Мақолаҳо

Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша бо халқ ҳаст

Хушбахтона мо имрӯз ин давлати миллиро бо тамоми маъною рукнҳояш дорем ва онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Рахмон сарварӣ менамояд.

Ин шахси хирадманд пеш аз ҳама сулҳу ваҳдат,  манфиати халқу ватанро дар мадди аввал гузошта дар ҳамин роҳ   саъю кӯшиш меварзад. Ҳамин аст, ки Президент Эмомалӣ Рахмон ҷомеаро ба устуворӣ ва субот оварда расонд. Президенти мо ба хиради халқи азизаш такя намуда то  сатҳи сиёсатмадори ҷаҳонӣ  расиданд.

Қалби поки ӯ  на танҳо баҳри таъмини ҳаёти шоистаю арзандаи халқи худ, инчунин баҳри беҳсозии некуаҳволии башарият месӯзаду метапад. Изҳороту баёнияхои ӯ дар ҳама маврид беғаразона ва дустонаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Рахмон фарзанди халқи тоҷик аст ва бахри бехбудии ватани азизашон шабу руз мехнат менамояд.  Ин халқ таърихан муқобили ҷангу хунрезӣ, ҷонибдории сулҳу оштист ва Пешвои миллатамон ҷони ҷавонашро на якбору ду бор ба гарав монд бахри расидан ба дастовардхои сулҳ  барои кишвар ва ҳар як хонавода.

Имрӯз мо мардуми тоҷик ва сокинони Тоҷикистони азиз мувофиқи хоҳишу ақидаи худ дар созмону ҷамъиятҳои гуногун гирд омадаем ва мувофиқи барномаи худ амал менамоем. Нишон додани сабурӣ, хирадмандӣ ҳангоми пеш бурдани музокироту гуфтушунидҳо бо роҳбарони собиқ иттиҳоди мухолифони тоҷик иқдоми ҷасуронаи Пешвои миллат дар ин самт ба ҳар тоҷику тоҷикистони рӯҳу илҳоми тоза мебахшид. Азму талош,  ҷонбозиҳо ва хиради азалии халқи тоҷик собит сохт, ки Ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии афроди ҷомеа муҳимтарин омили пешрафти давлату миллат мебошад.

Мардум ба ӯ бовар карданд, дар атрофаш ҷамъ омаданд, дар гирди як дастархони миллат   мутаҳҳид гаштанд ва давлати мустақил ба номи Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳон пайдо гашт. Аз ҳама муҳимаш халқ бе давлатро соҳибдавлат кард, ба қалбҳои аз зиндагӣ сардгашта умед бахшид, дустӣ,  сулҳу ваҳдат ҳамбастагиро эҳдо кард.

Ӯ чун  фарзанди  фарзонаи  миллат  дар  масири истиқлолияти   маънавӣ дар  баробари  истиқлолияти  ҳарбӣ  ки  ду шакли  муҳимми   муҳофизати  давлати  мустақил   мебошанд, саъю  талош  намуд. Маҳз  ҳамин  шахс буд, ки  моро  аз  чанголи   яъсу  ноумедӣ  раҳо  бахшид.

Дар оғози солҳои 90-уми асри XX ва аввали садаи XXI ҳамин гуна симо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор рафта, тамоми дастовардҳо ва пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ба   фаъолияти заҳмати шабонарӯзӣ, кушишу ибтикори ин фарзанди фарзонаи миллат алоқаманд мебошад.

Ин шахсияти барҷастаи таърихӣ тавонист, ки Тоҷикистон ва точикистониёнро ҳамчун миллати бофарҳанг ва дорои таърихи бузурги бесобиқа  муаррифӣ намояд. Корҳои шоиста , дастовардҳои беназир, сулҳу суботи сартосарӣ ва бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ ба Эмомалӣ Рахмон даст дод,  ки  дар  миёни  халқ   баробари  унвонҳои   расмиаш   унвонҳои   ифтихории   Президенти  мардумӣ, Ҷаноби  Олӣ, Пешвои  миллат, фарзанди содиқи  халқ  ва  амсоли  инҳоро  соҳиб  гардад ва  дар   ҷомеаи  ҷаҳонӣ  дар   қатори  дигар  сиёсатмадорони  олам унвони “Пешвои  асри  худ”  мушарраф  гардад.

 Мардуми  тоҷик  ӯро  имрӯзҳо  аз  хурд   то  бузург   ӯро  ҳамчун  наҷотбахши  миллат, поягузори   давлати  навин, ҳомии  бахту   саодат   мешиносанд  ва  эътирофу   эҳтиром  менамоянд. Дар таърихи бисёр кишварҳое, ки ҷанги ҳамватаниро аз сар гузарониданд гурезаҳо ва муҳоҷирон  зиёд буданд,  лекин ҳеҷ  кадом аз ин кишварҳо пас аз хотима ёфтани ихтилофу низоъҳои миллӣ гурезагони худро баргардонда натавонистанд. Хушбахтона Президенти мамлакат ба ин муваффақ шуд ва  фаъолияти  ӯ барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, таъини самтҳои асосӣ рушди ҷомеа дар солҳои минбаъда ва сохти давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқукбунёд асоси воқеи гузошт.

Хизмати шоистаи Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлолияти миллӣ аз он иборат аст, ки маҳз ӯ бо ба даст гирифтани идораи кишвар таҳдиди нобудии онро пешгири , оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш ва сохторҳои фалаҷгаштаи ҳокимиятро барқарор намуд, махсусан мақомоти тартиботи ҳуқуқӣ , Артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадиро ташкил дод, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё сохт ва сулҳу суботи миллӣ асос гузошт .

Гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, асоси устувори бунёди ҷомеаи навро гузошт, ислоҳоти конститутсиониро дар амал татбиқ кард, Конститутсияи навро таҳия намуд, манбаи ҳуқукию сиёсиро барои имзои созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон гузошт, ба истиқрори сулҳ ноил шуд, ки он таҷрибаи беназир ва падидаие барои ҷомеаи ҷаҳони буд, ба эҳёи миллӣ ва ибтидои корҳои нави бузург асос гузошт, таври қатъӣ вазъи иҷтимоиву иқтисодии аҳолиро беҳтар кард, таҳдиди гуруснагиро бартараф намуд, эътибори сиёсии давлатро  дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошт.

Хидмати бузурги Эмомалӣ Рахмон дар назди миллати шарифи Тоҷикистон ва таърихи миллат дар он аст, ки ин шахси нодир, сиёсатмадори дурандешдар шароити печида ва мураккаби муноқишаҳои ҳамватанӣ  ва ҷанги таҳмилӣ давлатдории тоҷикон ва миллатро аз парешонӣ ва фано шудан ҳифз намуд. Аз ин рӯ , бо итминони комил метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллати тоҷик ва давлати тоҷикон буда, ҳамеша бо халқ аст.

Директори Китобхонаи вилоятӣ Г.Орумбекзода

Log in

create an account