Мақолаҳо

Аз ҳақиқат наметавон бигзашт

Дар фарозу поёнҳои таърихи чандҳазорсолаи миллати куҳанбунёди мо фарзандони фарзонае буданд ,ки барои  Ватану миллати худ ҳамеша ҷонфидоӣ намуда, нагузоштаанд, ки номи тоҷик ва Тоҷикистони имрӯза аз хотираҳои халқи дунё фаромӯшт ва ба вартаи нобудӣ расад, вале нохалафоне ҳам будаанд, ки барои молу сарвати андаки аҷнабиён рӯӣ ба бегонагон ниҳоданд ва дониставу нодониста бо ҷоҳталабиву мансабхоҳиву ҷоҳилии худ дар ҳар даврае Ватану миллати моро дар хатар гузоштаанд.

         Ба ҳар сурате номи фарзона фарзандони аслии миллати мо ба монанди Шераку Исмоили Сомонӣ,Темурмалику Восеъ, устод Садриддин Айниву Шириншоҳ Шоҳтемур,Нусратуллоҳ Махсум ва аломма Бобоҷон Ғафуров,Эмомалӣ Раҳмон ва чандини дигаронро дар сархати зарҳалини шуҷоатномаи торихи Ватани азизи мо бо ҳуруфи заррин навишт хоҳад шуд ва хиёнаткоронеро ба монанди Маҳмуди тиҷҷор(дар замони муқовимати Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик бар зидди муғулҳо),А.Раҳимбоев ва Ф.Хоҷаев(дар замони ташкилёбии ҶШСТ) ва хиёнкаткорони наҳзатиро дар замони баъди ба Истиқлолияти давлати расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси хойн  ном бурда хоҳад шуд.

         Ошикор гардидани хиёнатҳои  наҳзатиҳо дар филми мустаннади “Хиёнат” дар шабакаҳои телевизиони давлатии ҶТ як амр таърихӣ буда ва маълум буд,ки  ин хиёнатҳо хоҳ имрӯз ва  ё фардо бо мурурри замон ба ҳамагон  ҳатман фош мегардиданд.

         Ба тамоми қишри солимфикри башарият маълум аст,ки ягон давлати дунё бидуни пешбурди соҳаи таълиму тарбия ва маорифи худ ҳеч гоҳе ба пешрафту дастовардҳои миллии худ нойл нагардидаанд,аммо муллоҳои наҳзатӣ аз давраи майдон-нишиниҳояшон,ки ба нооромиву ҷангҳои таҳмилии шаҳрвандӣ дар мамлакат оварда расонданд, бо фатвоҳои пуччу бемаънояшон ба мардуми содда ва пайравони бесаводашон мегуфтанд,ки  “нони муаллим ва омӯзгоронро нахуред,ки ҳаром аст”.... Ин табақаи ҷоҳил ва дур аз динин мубини Ислом шояд пинҳон мекарданд,ки Паёмбари сулҳ ва  раҳмат ҳазрати Муҳаммад(с) ҳанӯз дар асри 7-уми милодӣ ба пайравонашон фармуда буданд,ки “Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯед” ва “Талаби илм барои ҳар марду зани мусалмон фарз,яъне ҳатмӣ ” аст ва илму маърифатро бузургтарин ҷидду ҷаҳд дар баробари ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеаи мусулмонон номида буданд.

          Хушбахтона бо мадади Худои бузург ба сари роҳбарияти олии мамлакати мо фарзанди фарзонаи миллати тоҷик роҳбари имрӯзаи мамлакат,Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат,Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омаданд ва чашми фитнаҳои бадхоҳони миллати мо кӯр гардида,мардуми шарифи Тоҷикистон боз ҳам давлату миллати худро аз варсаи нобудӣ раҳо намуданд.

         Дар филми мустаннади “Хиёнат” ҳақиқатҳои зиёде аз ноҷавонмардиҳои назҳатиёни собиқ ба таври мисол бо роҳи фиреб ба масҷиде дар ҳудуди ноҳияи Рашт овардани сарбозони тоҷики ротаи махсуси Вазорати мудофиаи ҶТ ва дар ҳудуди ноҳияи Нурободи имрӯза ба таври ваҳшиёна ба қатл расондани ин афсарону аскарони   тоҷикистонӣ бо супориши роҳбари ҳарбии наҳзатиҳо Ризвон Содиров намоиш дода шуд,ки ин ваҳшониятро ҳеч кас инкор карда наметавонад. Бояд гуфт,ки ин наворҳоро худи аъзоён ва тарафдорони ТЭҲН дар ин филми мустаннад эътироф менамуданд.

         Ҳақиқатро намешавад  инкор кард ва наметавон,ки аз кори ҳақ гузашт ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар давоми 29-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бузургтарин истиқлолияти милливу имонии худ расидаанд ва дигар муҳтоҷи наҳзатиёни хиёнаткор нестанд.Дар ин давра дар қаламрави мамлакати мо қариб ба чор ҳазор масҷидҳо сохта шуда,чандин ҳазор сокинони кишварамон ба зиёрати Байтуллоҳ хонаи Каъба мушарраф гардиданд.Тоҷикон ва тоҷикистониён аз тамоми ҳуқуқу озодиҳои худ пурра бархурдоранд,аммо аснодҳои ҳақиқии  филми мустаннади “Хиёнат”  як далеле мебошанд, ки насли ояндаи миллату Ватани мо аз хиёнату хиёнаткориҳои наҳзатиён дур бошанд.

Сомит

Log in

create an account