Мақолаҳо

Хиёнат хақиқати талх аст

"Хиёнат аз оила сар мешавад":- мегўяд як зани миёнсол,  ба ин кор пеш аз ҳама мардонихонаводагунаҳкоранд, зеро вақте ки мард, сардори хонадон ба аҳли оилааш хиёнат карда, домани зани дигарро мегирад ин ба рўҳияи фарзандон таъсири манфӣ расонда, дар тафаккурашон хусумату қасосгирӣ пайдо мешавад. Фарзандон, ки борҳо шоҳиди хиёнату ҷанҷоли хонаводагӣ мегарданд, аз маънои калимаи «хиёнат» огоҳӣ пайдо менамоянд. Пас аз ин фарзанд берун аз хонавода ба хиёнати дўстон ё шахси дилдодааш дучор мегардад ва боварии онҳо ба тамоми мардум кам мегардад.

Вақте ки ман филми «Хиёнат»-ротамошо кардам дилам аз одаму олам хунук шуд, -мегўяд як муаллим, зеро дар он на ягон шахси хориҷӣ, балки тоҷик ба тоҷик хиёнат кардааст, бародар бародарашро куштааст. Мо ҳамеша аз тамаддунофарӣ ва тамаддунсозии мардуми хеш фахр мекунем, вале пас аз тамошои ин филм то кадом дараҷа пасту манфур будани мардуми хешро бо чашмони худ дидем. Вақте ки як мусалмон ба хотири пулу мол, сарвату мансаб дасташро ба хуни ҳамдину ҳаммазҳабаш мезанад, мусалмонии халқи мо низ зери суолмемонад.

Ман-мегўяд як занидигар- пас аз тамошои ин филм ба чунин андеша омадам, ки боварии мо тоҷикон нисбат ба ҳамдигар торафт кам мешавад ва дар зеҳнамон гумоне пайдо мешавад, ки ҳар соату ҳар дақиқа дар байни тоҷикон хиёнаткор ва террорист пайдо мегардаду ба решаи ин халқ теша хоҳад зад.Ҷавонон, ки хуни ғафс доранду чунин филмҳоротамошо мекунанд, гоҳе ба ҷои мақоли «Адабро аз кӣ омўхтӣ?-аз беадабон», баръакс ба корҳои зишт даст мезананд.

Дар урфият мегўянд, ки «Ҳар сареву савдое» андешаҳо ҳам мисли тазодҳои ҳаёт гуногунанд.

Мудири кафедраи филологияи тоҷик Броимшоева М.

Log in

create an account