Мақолаҳо

Хиёнат дар хама давру замон нобахшиданист

Бояд қайд намуд, ки филми "Хиёнат" аз зумраи он филмҳое мебошад, ки таърихи халқи тоҷикро дар оинаи таърих баръало нишон медиҳад. Ин филм маҳз ҳамон давраи таърихи халқи тоҷикро рӯи навор меорад, ки дар ин даврон халқи мо рузҳои мудҳиш ва пурранҷу машаққатро аз сар мегузаронд. Ҳамаи он бедодгариҳо ва беинсофиҳое, ки бар сари халҳи тоҷик дар ин замон омада буданд, дар филми “Хиёнат” пурра ва ҳамаҷониба ошкора гуфта мешаванд. Муҳимтарин ва асоситарин ҷанбаи пурсамари филми мазкур он аст, ки дар он поягузорон ва ташкилкунандагони ин ваҳшонияти тарихӣ бо овардани факту далелҳои мӯътамад фош гардидаанд. Баъд аз тамошои ин филм тамошобин мефаҳмад, ки сабаби бадбахтии бар сари мардуми тоҷик омада дар таърих киҳо буданд ва киҳо боис гардиданд, ки мардуми муттаҳиди тоҷикро парешон созанд ва ба ғаму кулфат гирифтор намоянд. Филми мазкур чашми мардуми тоҷикро ба ҳақиқат кушода, онҳоро аз гузаштаи таърихашон бохабар месозад.

Падидаи номатлубе, ки бо номи терористӣ – экстремистӣ имрӯз дар миёни башарият зуҳур намудааст, аз ҳамон давра арзи вуҷуд намуда, барои бедодгариҳои замони ҷанги гражданӣ ба вуқӯъомада маншаъ гузоштааст. Маҳз намояндагони ин падида, ки он замон таҳти унвони ҳизби наҳзати ислом амал менамуданд, байни халқ таблиғот гузаронда, мардумро ба тарафи худ мекашиданд. Оҳиста-оҳиста ин намояндагон мақсаду ҳадафҳои ғаразноки худашонро ифшо сохта, бо қувваи бозу ва зулму шиканҷа ба тарафи худ кашидани мардум пардохтанд. Чун ба мақсади асосии худ ноил нагаштанд, ба  зулму шиканҷа додани мардум пардохтанд ва ин боиси байни мардум ба вуҷуд омадани низоъ ва бетартибиҳо гардид. Мардум ба гурӯҳҳо ҷудо гашта, бародар бо бародар ба ҷанги бародаркушӣ даст доданд. Иғвогарон аз ин истифода бурда, бо истифода аз ҳар гуна ваҳшониятҳо ва бедодгариҳо ба қатли мардум ва фарзандони фарзонаи миллат шурӯъ намуданд. Вале чуноне, ки гуфтаанд, зулму истибдод оқибат надорад ва хоҳ нохоҳ теша ба реша мехурад. Аз ин ҷост, ки хушбахтона мардуми тоҷик аз ин варта наҷот ёфтанд ва номи асосгузорон ва поягузорони ин бедодгариҳо барои мардум маълум гардид. Имрӯз ҳамаи мардум бар он мекӯшанд, ки ҷавононро аз шомил гаштан ба ҳар гуна падидаҳои номатлуби ҷомеъа, алахусус падидаи торрористӣ – экстремистӣ ҷилавгирӣ намуда, дар роҳи худогоҳӣ ва ватанпарварӣ тарбия намудани насли имрӯза камари ҳиммат бубанданд. Насли имрӯза бояд аз таъриху тамаддун, дин ва фарҳангу анъаноти миллии хеш бохабар буда, фирефтаи ҳар гуна фикру эътиқодҳои бардурӯғ нагарданд. 

Ассистенти кафедраи забонҳои шарқ Муборакшоева Малика

Log in

create an account