Мақолаҳо

Тоҷикистон бо Пешвои миллат ба пеш!!!

Интихобот яке аз падидаҳои муҳими ҳуқуқи конститутсионӣ ва зуҳуроти демократӣ буда, дар ҳар як мамлакат мувофиқи қонунҳои амалкунанда ташкил ва гузаронида мешавад. Дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои интихоботӣ ташкил ёфта, кори роҳбарӣ дар ташкил ва гузарондани ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба ӯҳдаи онҳо гузошта мешавад.

Ҳамчунин, бо қаноатмандиву ифтихор хотир нишон месозем, ки интихоботи Президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ба тантанаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон, нишонаи олии фарҳанги баланди сиёсиву мавқеи устувори шаҳрвандӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллии сокинони кишвар, инчунин бо далели равшани дастгирии гарму самимона аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакат дар самти таҳкими минбаъдаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар як хонадони Тоҷикистон табдил ёфт. Интихоботи доир гардида ҳамчун рамзи сулҳу субботи комили сиёсии кишвар ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии халқи тоҷик, бешубҳа боиси боз ҳам баланд гардидани обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.

Интихобот нишони боризи озоду демократӣ будани ҷомеа мебошад, чунки дар чунин ҷамъият мардум худ соҳибихтиёрона тақдирашонро муайян месозанд. Сарнавишти  сиёсиашонро мушаххас дарк месозанд.

Ҳадаф аз баргузории интихобот ин таъмини ҳалли масъалаҳои умумимиллию давлатӣ тавассути усулҳои осоиштаи сиёсӣ ва демократӣ,  ҳамчунин таъмини ризоияти миллӣ ва сулҳу субботи кишвар маҳсуб меёбад.  Ширкати шаҳрвандон дар интихобот ҳокимияти мардумро созмон дода, ба ин васила фаъолияти ҳокимиятро қонунӣ ва мавқеи халқро чун субъекти комилҳуқуқи идораи давлат устувор мегардонад.

Аз ин рӯ интихоботи дурусти мардуми кишвар дар ин самт заминаи устувори ҳамагуна пешравиҳои давлат хоҳад буд. Шаҳрвандоне, ки ҳуқуқи интирок дар интихобот доштанд,  дуруст  дарк намуданд, ки бетарафӣ дар интихобот амали манфӣ буда, ояндаи нек надорад.

Хидматҳои шабонарузии Пешвои муааззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаргиз бояд фаромуш насозем, ки дар рузҳои душвор ба сари қудрат омада, ҷони худро дар хатар гузошта буд.

Пешвои хирадманди мардуми тоҷик, пеш аз ҳама сулҳу ваҳдат,  манфиати халқу ватанро дар мадди аввал гузошта дар ҳамин роҳ саъю кӯшиш меварзад. Ҳамин аст, ки Президент Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаро ба устуворӣ ва суббот оварда расонд.

Дар интихоботи баргузоршуда, шаҳрандони Тоҷикистон якдилона  тақдири кишвари азизи худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат бовар карданд, ӯро 7 соли дигар Сарвари тоҷикон интихоб намуданд. Сарвари кишвар ба хиради халқи меҳнатқарин такя намуда, то сатҳи сиёсатмадори ҷаҳонӣ  расиданд.

Дар охир гуфтаниям, ки дар 7 соли оянда, Тоҷикистон бо Пешвои миллат ба пеш!!!

Директори Китобхонаи вилоятӣ Г.Орумбекзода

Log in

create an account