ором ва озодии акидаву андеша таъмин намуданд.

       Мо чун шогирдони содики мактаби сиёсии Пешвои миллат ва чун шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиклол мавкеъямонро кАйҳо маълум намуда будем ва дар ин навиштаамон мехоҳем чанд рукни бебаҳси фарзонагӣ ва ба сарварии давлату миллати тоҷик он сазовор будани Сарвари кунунии давлати мо – Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мавриди зикр карор диҳем, ки албатта, на маншаъ аз маҳсули тахайюламон, балки баҳра аз ҳаёти шахсӣ ва фаъолияти меҳнатии Ҷаноби Олӣ мегиранд:

      1.Сарсупурдагии  Пешвои миллати тоҷикони ҷаҳон, Президенти тоза интихобимо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олитарин намунаи дўстдори халку Ватан аст ва сарсупурдагии ў дар ин ҷода ҳоҷат ба шарҳу зиёдагӯӣ надорад. Танҳо гуфтан метавон, ки ҳифзи ҳаргўшаи кишвари маҳбуби мо барои ин Инсони шариф аз ҳифзи ҷони шахсияшон баландтар меистоду меистад. 

      2.Эътикоди қавӣ доштан ба беҳтарин дастовардҳои миллат. Аз гузашта омўхтан, ба гузашта эҳтиром гузоштан ва гузаштаро ба назари нек таҳлил кардан хоси Сарвари Давлати мо аст. Шахсе, ки таърихро барои таърихсозӣ ва гузаштаро барои оянда созӣ ташвик ба омўхтан кунад ва таҷрибаи зиндагии фарзона фарзандони салафро намуна барои ибрат гири муосир инкарор диҳад, диле дорад пур асрору қалбе дорад пур сухан. Корномаву корогоҳии Пешвои миллатбуд, ки имрўз бахт ёру замона созгор омадааст.    

  1. Эътимоди кавӣ доштан ба ояндаи неки миллату давлат Пешвои миллат табиатан некройу некбин ҳастанд. Мавсуф дар баробари сипос гузоштан ба фарҳангу сунани гузашта мубаллиғи беҳтарин дастовардҳои замонавӣ мебошанд. Ў тарафдори азмиолитарин дастовардҳои таърих дар бораи талаботи замони ҳозира ва истифодаи натоиҷи он барои сохтани дунёи ояндаанд. Ин гунна муносибат мувозинати аслии афкори ашхоси синну солашон калон ва ҷавонони ҷомеаро кулан таъмин мекунад. Аз ин ҷост, ки шаҳрвандони кишвар, новобаста аз синну солашон, новобаста аз он ки дар замони «шўравии таърифӣ» фаъолият доштаанд, имрўз табли хурсандӣ аз он мезананд, ки ба мафҳуми самарии истиклол расидаанд ва аллакай меваи ширини онро нўши ҷон мекунанд.    
  2. Саховатмандӣ. Ин хислати азалии мардуми тоҷик дар симои Сарвари Давлат куллаи камолро касб кардааст. Мадад ба дармондагон, дастгирии барҷомондагон, сарсилакунии ятимон ва дармонбахшии маризон аз кисматҳои марказии китоби фаъолияти ин шахсияти таърихиро ташкил медиҳанд.
  3. Муносибати ягона бо ҳама дар анҷоми фаъолияти роҳбарӣ. Агар чи сифатҳои фавк дар ҳаёти шахсӣ ва фаъолияти роҳбарии Пешвои миллату давлат макому манзалати якхела дошта бошанд, мавкеи муносибати баробар ба ҳама аз нигоҳи мафҳуми роҳбарӣ бештар ба роҳбар зарураст. Бо назари ягона дидани тамоми мардум ва муносибати ягона доштан ба тамоми манотики кишвар хиради волои ҳар як роҳбар буда мувозинати сиҳатии кишварро таъмин менамояд. Мардуми Тоҷикистон таҷрибаи талхе дар ин замина дорад ва аз ин рў чунин муносибати роҳбари кунунияшонро ҳаматарафа дастгирӣ мекунанд.
  4. Муносибати некбинона ба арзишҳои ахлокӣ ва маърифатии дини мубини ислом ва таъмини озодии эътикоди пайравони дигар динҳо. Таъмини озодии ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ  дар адои вазифаҳои эътикодияш манзалати Роҳбари Давлатро дар назари мардум даҳчанд баланд намудааст. Албатта, ин озодии эътикод бояд дар доираи талаботи Сарконун ва дигар конунҳои марбутаамалӣ гардад. Мардуми сарфарози тоҷик ҳазор сол беш баъд новобаста аз тамоюли акидаи мухталифи худ аҳлонаву сарҷамъона зери Парчами ягонаи Истиклолият умр ба сар мебарад. Таъмини ин озодандеширо танҳо Пешвои миллат бохирадмандиву хирадпешагии худ бар уҳда гирифта тавонистанд ва кадру манзалати худро дар байни мардум афзун бахшиданд.     
  5. Хоксориву фурўтанӣ. Далели расидагони камолро фурўтанӣ гуфтаанд. Камтар раҳбаронро хотираи таърих дар ёддорад, ки дар пахтазорон бо деҳконон, дар кўдакистонҳо бо кўдакон, дар беморхонаҳо бо маризон ва дар корхонаҳо бо коргарон суҳбати самимиву заминӣ дошта бошанд. Хоксорӣ, ки хислати азалии Пешвои миллат буда, ўро дар миёни тамоми кишрҳои аҳолии мамлакат маҳбубу азизи дилҳо гардондааст, дар интихоботи ин дафъаина низ ҳосилу маҳсули худро нишон дод. 
  6. Эътибору обрўи байналхалкӣ пайдо кардани Президенти Кишвар. Пешвои миллат на танҳоПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари миллати тоҷик, балки имрўз шиносномаи Тоҷикистон дар тамоми олам маҳсуб меёбанд. Талошу ҷоннисориҳои беҳисоби Президенти мо ному макоми тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ  баланд бардоштанд ва тоҷики соҳибфарҳангу соҳибтамаддунро барои ҷаҳониён муаррифӣ намуданд. 

      Ин  манзалат ва сифатҳои Пешвои миллат, ки аз ҳазор андакеро баршумурдаем, албатта, кашфиёти мо набуда, аз муносибату рафтори ҳаррўзаашон нисбат ба Халку Миллату Давлат ҳувайдо мегарданд.

      Одатан шоҳонро шоирон авсоф мекарданд. Таърих гувоҳаст, ки шоҳоне ҳам будаанд, ки сазовори васфи шуарона будаанд, вале мутаассифона, васф мешуданд. Сарвари маҳуби давлати моро мардуми каторӣ васф мекунад, бо дуо  ва сано васф мекунад. Ўро пуштибону такягоҳ мардум аст. Аз ин хотир, ниёз ба васфи ҳеч кишри алоҳидаи ҷомеа надорад. Ўро вассоф мардум аст.

      Ин бор ҳам, ки бози бахт бар китфи ин муборак хилкатнишаст, барои кули тоҷикони соҳибдил муборак бошад!!!

Каландариён Ҳоким Сафар – директории Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илми филология.

Охониёзов Варка Дӯстович – сарходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти ИИГ АМИТ, доктори илми филология.

Log in

create an account