Мақолаҳо

“Оҳи мазлум мегирад” Шояд аз ҳамин аст, ки наҳзату силоҳдорони наҳзатӣ шармсору шармандаи ду ҷаҳон шудаанд?

Силсилафилми “Хиёнат”, ки тавассути шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ намоиш дода шуд, хотироти бисёриҳоро аз он рӯзҳои шум бедор кард. Дар вокуниш ба ин филм ҳамарӯза дар матбуоти кишвар даҳҳо мавод нашр шудаву муаллифон аз дидаву шунидаҳо мегӯянд. Омилони ҷангро маҳкум мекунанд, ба наҳзату наҳзатиён лаънат мефиристанд.

Воқеияти он рӯзҳо, ки аз тариқи “лаҳза ба лаҳза” рӯи навор омадаанд ва дар шакли силсилафилм пешорӯи тамошобин гузошта шудаанд, моро ба ҳар саҳфаи он рӯзҳои шум ошно месозанд.

Дуруст, ин таърихи мост, намешавад, онро бурида партофт. Дар ҳоле ки аксар муаллифон – таърихноманависон зимни таҳқиқи ҳаводиси он рӯзҳо ба навъе аз гуфтани воқеият канор рафтаанд, ё кушидаанд, ба навъе худсафедкунӣ дошта бошанд, ба пардаи синамо баромадани ҳодисаҳо шарт ва муҳим аст. Ҳамин муҳиммият талабот ба филми “Хиёнат”-ро ба миён овард. Яъне, ҳоло рисолати бузурге болои филми “Хиёнат” истодаву моро водор месозад, ки аз тамошои он бардошти дуруст дошта бошем.

Одамро хотираҳо зинда медорад. Ҳазорҳо ҳазор шоҳидони ҳаводиси солҳои навадуми асри гузашта ҳанӯз зиндаанд ва баробари дидани саҳнаҳои филми “Хиёнат” ашк мерезанд. Ашки сӯзони модарони фарзандгумкардаву падарони дилреш, фарзандони ятиму ҳамсарони бахтшикаста сангинтарин дилҳоро об мекунад. Ҳар қатрае аз ин ашк ба сурати лаънату нафрат ба суроғаи наҳзату наҳзатиён меравад, то гӯри онҳоро дар қиёмат оташ занад...

Суҳбати мо бо бобои Сангин ва келинаш Холисамоҳ, сокинони яке аз деҳаҳои ҷамоати Алмосии шаҳри Ҳисор, дар ҳамин мавзӯъ буд. Тасвиру тасаввури он чӣ ки ба сари ин хонавода омад, хеле мушкил аст.

Бобои Сангин мегӯяд, он чӣ ки он рӯзи шум силоҳбадастони наҳзатӣ бо ду фарзандаш карданд, ҳанӯз чун саҳнаи зинда пеши чашмонаш аст. Ҳанӯз он симоҳои касофатбор ҳам пеши назарашанд...

Писари калонии бобои Сангин (шавҳари Холисамоҳ) баъди хизмати ҳарбӣ Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанберо хатм карда буд. Алишер ном дошт, аммо аксаран ӯро “Шер”-гӯён муроҷиат мекарданд. Фарзандони гулаш, ки то ҳанӯз падар суроғ мекунанд, акнун роҳгардиро меомӯхтанд. Зиндагии орому осуда доштанд, ҳарчанд медонистанд, ки дар пойтахт ва минтақаи ҷануби кишвар нооромиҳо сар задаанду гоҳ-гоҳе ба онҳо ҳам аз ҳодисаҳои қатлу кӯштор, террору даҳшатафканӣ хабарҳо мерасиданд.

Субҳи барвақти он рӯз (15 апрели соли 1993) Алишер чун ҳамешагӣ барои рафтан ба мактаб омода шуд. Рӯйи ҳавлӣ бо падару ҳамсараш хайрухуш мекард. Аммо фурсаташ надоданд. Якбора ду нафар, ки яке автомату дигарӣ таппонча доштанд, дарвозаро зада даромаданду “ҳей Алишери... ин ҷо баро”-гӯён доду вой бардоштанд. Чун ӯро рӯи ҳавлӣ диданд, наздаш омада мили автоматро сӯяш рост карданд. Бобои Сангин, ки ин манзараро мушоҳида мекард, бо зорӣ аз силоҳбадастон хост, то фарзандашро бигузоранд, агар мушкиле пеш омада бошад, ҳамин ҷо ҳал кунанд.

Инро ба кӣ мегӯӣ? Чашмони аз нафрату адоват хунгирифтаи силоҳбадаст оё зориву таваллоро қабул дорад?

- “Чистка” рафта истодааст. Ба мо гуфтанд, ки бачат муаллимай, ҳамин гап рост аст? – дар посух ба зориҳои бобои Сангин гуфт таппончадор.

- О, бачам, муаллимӣ чӣ айб дорад, ки... – ногаҳон қундоқи автомат дар паси гарданаши мӯйсафед рафт.

- Акнун фаҳмидӣ, ки муаллимӣ чӣ айб дорад? – гуфт бо ғазаб шахси автоматдор.

Мӯйсафед, ки аз зарбаи сахт ба замин афтода буд, базӯр рост шудаву хомӯшона ба чашмони силоҳбадаст нигарист. Силоҳбадаст ба тири ин нигоҳи мӯйсафед тоб наовард ва ба Алишер дарафтод (шахси таппончадор ӯро дошта меистод). Бо автомат чанд зарба ба сар ва шиками Алишер задаву ӯро ҳам аз по афтонид ва ба ҳамроҳи таппончадораш фармон дод: “ба берун бар”. Худаш як зарбаи сахти дигар ба сари мӯйсафед зад. Ҳамсари Алишер, ки ин манзара дар пеши чашмаш мегузашт, ба ҳолати шокӣ афтода буд. Автоматбадаст ин ҳолатро дида, ба мӯйи сари Холисамоҳ чанг андохт ва ӯро сӯйи хона кашид.

Ин вақт Солеҳ - бародари 19-солаи Алишер, ки аз доду вой бедор шуда буд, давида ба берун баромад ва ҳолатро дида, ба силоҳбадаст дарафтод. Ва... аввалин қурбонии ин хонадон гардид. Ҳангоми часпу талош нафари силоҳбадаст шояд фаҳмид, ки мағлуб мешавад, аз даруни мӯзааш корди ҷангиро бароварда, ба паҳлӯи чапи гардани Солеҳ зад. Бо ин қаноат накарда, баъди он ки Солеҳ ба замин афтод, ӯро тирборон кард (баъдан мақомоти тафтишотӣ дар бадани Солеҳ изи 17 тирро пайдо карданд).

Силоҳбадаст, ки шояд чунин ранг гирифтани корро мунтазир набуд, давида ба берун рафт. Бобои Сангин ҳам базӯр худро то ба дарвоза расонид. Дид, ки аллакай Алишери дастҳо ба пӯшт бастаро ба УАЗ-469 шинонидаву чашмонашро бастаанд. Ин вақт чашмаш ба ронандаи автомобил бархӯрд, ки худро аз нигоҳи мӯйсафед мегурезонид: Эҳа-а, о ин мардро ӯ мешиносад: Саъдуллои писарамаки мулло Абдуғаффор аст (мулло Абдуғаффор, маъруф ба мулло Абдуғаффори танка, яке аз воизон ва роҳбарони вақти Ҳизби наҳзат, ки низ аз як деҳаи ҳамин ҷамоат буд).

Акнун ба ёди мӯйсафед ваъзи муллои деҳа ба ёд омад, ки чанд рӯ пеш дар масҷид гуфт, мулло Абдуғаффор фармон додааст, ҳама мактабҳои деҳаҳои ҷамоатро ба масҷид табдил диҳанд, мактабхонии духтаронро иҷозат надиҳанд ва омӯзгорони мактабҳоро “таълим” диҳанд.

Бобои Сангин бемадорона ба дарвоза такя карду ба замин нишаст. УАЗ-469 бо суръати баланд ба самти куҳ ҳаракат кард (қаторкуҳҳои Ҳисор дар охири дараи Алмосӣ дар назар аст)...

Он рӯз чӣ хел гузашт, мӯйсафед дигар дар ёд надорад. Ҷасади Солеҳро кормандони милитсия барои ташхис бурда буданд. Сокинони деҳа даробаро доштанд. Наздикиҳои шом буд, ки муллои деҳа пеш-пеш, ҳамроҳ бо се-чор нафари дигар ба хонааш таъзияхонӣ омаданд. Мулло ба бобои Сангин “тавсия” дод, ки ба тақдир тан диҳаду шукр гӯяд, ки худашу келин ва набераҳояш зинда мондаанд.

Аммо чӣ зиндамондане, ки дар як рӯз ду фарзанди гулашро аз даст дод. Бобои Сангин бо нафрат ба рӯйи мулло нигаристу ба хона даромад...

...Ҷасади Алишерро рӯзи дигар дар болооби дарёи Хонақоҳи куҳӣ пайдо карданд. Як дасташ набуд. Маълум, ки Алишерро пеш аз қатл хеле шиканҷа кардаанд: тамоми аъзои баданаш шикаставу дарида. Аммо мӯйсафед ба ин шукр мекард, ки ба ҳар ҳол, ҷасади писарашро ёфт (моҳи қабл бо дасти қумандони саҳроӣ Фарҳоди Алмосӣ дар ҳамин ҷо ҳодисаи дигари гӯшношунид рух дода буд).

Бародаронро дар як қабр паҳлӯи ҳам ба хок супориданд. Бархилофи он чӣ ки силоҳбадастони наҳзатӣ мехостанд, дар ҷаноза ҳазорҳо кас, ҳатто аз пойтахт ва ноҳияҳои ҳамсоя иштирок карданд. Нафрату ғазаби мардум беохир буд. Ҳамагӣ ба ҷангафрӯзони наҳзатӣ лаънат мефиристоданду даст ба дуо мебардоштанд, ки зудтар қадами шуми ин аҳриман канда шавад.

...Аз он рӯзҳо солиёни зиёд гузаштанд. То ҳанӯз бобои Сангин рӯз меҳисобад. Ҳар қадар, ки рӯзҳо дуртар мераванд, ҳамон андоза нафрати ин оила ба наҳзату силоҳдоронаш бештар мешавад.

Ғаму ғуссаи ҷудоӣ аз фарзандон мӯйсафедро хеле афгор кардааст. Аммо хушҳол аст, ки ду набераи мағзи дона – фарзандони Алишер бузург шудаву бо кумаки хешу табор ва ҳукумати шаҳр донишҷӯ шуданд, ҷойи падару амаки худро пур карданд.

Ҳоло, ки келинаш саҳнаҳои филми “Хиёнат”-ро барояш қисса мекунад, мӯйсафед хомӯшона ашк мерезад ва он рӯзи даҳшатборро ба ёд меорад.

- Дуои мани зулмдида то ба даргоҳи Худо хоҳад расид, - хулоса мекунад ӯ.

Мегӯянд, касеро, ки халқ лаънат кардааст, ба лаънати Худо ҳам гирифтор мешавад. Шояд ҳамин лаънатшуданҳост, ки имрӯз омилони бародаркӯшӣ - наҳзатиён дарбадару овораи ғарибиянд, ҳатто дар пешрафтатарин кишварҳои ҷаҳон – Аврупо дасти гадоӣ дароз кардаанд.

Шояд дуои ҳамин мӯйсафед аст, ки наҳзату силоҳдорони наҳзатӣ шармсору шармандаи ду ҷаҳон шудаанд?

Кӣ медонад, оҳи мазлум мегирад.

Довуд Исматӣ

хабарнигор

Log in

create an account