Мақолаҳо

БО НИЯТИ НЕК БА СЎИ ФАРДО

Бояд таъкид кард, ки ҳар як халқу миллат шахсиятҳое дорад, ки бо пайкари некашон дар таърих бо хати заррин абадан сабт мегарданд. Дар ҳифзи истиқлолияти сиёсии ин миллати бостонии тоҷик шахсиятҳои бузург, ба монанди Шераку Спитамен, Деваштиҷу Муқаннаъ, Исмоили Сомониву Восеи паҳлавон, Бобоҷон Ғафурову Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемуру Нусратулло Махсум ва ҳазорон фарзандони фарзонаи миллат ҷон бохтаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давомдиҳандаи кори накуи ин абармардон буда, бо рафтору кирдорҳои мардонагию садоқатмандӣ ва ҳисси баланди миллатдустиашон дар қалби ҷавонон ва насли имрўза тухми баланди меҳанпарастиро коштаанд.

 Ҷонфидоиҳои ин абармарди таърихиро мардуми сарбалани тоҷик ҳанўз аз солҳои аввали истиқлолияти  давлатӣ дар ёд доранд.  Ба ҳамагон маълум аст, ки баъди эълони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси як гурўҳи манфиатҷуёни дохилӣ ва берунӣ давлати навтаъсиси мо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд.  Ин ҷанг дар адабиётҳои илмӣ ва хосатан дар миёни мардум бо номи «Ҷанги бародаркуш» маъмул гардид. Чанг ҷони ҳазорон пиру чавон зану кудакро гирифт, ҳазорон хонаводаро вайрону валангор кард, ҳазорон шаҳрвандонро гуреза ва сабабгори бадбахтиҳо гардида буд. Дар ин лаҳзаҳои хеле асос барои халқи азияткашида нафаре лозим буд, ки бояд онҳоро наҷод диҳад. Шахсе аз миёни мардум баромад бо исми Эмомали Раҳмон. Ин абармарди таърихӣ барои мардум  бо шири модараш қасам хурд, ки «Ман ба Шумо сулҳ меорам!!!» ва ба ваъдаи додааш вафо намуд.   Акнун баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти мииллӣ дар Тоҷикистон митллати  куҳанбунёд бо сарварии Пешвои муаззами худ ба бунёдкориву созандагӣ пардохтанд.

Чаро, ки  дар баъзе мавридҳо одам аз ин бунёдкориҳо ва пешравиҳо дидан намуда дар ҳайрат мемонанд, ки бархе аз ёрону бародарони мо инро нодида гирифта боз мехохад мардумро оварову сарсон намоянд. Мо алабатта чандин маротиба дар бораи онҳо гап задему навиштем, шахсияти онҳоро ба забон овардан ба кас  дигар нофорам гардидааст. Аммо афсус! Мо дигар ба иғвогариҳои инҳо бовар надорем. Мароми мардуми тамаддунофари мо, ки зозандагиву бунёдкори мебошад бояд аз он ҳарф занем, ва ба халқи сулҳофарини тоҷик барои ин сари тазим фуруд меорем.

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки имсол ду маъракаи муҳими сиёсӣ дар саифаҳои таърихи миллатамон бо ҳарфҳои зарҳалин сабт гардиданд. Аввал интихоботи намояндагони мардумӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикиситон ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар ҳарду маъракаи муҳими сиёсӣ мардум бо нияти нек ба сўи фардо иштирок намуда маданияти баланди сиёсии худро нишон доданд.

Саидраҳмонов Н.

Log in

create an account