Мақолаҳо

Хиёнат интиҳо надорад

Ҳар қадар, ки вақту замон фосиларо аз воқеаҳои наҳсу номубораки ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми қарни 20-уми дур созад, қадру қимат, муҳаббату садоқат, иззату эҳтиромамон нисбати ҳар як ваҷаби хоки муқаддаси ин меҳани ба ҷон баробар, нисбати арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанги мондагори пурифтихори миллӣ афзунтар мегардад. Ободкориҳои бемонанд, ки дар гӯшаву канори саросари кишвари азизамон Тоҷикистон ҳар рӯзу ҳар соат бомаром ҷараён доранд, ҳуввият, ғурур, номус, кӯшишу ғайрат, ҳиммату заҳмати моро дар роҳи таҳкиму ҳимояи музаффариятҳои истиқлолияту ваҳдат дучанд месозад.

Нахуст, шукри истиқлолият мекунем, ки баъди садсолаи пурармони аҷдодони ҷонфидоямон насиб гардид. Мутаассифона, дар оғози ин саодати деринтизор дасту дили нопоки нотавонбин, бадниятон, ҳасудону мансабталошон бо истифодаи қувваҳои аҳримании дохилию хориҷӣ боло шуд. Дар кишвари тозаистиқлоламон оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аланга зад, ки барномарезу иҷрочии он Ҳизби наҳзати исломӣ буд. Ин ҳизби табоҳкор, ки мақсадаш таъсис додани Давлати исломии Тоҷикистон буд, дар роҳи амалӣ намудани ин нияти сиёҳи асримиёнагиаш чун аъробу муғули истилогар шеваю усули бераҳмонаи қатлу куштор, азобу шиканҷа, сӯзондан, валангору ғорат карданро пеша намуд. Хисороти ҷонию моли кишварро тули паҷ соли ҷанги шаҳрвандӣ ҳисобу китоб нест.

Силсилафилми мустанади «Хиёнат» саҳифаи нав ба нави хиёнату разолати қабоҳати наҳзатиёнро ошкор ва симои воқеии ҲНИ-ро ба мардуми Тоҷикистон ва оламиён муаррифӣ кард. Ин филм, бахусус, насли имрузаро ҳушдор медиҳад, ки чарбзабониҳо ва ваъдаю дурӯғбофиҳои гуруҳҳои мутаассиби терорристии динӣ-маҳзабӣ, амсоли ҲНИ, Салафия, Ҳизб-ут-таҳрир, Толибон ва ғайра фирефта нашаванд. Мақсаду мароми ин тирафикрон баргаштан ба ҳаёти асримиёнагӣ аст, яъне ба роҳ мондани ришу фаш, сатру фаранҷӣ, макруҳ эълон кардани илму фарҳанг, аз ҳар гуна ҳақу ҳуқуқ маҳрум намудани занон, ҷойгузини конситутсияи давлатӣ намудани қонуну қавоиди шариати исломӣ, маҳкуму нобуд намудани ҳар гунна суннату арзишҳои миллӣ ва амсоли инҳо.

Як мисолро аз аъмоли наҳзатиён меорам, ки дар н. Ванҷ мушоҳида карда будам. Соли 1996 дар маъракаи н.Ванҷ як хешамон тӯйи издивоҷи фарзандашро баргузор кард ва мо, якчанд нафар хешу табор низ аз н.Рушон даъват шуда будем. Туй фақат бо ном тӯй буд, дар асл бошад, ба маъракаи мотам шабоҳат дошт. Мусиқиро, на факат зинда, балки таввасути магнитафон низ манъ карда буданд. Дар ҳамин вақт дар назди ҳавлии «Тӯйхона» мошинҳои қимматбаҳо қарор гирифтанд ва аз онҳо қумандонҳои муссалаҳ бо такаббуру нахват баромаданд. Падару бародари домод саросемавор давида, онҳоро дуқат шуда, ва дар суфаи бо қару фар орододашуда  шинониданд. Домоди ҷавони ришдору саллаву ҷомапӯшида ва арӯсро, ки сартопо сатрпӯш буд, бошитоб ба хона дароварданд. Мо, даъватшудагон низ саросема ғизо хурда, бо табъи хира ба ноҳияи худамон раҳсипор шудем. Дар бозгашт як шиноси ванҷиамон нақл кард, ки дар ноҳияашон акнун қонуну қоидаи исломӣ ҷорӣ аст  ва ҳар гуна дилхуши шадидан маҳкум мешавад ва илова намуд, ки соли гузашта як муаллими мо ба тӯйи яккаписараш ҳунарманди маъруферо аз водии Язғулом оварда буд. Он бечора ҳофиз ҳануз як ду суруд насароида наҳзатиён омада, гӯшашро буриданд. Бо зорию таваллои соҳиби сурхона он бечораро баъди лату кӯби бераҳмона раҳо намуда, эълон доштанд, ки минбаъд касе дар ин минтақа суруд хонад ба ҷазои қатл гирифтор мешавад… Ана чунин мешуд, ҳолу аҳволи мо,  тоҷикону тоҷикистониён, агар наҳазтиёни сиёҳқалб пирӯз мешуданд.

Оре, хираду фаросати азалии озодазодагони ориёӣ дар шахсияти ҷавонмарди асил,  фарзонафарзанди тоҷик – Эмомалӣ Раҳмон сабаб гардиду оташу алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хомӯш шуд. Ин чеҳраи мондагори таъриху миллатамон ҷон ба каф гирифта, бо азобу мушкилоти сангини равонию ҷисмонӣ, парчами номусу ғурури ниёгони асилашро баланд бардошта, барои наҷоти миллату давлат корнамоиеро нишон дод, ки дар таърихи муосири ҷаҳон назир надорад. Эмомали Раҳмон, барҳақ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат аст.

Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бо ҷону дил, имрӯз шукру сипоси истиқлолу ваҳдат мекунад ва ҳеҷ намегузорад, дигар он рӯзҳои тираву фоҷиабор аз нав ба ин сарзамини биҳиштӣ бозгардад. Пиру барнои кишварамон барои ҳимояи пойдории ин ду мафҳуми азизу муқаддас омодаанд ҷонашонро супоранд. Мо миллату озодаву созандаем ва дилу ният ва роҳу равишамон ба ояндаи дурахшон аст.

Log in

create an account