Мақолаҳо

Ҳизби наҳзат ҳизби даҳшат аст

Филми мустанади телевизионии «Хиёнат»- ро бори дигар тамошо карда, як мақоли рўсӣ ба ёд омад, ки мазмунаш чунин аст, «одамон ҳам ваҳшианд, аммо аз ваҳшиҳо ҳам ваҳшитар». Каллабурӣ, зиндагўркунӣ, дар бўғи тафсони ҳамом ваҳшиёна сўзондан ва боз садҳову ҳазорҳо усули ваҳшиёнат  қатл кардани одамони бегуноҳ, кормандони давлатӣ, зиёиёнро аз наворҳои филм дида, ба хулосае омадам, ки ин мақол воқеият дорад. 

Бисёр филмҳоеро дар бораи ваҳшигариҳои фашистони немис  дар Ҷунги бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар қаламрави Иттиҳоди Шўравӣ тамошо кардам, аммо ваҳшигариҳои онҳо  дар қиёси ваҳшиёнати  наҳзатиҳои ватанфўрушу одамбадбину пастфитрат  хеле ҳам ночиз аст. Наворҳоро тамошо карда, бовар намекардам, ки наход, ки ин кллабурҳо тоҷик бошанд, наход модари тоҷик,  ки чунин нобиғаҳои илму адабро ба мисли Рўдакӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хисраву Абдураҳмони Ҷомӣ, Айниву Турсунзода, Шириншоҳ Шоҳтемуру Нисратулло Махсум ва боз ҳазорҳо фарзонафарзандонро дар канори худ парвариш кардааст, ба зодану ба камол расонданӣ чунин фарзандоне ҳам,  қудрат дорад, ки  ба чунин  корҳои ғайриинсонӣ даст зада бошанд.  Миллати тоҷик, чуноне аз осорхонаҳои таърих, осори илмии нафақат муаррихони тоҷику форс, балки ҷаҳон маълум аст, аз аҳди қадим ваҳдатофару маърифатпарвар буд ва ҳаст, аммо сарвату мансабталошӣ, ваъзгўии хоҷагони хориҷӣ дилу чашми наҳзатиёни тоҷикро ба мисли Кабирию дигар ҳампешагонаш кўр кард ва онҳо барои раидан ба ҳадафҳои ғайриинсониашон ба сари ҳаммилатҳои теғ кашиданд, беш аз миллион нафар ҳамватанонашонро ғарибу гадои дари бегонагон, 150 ҳазор нафарро зери хоку ҳазорҳонафарро гумном кардан два имрўз ҳам аз кардаи хеш пушаймон нестанд ва бо маблағҳои ҳароми хоҷагони хориҷиашон мехоҳанд, фазои ороми кишварро ғуборолуд созанд.   Пешравиҳои давлати соҳибистиқлоламмон  дар тамоми соҳаҳо, дар арсаи ҷаҳонӣ баланд гардидани мақоми давлату миллати тоҷик қалбу дидаи онҳор боз ҳам кўртар гардондаасту нисбати давлату миллат ҳар гунна туҳматбофӣ мекунанд. Онҳо махсусан дар арафаи интихоботи Президенти мамлакат дар ин кор  боз ҳам фаъолтар шуданд. Онҳо бехабар аз онанд, ки имрўз Тоҷикистон  Тоҷикистони солҳои навадуми асри бист нест ва миллати тоҷик даҳшатафканию пастфитратию хиёнаташонро нисбати давлату миллат фаромўш накардааст.

Н. Зафар, шаҳри Хоруғ

Log in

create an account