Мақолаҳо

Интихобот кафили озодӣ ва соҳибҳуқуқии халқ аст

Ҳар як давлати соҳибтамаддун, соҳибфарҳанг ва демократӣ ба озодии халқ кафолати ҳуқукӣ дода, баҳри пешрафти он пайваста кўшишҳо ба харҷ медиҳад. Дар давлати соҳибтамаддуни мо ин раванд баръало  намоён буда, барои мардум тамоми шароит аз ҷониби давлат ва ҳукумат муҳаё аст. Дар тўли начандон зиёди таърихи соҳибистиқлолии худ ба пешравиҳои бесобиқае ноил гардидааст.

Дар ҳар як давлат барои пешрафт ва пойдории он чорабиниҳо ва равнадҳои гуногуни сиёсӣ пиёда мегарданд, ки дар он ҳуқуқ ва иродаи халқ нигоҳ дошта мешавад. Яке аз ин чорабинӣ, ин интихобот мебошад, ки дар ҳар панҷ ва ё ҳафт сол баргузор мегардад ва дар он раъйи халқ пурра ва ҳамаҷониба ҷонибдорӣ мешавад.

Дар ҷумҳурии Тоҷикистон ин падидаи нав набуда, балки борҳо собит сохт, ки халқ бо иродаи озоди хеш метавонад раъйи худро дар интихобот муайян созад ва ба тарафдории номзади арзанда овоз диҳад. Ин чорабинии муҳими сиёсӣ пеш аз ҳама аз озодии хулқ ва ҳуқуқу эътибор доштани ҳар фарди тоҷикро муайян менамояд.

Дар соли ҷорӣ дар баробари дигар чорабиниҳои муҳими давлативу фарҳангӣ ду чорабинии муҳими сиёсӣ (Интихоботи намояндагони халқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) мебошанд, ки дар онҳо ҳуқуқ, озодӣ ва демократияи халқ пурра ба инобат гирифта шуда, халқ ҳамчун фарди соҳибҳуқуқ дар ин чорабиниҳои муҳим мавқеи худро муайян мекунад. Дар интихоботи навбати президентӣ низ тамоми меъёрҳои ҳуқуқӣ ба таври шаффоф ва демократӣ амалӣ гардида, тавассути тамоми расонаҳои хабарӣ ва шахсони масъул раванди ин чорабинии муҳими сиёсӣ пурра фаҳмонда дода шуд ва халқ ба он пурра омода аст.

Аз мушоҳидаҳо бар аъло намоён аст, ки халқи соҳибфазилати тоҷик алакай дарк мекунад, ки имрўз кӣ соҳиби ин мақом шуда метавонад. Ин ҳадафи тамоми сокинон танҳо ба хотири пойдории сулҳу субот ва муҳаё кардани зиндагии босаодат барои насли оянда аст. Зеро танҳо сулҳу суботи комил ва ҳимояи он барои ояндагон зиндагии хубу ҷомеаи пешрафтаро омода кардан мумкин аст.

Бояд тазаккур дод, ки интихоби шахсияти арзанда дар ин чорабинӣ ҳадафи ҳар як фарди бо нангу номуси ҷумҳурӣ ба шумор рафта, хоҳони он ҳастем, ки мардум дар якҷоягӣ шахсеро дар ин мақом интихоб менамояд, ки арзандаи он бошад ва баҳри пешрафти давлат ва миллати хеш саҳми арзандаро гузоштан тавонад. Ва имрўз бо боварии комил гуфтан метавонем, ки халқи тоҷик бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва хиради азалии худ ин маъракаи муҳими сиёсиро бо сарбаландӣ гузаронда, барои ояндаи давлати хеш шахси соҳиблаёқатро ба ин мақоми баланд интихоб хоҳанд кард.   

Беҳронов Ҷумъа, номзади илмҳои филологӣ

Log in

create an account