Мақолаҳо

Наҳзатиён ба ҷомеаи имрӯза хатар доранд

Дар системаи сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва раванди муносибатҳои мухталифи ҷомеа, мафҳуми идеология ё худ идеологияи сиёсӣ нақши ҳалкунанда дорад. Идеология ҳамчун омили ягонаи фикрии табақаҳои гуногуни ҷомеа шуда метавонад, ки асоси онро манфиатҳои гуруҳҳо, синфҳо ва дигар табақаҳои иҷтимоии ҷомеа ташкил менамоянд. Ҳамаи ин ҷараёнҳо бе шубҳа ба фаъолияти қисми муайяни ҳизбҳои сиёсӣ ва стуктураҳои давлат алоқаи зич доранд. Ҳар як ҷараёни идеологӣ дар двраҳои муайяни таърихӣ ба майдон оадааст, чунки вобаста ба вуҷуд омадани ҷараёнҳо идеяи мусбии одамон иникишоф ёфта, барои ифода кардани самтҳо ва мақсадҳои муайян равона шуда, манфиҳатҳои гуруҳҳои иҷтимоиро ҳимоя менамоянд..

Агар аз нуқтаи назари илмӣ ба мафҳуми идея назар афканем, он калимаи юнонӣ буда, маънояш шакли дарки ақлии реалияти объективӣ мебошад, ки мақсади он маърифати минбаъда ва навсозии олам аст. Пайдоиши нахустини он ба давраи атиқа рост мояд. Дар асриҳои миёна идея ҳамчун мисоли ашёҳо ё чизҳои ба руҳи илоҳӣ мансуб фаҳмида мешавад. Гуё, Худо чизҳоро  мувофқи идея ва шакли идеалии худ офаридааст. Идея ҳамчун маълумот дар бораи роҳи маърифати инсонӣ таҳқиқ шуда, маъалаи пайдоиши идеяҳо арзиши маърифатии онҳо, қиммати аз худ намудан  ва муносибаташон ба олами объективӣ ба миён гузошта шуд. Умуман мафҳуми идеология ин тавсифи функсионалии шуури ҷамъиятӣ буда, ҳастии ҷамъияӣ  ва манфиатҳою мавқеи ин ё он гурӯҳи иҷтимоӣ, синфҳо, умумиятҳои одамонро ифода мекунад.

Дар ҳаёти имрӯзаидеология дар шакли нисбатан мураккаб ва цайриидеологӣ фаъолият менамояд, ки дар дохили он ба таври пурра ҳадафҳои манфии синфҳо, гуруҳҳо, ё ташкилотҳо меистад.  Дар ҷомеаи муосири ҷаҳон аз ҷониби гуруҳҳои мухталиф идеология дар шакли  манфӣ баррасӣ гардида, ба тафаккури насли имрӯзаи ҷаҳон таъсири манфии худро мерасонад, ки ҷомеаи мо яъне, ҷомеаи Тоҷикистон низ аз он дар канор нест. Агар дақиқан ба итиллооти хабарӣ ва расонаҳо назар афканем, нисбати сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон идеологияи манфӣ ва царазнок  мавриди истифода қарор мегирад. Яъне аз ҷониби гуруҳҳои ифротӣ ва манфиатҷӯй дар расонаҳо идеология на дар шакли мусбат, балки дар шакли манфӣ, ки он ҳам бошад аз кибру цурур, нафрату адоват, амалӣ сохтани нақшаву фаъолияти шахсии хеш, таҳлили нодурусти сохтори идоракунии давлат, коштани тухми кинаву адоват миёни аҳолии кишвар ва цайраҳо мебошад. Ё ба маънои дигар аслиҳаи асосии ин гурӯҳҳои ифротгароӣ ин  идеология мебошад. Тавассути идеология ба мафкураи ҷавонон, ки ҳадафи асосии худ қарор доштаанд, таъсири манфӣ мерасонанд ва онҳоро ба муқобили сохти давлатдории ҷомеа равона месозанд. Фаъолияти чандинсолаи ин гуруҳҳо бараъло нишон дод, ки онҳо на цамхори миллату на цамхори мардум, на парвои пешрафту шукуфоии кишвар ва на орзуи сулҳу субботи кишвар мебошанд.Аз оцози фаъолияташон баръало маълум буд, ки дар тафаккуру зеҳнашон фақат як ҳадаф чарх мезад, он ҳам бошад ба даст овардани сарварӣ буд. Кӯшишу талошҳои пайвастаи онҳо ин хусусӣ гардонидани молу амволи давлатӣ, аз худкардани  заминҳои давлатӣ, кашида гирифтани заминҳои мардуми оммаи кишвар ва дар  охир ба коми ҷанг кашидани кишвар буд. Мушоҳида нишон медиҳанд, ки аз оцози фаъолияташон то ба имрӯз ягон бор аз хусуи ободонӣ, рушду тараққиёт, пешрафти ҳамаҷонибаи кишвар, сулҳу оромӣ, иттиҳоду миллатгароӣ сухан накардаанд ва ин чизро тамоман нодида мегиранд. Аён ҳаст ки имрӯзҳо боз дар расонаҳои интернетӣ сабтҳои царазноки худро пайваста бознашр карда истодаанд ва умед доранд, ки тавассути он ба мафкура ё идеологияи мардуми омма таъсири манфӣ расонанд. Метавон бо чандин далелҳои асоснок исбот намуд, ки ин гуруҳҳои муташаккили ҷиноиву ифротгаро ва ба ном ҳизби «Наҳзати исломӣ»  боз аз нав мехоҳанд, ки ҳодисаҳои соли 1992-юм такрор ёбад ва бад ин васила фаъолияташонро дар кишвар мустаҳкам намоянд. Мардуми кишвари азизамон Тоҷикистон имрӯз фиребу найрангҳои шумо барин бадномкунандаи дини мубини Исломро хуб медонанд ва мешиносад, ҳадафу орзуву омоли нопокатонро пурра мефҳманд ва ҳар руз тамошо менамоянд. Идеологияи царазноки шуморо ҳар дам аз расонаҳои итиллоотӣ пайхас менамоянд. Хуб медонанд ва мефаҳманд, ки барои шумоҳо барин мусаломонҳо мафҳумҳои  Ватан, миллату давлат, волидайн, хешу табор, ёру дустон, мардумони азизи кишвар барин мафҳумҳо ягон маъно ва арзише надоранд. Бинобар ин мо низ бо итмиони комил гуфта метавонем, ки мардуми Тоҷикистон имрӯз мардуми солҳои 90-уми асри гузашта нест, ки ба фикру андешаҳои разилонаи шумо бовар кунад ва фирефтаи ваъдаҳои бардурӯци шумо гардад. Баръакс мардуми кишвар имрӯз тан ба тан ва иттиҳодона намегузоранд, ки шумоҳо барин хоинони кишвар боз мардумро парокандаю сарсону саргардон намоед. Мадуми кишвар имрӯз сипари боъэтимоди ватан мебошанд ва намегузоранд, ки нохалафе, беватане ба кишварашон осебе расонад.

Хуҷаназаров Ҷ, муаллими калони

кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ

Log in

create an account