Мақолаҳо

Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар баланд бардоштани нуфузи кишвар дар ҳарсаи байналмилалӣ

 Ҳанўз моҳи ноябри соли 1992 Пешвои миллат, Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Иҷлосияи таърихии XVI (Хуҷандии) Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нав раиси ин Шўро интихоб гардида буд, самтҳои асосии сиёсатӣ хориҷии Ҷумҳуриро ба тарзи зайл пешниҳод кардааст: 1) Инкишофи муносибатҳо бо ҷумҳуриҳои собиқ Иттифоқ, пеш аз ҳама бо Федератсияи Руссия; 2) Мустаҳкам намудани муносибат бо Ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, ки барои мўътадили минтақа хело зарур аст. 3)Фаъол  намудани муносибат бо давлатҳои ҳамзабон. 4)Ҷорӣ намудан ва инкишоф додани муносибат бо тамоми давлатҳои муслмонии Шарқ; 5) Оғоз ва инкишофи муносибат бо давлатҳои ғарб. Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон бо шарофати  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми душвориҳо нигоҳ накарда, барои дар тамоми ин самтҳо фаъолона амал  намудан иқдомҳои зиёде  пеш гирифт.

Баъд аз истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар муносибатҳои байналхалқӣ ба сифати субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ муаррифӣ намуд ва эълон дошт, ки фаъолияти ў ҳамчун давлатӣ комилҳуқуқу мустақил барои ноил шудан ба сулҳи пойдор, барҳам додани силоҳи ядроӣ ва дигар  аслиҳаи қатли ом, роҳ надодан ба  истифодаи қувва дар ҳалли баҳсҳо ва ихтилофи байни давлатҳои соҳибистиқлол, равона  карда мешавад.

Иқдоми Иҷлосияи XVI ва Раиси Шўрои Олӣ Эмомали Раҳмон дар бораи бунёд кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар Тоҷикистон диққати тамоми сиёсатмадорони дунёро ба худ ҷалб намуд. Барқияи зерини СММ ба унвони Иҷлосияи XVI шаҳодати гуфтаҳост: «Мамолики аъзои СММ  бо диққат ба кори Шумо назорат мекунад. Дар доираҳои асосӣ чунин мешуморанд, ки маҳз Шумо масъулияти таърихатонро эҳсос намуда, ба вайроншавии Тоҷикистон, ҳамчун узви комилҳуқуқи СММ, роҳ намедиҳед ва минъбад ба Ойиномаи Созмони Милали Мутаҳид, ба ғояҳои озодӣ, сулҳ ва адолат содиқ хоҳед монд …»

 Бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул гаштани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 ва интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон дар боло рафтани эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳиме гузошт. Тоҷикон пайваста барои дарёфт намудани сулҳ бо ташаббуси Пешвои муааззам талош намуда муваффақ ҳам гардиданд.

Баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва риёзияти миллӣ обрў ва эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналхақӣ боз ҳам зиёд мешуд. Ин ҳама аз тарафи дигар обрў ва эътибори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар арсаи байналхалқӣ зиёд мекард. Аз ин рў бе сабаб нест, ки соли 2000 - ум  сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон боиси аз тарафи корпуси байналхалқии сулҳ бо «Ҷоизаи байналхалқии сулҳ» сарфароз гардид. Чуноне, ки Ху Зинтао мефармоянд, «халқи Тоҷикистон таҳти сарварии  Президент Эмомалӣ Раҳмонов бо итминон ба ҳазорсолаи сеюм қадам мениҳад. Ба ҳамагон талошҳои роҳбари давлати тоҷикон дар густариши ҳамкориҳо бо  кишварҳои осиёӣ маълум аст.  Ҳамаи мо ҷонибдори сулҳу созиш ва рушди минъбадаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошем».

Дар сиёсати хориҷии худ Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дўстонаро бо тамоми ҷумҳуриҳои муштаракулманофеъ, кишварҳои ҳамсоя, хусусан мардуми форсизабон ва мамлакатҳои мусулмони Шарқ вусъат бахшида, таҷрибаи онҳоро оид ба иқтисодиёти бозаргонии ҷаҳон ворид шудан самаранок истифода мебарад. Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, ҳамчунин барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузошта Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтааст.

Дар ин лаҳзаҳои асос дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ талошӣ Пешвои миллат ниҳоят бузург ва саривақтӣ буд. Ў борҳо аз минбари баланди СММ баромад карда, дар баробари мушкилоти Тоҷикистон таваҷҷўҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои мубориза бо тераризму экстремизм, қочоқи маводи муххадир, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон, масъалаи таъмини оби тоза ва ғайраҳо ҷалб мекунад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳимтарини ояндаи инсоният  низ муносибати дурбинона ва ҷиддӣ дорад. Бо пешниҳоди Эмомалӣ  Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-юмро Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015 – умро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» пазируфта шудан, ки аз тарафи беш аз 180 давлати ҷаҳон дастгири ёфтанд  ва «Соли байналмилалии ҳамкориӣ дар соҳаи об» эълон шудани соли 2013 нишонаҳои возеҳи афзудани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

 Ҳамкории судманд бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ – СММ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони конфронси исломӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии Авросиё, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигарҳо дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи муҳимро ишғол менамоянд.  Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои миллӣ ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии худ дар 26 давлати хориҷӣ- Австрия, Арабистони Саудӣ, Афғонистон, Беларус, Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, ШМА ва ғайраҳо намояндагони дипломатӣ (сафоратҳо) ва дар назди СММ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони,  ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, НАТО ва Иттиҳоди Аврупо намояндагиҳои доими худро боз намудааст. Дар Тоҷикистон намояндагони 30  созмони байналмилалию  минтақавӣ, 9 намояндаи агентҳо, муассисаю сохторҳои СММ фаъолият доранд. 46 намояндагии созмонҳои  байналмилалии ғайриҳукуматӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки онҳо дар ҳамбастагӣ бо сохзмонхои байнидавлатӣ дар инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ саҳми беандоза мегузорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайр аз кишварҳои алоҳида, бо бисёр ташкилоту ҷамъиятҳо ва фондҳои шахсии байналхалқӣ муносибатҳои неки ҳамкорӣ  ва равобити судманди иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии дуҷониба дорад.

Аммо афсус бархе аз ҳамватанони мо ҳамаи ин ҷонбозиҳоро нодида гирифта ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ мехоҳанд обрўи Пешвои муааззами миллатро дар арсаи байналмилалӣ паст намоянд. Хушбахтона нисбати ин бадбинон ва хоинони миллат обрў ва эътибори Пешвои миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ баланд буда ба дасисаву иғвоҳои инҳо касе бовар надорад. Пас саволе ба миён мебиёяд, ки ин ашхос киҳо ҳастанд?

 Мусаллам аст, ки ин гуруҳҳо худро пашрави хизби махкумшудаи ҲНИТ шуморида дар дохили давлати азизамон Тоҷикистон фаъолият намудаанд. Вале таҳлилҳо ва натиҷаҳои мушаххас нишон додаанд, ки фаъолияти онҳо на барои давлату миллат, на барои халқу ҷомеа балки танҳо барои ҳадафи шахсии хеш буду халос. Кас ба ғайрат меафтад, ки дар замони фаъолиташон, ҳам нону намаки давлатро мечашиданду ҳам ба таври пинҳонӣ  молу амволи давлатро ғайри расмӣ  моли худ мекарданд ва дар айни замон ам нақшаи аз байн бурдни давлатро мекашанд. Аз оғози фаъолияташон то ба имрўз нияту орзуву омоли онҳо танҳо пеш бурдани мақсаду мароми нопоки худ ва ба ин васила пурзур намудани мақому мартаба ва нуфзи худ дар ҷомеа буд. Баъди  ба таври расмӣ маҳкум кардани  фъолияти онҳо  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин гуруҳҳо мавқву мақомашонро дар хориҷи кишвар мустаҳкам сохта, дар паноҳи хоҷагони хориҷиашон паногоҳ бурда, боз нисбати кишварашон, ки онҳоро дар канори худ парвариш намуда, ба воя расонд сангпартоиро оғоз намудаанд.  Аниқн бояд қайд намоем, ки ин гуруҳҳо ба таври пурра аз тарафи хоҷагони хориҷиашон дастгирии моддиро гирфта, ба ҳар амалу рафтори нопок даст хоҳанд зад. Барои онҳо мафҳумҳои  модар, ватан, миллат, халқ, кишвар  бегона буда,  идеали асосии  онҳо хоҷагони хориҷии оныо мебошанд.

Имрўз мардуми сарбаланди мо дар ҳарафаи гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиастон қарор доранд, инҳо боз мехоҳанд бо ҳар восита дахолат намуда ҳавзои сиёсиро ноором созанд. Ба ин хотир ба тамоми мардуми сарбаланди кишвари азизамон муроҷиат карда мегўем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақил дар ҳарсаи байналмилалӣ обрў ва эътибори хоса дорад.

Фақат як чиз аст ба инҳо бовар накарда ба сўи оянда ҳаракат бояд намуд!!!

Саидраҳмонзода Н. устоди ДДХ

Log in

create an account