Мақолаҳо

Кабирӣ кист? Миллатфурӯш ё мазҳабфурӯш

Терроризм ва экстремизм яке аз кирдорҳои зидди давлату Ҳукумат мебошанд. Ва ба проблемаҳои глобалии ҷаҳон таалуқ доранд. Имрӯз тамоми ҷаҳонро ин масъалаҳо таҳлука андохтааст. Зеро тамоми ҷаҳон шоҳиди амалҳои террористӣ ва ғайри инсонӣ мегарданд, ки боиси талафоти ҷонӣ мегарданд.

Ифротгароӣ ҳам яке аз ҳамин амалҳои тундравӣ мебошад, ки дар шакли динӣ ва сиёсӣ ба вуҷуд меояд, ки мақсадашон тағйир додани сохти давлатӣ, бо роҳи зурӣ ғасб намудани ҳокимият ва бо ин мақсад халалдор намудани ҳокимия, халадор намудани якпорчагии давлат мебошад. Чи гуна амал набошад, ин боиси вайрон шудани озодии инсоният мегардад.

Мутаасифона чунин амалҳои ношоиста дар давлати мо ҳам дида мешавад. Чуноне, ки қайд кардем, мақсади асосии онҳо аз байн бурдани озодии халқ ва вайрон намудани давлат мебошад. Барои гирифтани пеши роҳи амалҳои террористӣ, ифротгароӣ роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар кӯшишу талошҳои зиёд мекунанд. Натиҷаи кӯшишу заҳматҳои роҳбарияти давлат аст, ки то имрӯз дар кишварамон сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ ҳукмфармост.

Вақти тамошои навори «Хиёнат» ба хулоса омадем, ки ин дар ҳақиқат бозгашт аз ҷаҳаннам, ҷаҳаннаме, ки оташи сӯзони ин на танҳо ҷисм, балки ҷаҳонро месузонад. Манзараҳои ваҳмангез, харобу валангор намудани манзилҳои зисти сокинон, моро ба андешае бурд, ки магар тоҷик қодир аст, ки ба чунин амалҳо даст занад. Зеро халқи тоҷик аз давраҳои қадим ба ягон халқ ва миллат бераҳмию бедогариро раво надида буд. Таърих гувоҳи он аст, ки тоҷикон фақат марзу буми худро аз бегонагон ҳимоят мекарданд.

Филми «Хиёнат» дар асоси факту далелҳои мушаххас доир ба амалҳои зиддӣ инсонии роҳбарону аъзоёнии ташкилоти террористӣ-эктсремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом, бахусус Муҳиддин Кабирӣ ва пайвандону тарафдоронаш оварда шудаанд. Ин тоифа дар ғурбат ба оворагардию чоплусии хоҷагони худ машғул буда, мехоҳанд ватани моро оғуштаи хун созанд. Дар чунин як вазъияти басо душвору мушкил, ки ҷаҳонро ноором сохтааст ва тамоми кишварҳои абарқудрат дар андешаи пешгирии ин амалҳо ҳастанд. Аъзоёну тарафодорони ташкилоти террористӣ экстремистии собиқ ҳизби наҳзати ислом кӯшиш мекунанд, фазои ороми Тоҷикистонро ноустувор гардонанд. Ин филм бори дигар собит сохт, ки ҳар як амали нопоки хоинони Ватан фош мегардад ва сазовори ҷазо мегарданд. Мутмаинем онҳо дар чоҳе, ки имрӯз кандаанд, пеш аз ҳама худи онҳо сарозер хоҳанд шуд, зеро беҳуда нагуфтаанд «Аз мукофоти амал ғофил машав».

Имрӯз ҳр қадар вазъияти ҷаҳон тағйир мейбад, аҳамияти сулҳи тоҷикон, ҳамон қадар аёнтар мегардад. Зеро Ватан - нангу номус аст. Ватан – эътиқоду эътимод аст. Ҳайфи инсонҳое, ки ба ин муқаддасот хиёнат мекунанд.

Мирзошоева Аслинисо омӯзгори МТМУ №2-и ш. Хоруғ

Log in

create an account