Мақолаҳо

Даст ҳар кӣ бар хиёнат мезанад...

Даст ҳар кӣ бар хиёнат мезанад,

Ӯ хиёнат бар амонат мезанад.

Хоҳ бошад ӯ сағир ё кикабир,

Хоҳ бошад ӯ фақир ё ки амир.

Бе ҳуқуқу зор бошад бе ватан,

Хор бошад, хор бошад бе ватан.

Инсоният дар ҳар давру замон, барои пешрафту тараққиёт, инкишофи ҷисмониву рўҳонӣ ниёз ба сулҳу субот ва осоиштагиву оромӣ дорад.

         Ваҳдати фикрониву амалӣ, яке аз арзишҳои бунёдие мебошанд, ки асоси  сарљҷмъӣ, бунёдкориву ободонӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ ва билохира ҳуқуқӣ башарият ба осоиши маънавӣ ба ҳисоб меравад.

Вақтеки калимаи хиёнатро мешунавем дар пешорӯямон оинаҳои тозаву пурҷилое мисли эътимод, боварӣ, вафо, аҳд ва дӯстиву рафоқат пора мешаванд ва ҷои онро девори нафрату кина мегирад. Аъзоёни ташкилоти террористӣ-экстремисти Ҳизби наҳзати Исломӣ аз шумули ҳамон афроде буданд, ки чанде пушти парда худро ватандӯст вонамуд карда, ватан, хоки муқаддаси онро саҳнаи театр дониста, мувофиқи қаҳрамонҳои бераҳмонатарини худ ба мисли ташкилоти террористӣ-экстремисти “Давлати Исломӣ” ва Содиров Ризвон мардумро фиреб дода аз ҳаёти осоиштаашон маҳрум сохтанд. Имрӯз низ онҳо бо ном тоҷик берун аз кишвар даст пешибар мекӯбанду аз ватану обод кардан, ҳифзи арзишҳо ва гиромидошти он сухан мегӯянд.

Ба назар чунон вонамуд мекунанд, ки гӯё ҷисмашон берун аз ва тану ҷонашон дар ватанаст, лаб ки вокунанд, аз ватан мегӯянду аз муқаддас будани он, ба минбар ки мебароянд, нидои ватандорӣ ва созандагӣ намуда, лекин дар қалбашон андешаҳои ғайриинсонӣ ва аҳриманӣ садо медиҳанд. Худро ба гунае нишон медиҳанд, ки агар ҳазорҷонҳам дошта бошанд, баҳри ватан нисор мекунанду ҳазор бори дигар баҳриҳифзи он зинда шудан мехоҳанд, аммо бехабар аз он ки хиёнат ба ватан ва ҳар кори ношоиста дар ҳақи он ҳатман рӯзе ошкор мешаваду назди миллату ватан шармсору хиҷолат зада ҷазояшонро мегиранд. Таърих исбот менамояд, ки дар ҳеҷ давру замон, ҷангу куштор роҳи ҳалли ягон масъаларо наёфтааст. Ягон силоҳбадаст ӯаҳрамон нагардидааст, набояд ба ҳар гуна ваъдаҳо ва гапҳо бовар кард, дар ин бора шоир Абдулқодири Бедил чӣ хуш хубе гуфтааст:

Бетамизиҳои мардум аз сухан пайдо шавад,

Пистаи бемағз гар лаб во кунад, расво шавад. 

Роҳбарон ва аъзоёни ҲНИ солҳо дар дохили ватан буданашон љҷю мақом, манзалат инчунин вазифаҳои гуногунро бар дўш доштанд, аммо барои ободию пешрафти ватан чӣ кореро ба сомон расонидаанд?  Саволи беҷавоб. Мутаасифона ин ҳизб дар фаъолияти 18 солаи худ факат ба корхои терористиву экстремистӣ машғул буд. Ғоратгарӣ, гаравгонӣ, таҷовуз ба номус, куштор ва муносибати номаҳрамона нисбати зан модар ин буд рафтори ахримании саркардагони Хизби наҳзати Исломӣ ва гурўҳҳои мутташаниҷ фаъоли ў.

Дар асл, ҳар гуна суханрониҳо, гоҳо бо оятҳои каломи раббониву ҳадисҳои набавӣ, гуфтаҳои бузургон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар иқтибосҳо оро дода мешаванд, аз беасосию бебунёдӣ, фиребу маҳзу туҳмати хушку холӣ будани матни чунин суханрониҳо шаҳодат медиҳад ва қадру қиммати онҳоро ба хоки сиёҳ баробар намекунад.

Як нуқтаи аз ҳама муҳим дар аъмоли эшон инааст, ки худро қабл аз ҳама ҳомии дин ва гироми дорандаи арзишҳои исломӣ медонанд. Агар худое накарда амалиин “ходимони дин” ба бехудое ошкор гарадад, ҳазорон нафрон ба дини муқаддаси ислом хоҳанд кард ва мекунанд.

Дини мубини Ислом пайравонашро ба Худопарастӣ, сулҳу ваҳдат ва ватандустӣ, дустиву рафоқат давъат менамояд, лекин қайд кардан зарур аст, ки Ҳизби наҳзати Ислом ягон робитае ба дини мубини ӣслом надорад, баръакс ҳамаи корҳояшон мухолифи фармудаҳои китоби муқаддаси мусулмон «Қуръон» буд.

Имрўзҳо низ Роҳбарияти Ҳизби Наҳзати Ислом Муҳиддини Кабирӣ айни ҳол дар хориҷи кишвар буда бо ҳаммаслаконаш ба Ватан-модар, ба ободии кишвари Тоҷикистонамон тариқи шабакаҳои иттилоотӣ ақидаҳои бардурўғеро интишор менамоянд. Ифротгароӣ, хиёнат ва бераҳмӣ хоси ягон дину мазҳаб нест. Дар ҳеҷ таърих на дину на ягон мазҳаб инсонро ба куштор раҳсипор накардааст, балки нишонаи дар сатҳи паст қарор доштани маънавиётро нишон медиҳад, аз ин лиҳоз набояд мо фирефтаи ин гуна шиорҳо ва ҳаракатҳо гардем.

Батаъбири устод Садриддин Айнӣ: “Ҳародаме, ки дуруст фикр мекунад, медонад, ки Ватан мо дари ӯст, Ватан хеш ва табори ӯст, Ватан шараф ва номуси ӯст, Ватан ҳама чизи ӯ ва ҳаёти ӯст! Ба ин сабаб ҳарф арзандаи одам, ки сифати инсонии худро гум накардааст,  Ватани худро мисли модари худ, ҳатто аз вай ҳам зиёдтар дӯст медорад, ӯ роҳимоя ва мудофа мекунад”.

Халқи тоҷик дар охири асри ХХ воқеъаҳои шадидро аз сар гузаронид ва шоҳиди ҳар гуна амалҳои ғайриинсониву беадолатӣ, саргардониву ғарибӣ, гуруснагиву бехонумӣ ва даҳҳо дигар азобу машақат гардид. Ин воқеаҳои шадид ба халқи тоҷик нишон ва исбот карданд, кӣ то чӣ дараҷа ваҳдат, сулҳу субот ва осоиштагӣ арзиши бебањоянд.

Пас сари ин масъала ба ҳар яки мо соҳибватан лозим аст, ки ба таври ҷиддӣ мулоҳиза намоем ва тақдири ояндаи миллати тоҷикамонро аз даст надиҳем.

Тоҷикистон ва тоҷикониён набояд дигар иҷозат диҳан, ки касе аз дохил ё берун сулҳу субот ва оромии кишварро халалдор намояд, мо набояд дигар бор шоҳид ва гирифтори он нохушиҳо ва хунхориҳои ин шахсони беватан гардем. Ягон кас ҳақ надорад аз он ҷумла ин гурўҳҳои ифротие, ки дар хориҷи кишвар амал  карда истодаанд, ба маънавиёти халқи тоҷик фишор оварда, миллати тоҷикро саргардон намоянд.

Дар ин давраи асосиҳаёти ҷамъиятӣ мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, шукрона кунем, ки ормонҳои ҳазорсолаи давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо талошу пайкор ва бурду бохтҳои бешумори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оқибат ҷомаи амал пӯшиданд ва мо миллати баору номуси тоҷик имрӯз соҳиби давлати мустақили миллии хеш ҳастем.

Халқи тоҷикро зарур аст, ки арзишҳо ва муносибатҳое, ки боиси ҳифз ва нигаҳдории сулҳу субот астанд, ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ доранд. Дар ин  мавзўъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  чунин мефармояд: «Мо бояд кўшиш намоем, ки бо амалҳои солеҳ, аз ҷумла бо инсондўстӣ, ҷавонмардӣ саховатпешагӣ ва ҳимматбаландӣ умр ба сар барем, кумаки худро ба дигарон дареғ надорем, аз дилозорӣ парҳез намоем, накукориро шиори зиндагӣ қарор дода, якҷоя барои рўзгори бо саодат талош намоем ва суннатҳои неки фарҳанги миллӣ ва урфу одатҳои писандидаи халқамонро бо сифатҳои боз ҳам баланди инсонӣ ба ояндагон ба мерос гузорем. Зеро инсонҳо танҳо бо кўмаки якдигар саодатманд шуда метавонанд. Агар мо рўзгори хешро бо инсондўстӣ, хайрхоҳӣ ва дилнавозӣ пеш барем, зиндагиамон боз ҳам беҳтар шуда, сатҳи маънавиёту фарҳанги аҳли ҷомеа баланд меравад ва ҳурмату эҳтиром нисбат ба падару модарон, ва миёни одамон боз ҳам устувор мегардад».

Мо хурду бузурги Тоҷикистон аз фарози қарни XXI бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки озодӣ ва истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарварии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони сарсупурдаи миллат навишта шудаанд. Имрӯз мардуми ҷумҳурии азизамон зери осмони соф дар фазои сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва рӯҳияи ободкориву созандагӣ зиндагонӣ мекунанд. Барои он афродони  ифротгарову террорист, ба оне, ки нону намаки ин сарзаминро хӯрда, кӯрнамакӣ карда нияташон халалдор кардани оромии кишвар буд ва ҳаст, ҳеҷ гоҳ гузашт намекунем ва нахоҳем кард.

Хиёнат ба Ватан гуноҳи нобахшиданист.

Орумбекова Гулдаста, директори китобхонаи вилоятии ВМКБ

Log in

create an account