Мақолаҳо

ТЕРРОРИЗМ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ИНСОНИЯТ

 «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он  арзиши олӣ мебошанд» дарҷ гардидааст дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.  Инсон дар Тоҷикистон арзиши олӣ эълон шуда, шинохти тамоми арзишҳои дигарро дар доираи манфиат  ва манзалати он  имконпазир мегардонад. Ҳеҷ як  манфиат, неъмат ва дороӣ аз инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў боло буда наметавонад,   маҳз аз ин рў хама чиз дар давлат ва ҷомеа  барои қонеъ гардонидонидани талаботи инсон равона  шудааст. Таъкида нуқтаи  мазкур дар  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз собит гардидани он дар таҷрибаи пешқадами ҷаҳон  мебошад. Ҳатто динҳои ҷаҳонӣ  ба хотири инсон нозил шуда, таълимоти олии  оламгиру  фалсафаҳои  таърихсоз  ҳама барои  ҳимояи   манфиати инсон  нигаронида шудаанд.  Касе, мақомот ва ё санади меъёрии  ҳуқуқие  ба хотири ягон манфиат    наметавонад  ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро  маҳдуду ё поймол созад,  ба ҷуз ҳолатҳои истисноие, ки Қонуни асосии  давлат пешбини намудааст, ки дар сурати  мавҷуд будани  онҳо маҳдуд кардани  ҳуқуқу  озодиҳои инсон иҷозат дода мешавад:

- бо мақсади таъмини  ҳуқуқу  озодиҳои дигар шахсон;

- бо мақсади таъмини  тартиботи ҷамъиятӣ;

- бо мақсади ҳимояи  сохти конститутсионӣ;

- бо мақсади химояи  тамомияти арзии ҷумҳурӣ.

         Бояд қайд кард, ки  дар  сурати мавҷуд будани  ин ҳолатҳо  низ набояд ба суистифода  роҳ дода шавад.

«Ҳаёт,  қадр, номус  ва  дигар  ҳуқуқҳои фитрии инсон дахл нопазиранд » гуфта шудааст дар қисми дуюми моддаи 5 Конститутсия. Дахлнопазирии  инсон  аз се ҷанба майша мегирад: рўҳӣ, моддӣ ва маънавӣ.  Моддаи мазкур ҳар се  ҷанбаро   дар бар гирифтааст.  Бо дахлнопазир эълон намудани ҳаёти инсон   муҳимтарин  арзиши инсонӣ-ҳастӣ, зиндагӣ ва умри инсон ҳимоя карда мешавад. Ҳаёт бузургтарин неъмат аст, ки бидуни он   дигар  арзишу ченакҳо  қимати худро  гум мекунанад. Бо эътирофи дахлнопазирии қадр, номус  давлат муҳимтарин қисмати зоҳирёбии  инсон -ҷаҳони маънавӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии ўро  дифоъ мекунад. Зери  мафҳуми  «дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон» тамоми ҳуқуқҳои  фитрии  дигар, ки барои  мавҷудияти инсон ҳамчун махлуқи  бошуури иҷтимоӣ, сиёсӣ ва  ҳуқуқи шарт ва заруранд, дар мадди назар гирифта мешаванд. Дар ин ҷо  дахлнопазирии  ҳаёти шахсӣ, дахлнопазирии   шахсӣ,  дахлнопазирии  ҳаёти рўҳонӣ – озодии виҷдон ва  монанди онҳо дар назар дошташудаанд.

Имруз  Тоҷикистон дар шароити  истиқлолияти давлатӣ  барои шинохти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва муқадассоти давлатдорӣ  беҳтарин арзишҳо, ормонҳо ва ченакҳоеро муаян кардааст, ки  қодир аст  манфиатҳои имрўзу фардои  мииллату давлатро  дилпурона дифоъ намояд. Бо ин мақсад чӣ таҷрибаи  таърихии ҳуқуқи ниёгон  ва чӣ дастовардҳои ҷаҳони муосир мавриди омузиш қарор гирифта, шинохти  инсон ҳамчун  арзиши олӣ  дар анъанаҳои афкори ҳуқуқии  мардуми мо   ҷойгоҳи сазовор насб намуда,  дар низоми ҳуқуқии имурузаи мо неку ба таври арзанда инъикос ёфтааст.

         Мо тоҷикону тоҷикистониён, ки имрўз дар фазои сулҳу субот, ваҳдату ҳамдилӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон умр ба сар мебарем, озодана дар кўчаву ҳиёбонҳо гашту гузор мекунем, ба фарзандону  кўдакони худ нигоҳ мекунему  аз фардои дурахшону боз ҳам ободтар орзу мебарем, баъзан фикр ва ё хаёле ҳам намекунем, ки аз чӣ неъматҳои беназире бархурдорем.  

Ҷаҳони имрўза, ки ба  бархурдҳои тезу тунди  сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимои рў ба рў шадааст, дар баробари ин боз  давлатҳои абарқудрар баҳри аз нав тақсимномии кураи замин ва ба даст овардани манфиатҳои  геополитики пайваста саъю талош доранд. Вабои аср терорризм ва экстремизм низ дастпарвари амалисозии  ин нияту ҳадафҳо мебошад.

Имрўз сарҳади ҷанубии Тоҷикистон дар асл  сарҳади  байни ду тарзи ҷаҳонбинӣ, сарҳади  байни ду навъи динфаҳмӣ, сарҳади  байни ду сатҳи зиндагӣ, сарҳади  байни ду тарзи зиндагӣ, сарҳади  байни ду тарзи давлатдорӣ ва сарҳди байни ду низоми  арзишҳо мебошад.  Имрўз ин марз байни минтақаи байни субот ва ҳавзаи бесуботӣ, ба марзи байни  минтақаи эътидол ва ҳавзаи ифротгароӣ, ба марзи байни ҳам зистию таҳаммулпазирӣ ва низои мазҳабӣ, ба марзи  байни  низомҳои давлатии дунявӣ ва низомҳои   давлатии идеологӣ ва ғайра табдил ёфтааст.

Ин аст, ки  имрўз  Тоҷикистон ва марзи давлатии кишварамон  хатти пеши сангсари ҷаҳонии  мубориза бо ифротгароию  эктремизму терорризм, хатти муқаддами  ҷабҳаи мубориза  байни суботу бесуботӣ ва марзи   рўшани байни  амнияту ноамнӣ рўшанию торики гардидааст. Ин аст, ки  муборизаи Тоҷикисто  бо падидаи ифротгароӣ ва терорризм  хатти пеши мубориза башарӣ ва ҷаҳонӣ  бо ин  даҳшат ва бо ин офат аст. Зеро , агр ифротгароӣ аз ин марз  гузарад, аз ин ҷо то умқи  қаламрави Русия дар бароабри он дигар марзи устуворе наҳоҳад буд, чунки  агар буҳрони бесуботи вориди ин ҳавза шавад, аз инҷо то  саросари Осиёи марказӣ ва марзи ҷину двруни Русия ба осонӣ паҳн хоҳад шуд.

Ҳаракати имўзаи ифротгароии динӣ ва гурўҳои   терорристиву экстремисти бар зиддӣ  мавҷудият ва истиқлоияти давлатҳои мустақил буда, ошкоро мақсад гузоштааст, ки ҳамами давлатҳои мусулмоннишинро  бо зўрӣ ишғол карда ҳамчун вилоятҳо ва ноҳияҳои вобаста ба тобеъияти  худаш дароранд.  Агар соддатар гуем хатари ҷиддии ифротгароён  барои Тоҷикистон дар он вст, ки онҳо меҳоҳанд Тоҷикистонро аз байн баранд  ва ҳамчун давлат нобуд созанд ва инро мо дар таърихи начадони дури худ ба чашм дидем, он рўзҳои даҳшатро аз саргузаронидем,  ки  Ҳизби терорриситиву экстремистии наҳзати ислом бар сари ҳалқу миллати мо оварда буд.

Он  давра ҳунини таърих ва ҳаётиро  бояд ҳеҷ як шаҳрванди ватандору  ватандўсти Тоҷикистон фаромўш накунад!

 Сароисари  ҷаҳон зиёда аз сад давлат аз бозиҳои сиёсии давлатҳои манфиатнҷў  ба оташи ҷангу  хунрезӣ  кашидашудаанд ва ин иқдоми нопок ҳануз  ҳам идома дорад.  Шоҳиди ҳол  воқеъаҳои рўзҳои охир   дар давлатҳои Белорус ва Қирғизстони ҳамсоя, ки дар асри бозиҳои сиёси ба чи  мубтало гардидаанд.  Чун имрўз мо дар арафаи рўйдоди муҳими  сиёсиву таърихи – интихоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, бояд аз ҳар вақта дида бештар зираку доно, хештаншиносу худогоҳ бошем. Фирефтаи  бозиҳои сиёсивӣ,  ташвиқотҳои ифротгароёну гурўҳои терорристиву экстремисти нашавем, зеро  фардову ояндаи  миллату давлат дар дасти худи мост ва  онро бояд ба наслиҳои оянда боқи гузорем.

 Максад аз ёдовари гардидани арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон,  эътироф, ҳифз  ва  кафолат додани онҳо аз ҷониби давлат фақат ба ҳотири он аст, ки гурўҳои терорристиву экстремисти чунин падидҳоро аз қабили истиқлоят, демократия,  давлати дунявӣ  ҳуқуқу озодиҳои  инсониро намепазиранд ва  бараълову ошкоро  муносибати ваҳшиёнаи худро  ниста бар он нишон медиҳад.  Ҳамин тавр, вақте дар ин бора меандешем, мебинем, ким о ба чӣ хатаре ва бо чӣ даҳшате рўбарў ҳастем, он гоҳ  дарк мекунем, ки дар сурати  омадани ифротгароёни динӣ  ҷомеаи  моров а ё ҳар як нафари моро чӣ  даҳшат интизор аст интизор. Он гоҳ мо дарк мекунем, ки  ифротгарои на танҳо  ба Давлату Ҳукумат, балки ба ҳар яки мо  ба оилаи мо, ба зану фарзанди мо, ба тарзи зигдагии озодонаи мо, ба инсон будани мо таҳдиди бевосита дорад.

Роҳбари Намояндагии  Ваколатдор

 оид ба ҳуқуқи инсон дар ВМКБ,

 асисстенти кафедраи ҳалқи тоҷик,

факултаи таърих ва ҳуқуқи

 Донишгоҳи Давлатии  Хоруғ

ба номи М. Назаршоев Қ. Алихонов

Log in

create an account